Home Articles Тағйири ном боз як ҳилаву найранг асту бас!

Тағйири ном боз як ҳилаву найранг асту бас!

Тағйири ном боз як ҳилаву найранг асту бас!
2018-09-21
4111

Ҳафтаи қаблӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Лаҳистон  шаҳри Варшава нишасти  анъанавии Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва дар ҳошияи он як қатор чорабиниҳои муҳими аслӣ ва канорӣ, инчунин вохӯриҳои дуҷонибаю бисёрҷониба баргузор гардиданд.

Дар ин нишасти САҲА намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон низ ширкат суханрониву ба суолҳои комиссия ҷавобҳои мушаххасу қонеъкунанда доданд. Мутаасифона намояндагони ин созмони байналмилалӣ ба кадом хотир бошад якчанд намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар Тоҷикистонро дар нишаст иҷоза доданд.  Аз он ҷумла намояндагони ТЭТ ҲНИ, ки фаъолияташ бо қарори Суди олии Тоҷикистон манъ ва ҳамчун ташкилоти террористӣ эълон гардидааст.

Хушбахтона намояндагони расмии Тоҷикистон тавонистанд ҷомеаи ҳуқуқи башарро аз ҳилаву найранг ва хиёнатҳои кардаи ин гурӯҳҳои иғвоангезу ифротӣ ошно гардонанд.

Чихеле ки аз расонаҳои иттилоотӣ хабар ёфтем, намояндагони расмии Тоҷикистон ба ин нишаст маълумотҳои дақиқро доир ба хиёнату кирдорҳои разилонаи ин гуруҳҳо пешниҳод намуданд ва комиссияи ҳуқуқи башар бо ин маълумотҳо ошноӣ пайдо намуданд. 

Муовини директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Рустам Азизӣ, ки дар ҳайати намояндагони расмии Тоҷикистон шомил буд, ба харбнигори «Ховар» чунин иттилоъ додааст: «Имрӯз вазъи намояндагони ТЭТ ҲНИ дар Аврупо чандон устувор нест, чунки ҷомеаи Аврупо оҳиста-оҳиста аз собиқаи таърихии ин ҳизби террористӣ-экстремистӣ  огоҳ шуда истодааст».

Номбурда дар идомаи суҳбат аз бори аввал огоҳ шудани бархе аз иштирокдорони нишасти анъанавии Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ёдовар шуда, гуфт: «Воқеан ҳам баъзе аз ҷонибҳо чунин далелҳоро бори аввал шуниданд ва гуфтанд, ки «мо огоҳ набудем — ин ҳизбе, ки худро ҳамчун ҷабрдида ба мо ҷилва медиҳад, чунин идеология доштааст».

Дарвоқеъ, намояндагони ин ташкилотҳои ифротӣ худро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ мусичаи бегуноҳ метарошанд ва бо ин восита аз ин созмонҳо маблағҳои ҳангуфт мегиранд, ки ин дар ниҳоди ин шайтонсифатон аз аввал ҷой дорад.

Чи хеле ки хабар дорем намояндагони ТЭТ ҲНИ дар замонҳои ҷангҳои шаҳрвандӣ низ аз хоҷагони хориҷиашон ба баҳонаи кумак ба гурезагон маблағҳои зиёд ба даст оварда буданд, лекин ягон маблағ барои беҳбудии аҳволи гурезагон сарф нагардида буд ва танҳо сардорони ин ҳизби террористӣ маблағҳои гирифтаашонро барои хариди яроқу аслиҳа ва тайёр намудани нафарони террорист сарф намуданду халос.

Имрӯз ин ташкилоти фитнаҷӯ боз мехоҳад, ки пӯстини худро иваз намуда, бо номгӯзории «Паймони миллии Тоҷикистон» бо номи дигар аммо ҳадафу нақшаҳои ғаразноки худ боз зери қаноти хоҷагони хориҷиаш оромӣ ва сулҳу суботи Тоҷикистони азизро халалдор созад.

Лекин имрӯз мардуми Тоҷикистони  азиз  аз ҳилаву найрангҳои Кабирӣ ва ҳаммаслакони хиёнаткораш  ба пуррагӣ огоҳ аст ва ҳеҷ вақт ба он суханони бофтаву сохта бовар нахоҳанд кард, чунки асли онҳо дасисаву иғвогарӣ мебошад.

Мо ходимони дин ин гуна иғвогарӣ ва дасисаҳоро маҳкум намуда, мардумро ба сӯи ободӣ, осоиштагӣ ва бунёдкорӣ роҳнамоӣ мекунем ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат менамоем, ки ин оромӣ ва сулҳу суботро мисли гавҳараки чашм ҳифз намуда, дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ гардида, барои шукуфоии кишвар ва поянда будани сулҳу амонии Тоҷикистони азиз саъю талош намоянд.

Абдулвоҳид Ҳомидов,

мутахассиси Раёсати фатво

Pray time in Dushanbe

20.04.2024

More
Fajr04:07
Zuhr12:40
Asr17:19
Maghrib19:17
Isha20:48
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More