Home Articles Андешаи як ходими дин

Андешаи як ходими дин

Андешаи як ходими дин
2018-10-03
2698

Аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ суханҳои пардадори баъзе ватанфурӯшони кӯрдил, ки пайваста аз ташаббусҳои созандаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқоди ноҷо карда, мардумро ба шӯр андохтанӣ мешаванд, ба нашр мерасанд.  Чунин матолиби дасисаангезро хонда ҳамчун як сокини одии Тоҷикистон бетараф будан мушкил аст.

Мехоҳам бо ин чанд сатри аз ғояти таассуф рӯйи коғаз омада, суоле аз ин “ватанхоҳон”-и дарунсиёҳ бипурсам, ки то кай аз номи мо –мардуми Тоҷикистон ҳарф мезанед? Кӣ ба шумо ин ҳақро додааст? Чаро ин қадар ҷон коҳонда, ба мои «гумроҳ» «фаҳмондан», ки дар Тоҷикистон «озодӣ нест»? Барои чӣ мехоҳед бо хӯрдагириҳои рӯбоҳонаву якравии харона диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба Тоҷикистон ҷалб созед? Охир аз кадом қонунвайронкунӣ ва кадом ихтилофоти қавмию мазҳабӣ сухан меравад, ки мо ҳудуди 20 сол аст, ки онро эҳсос намекунем?

Кӯрдилии шуморо медонистем, вале ин қадар устокорона ба кӯрӣ задани чашму ба карӣ андохтани гӯшро бояд қаллобону ватанфурӯшони дунё аз шумо омӯзанд. Охир эътироз ба чӣ доред? Оне, ки халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Пешвои худро бо шеъру суруд пешвоз гирифтанд? Охир дар куҷо дидаву шунидаед, ки мардум нафареро, ки мақсаду маромаш созандагист ва ҳар ташрифаш ба ин ё он шаҳру ноҳия маънои ифтитоҳи иншоотҳои гуногуни саноатӣ, фарҳангию маишӣ ва ғайраро дорад, бо тиру тӯфанг (чунон ки шумо мехостаед) пешвоз гиранд?

Вале бо ин ҳама бори дигар ёдовар мешавам, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сарвари давлат дар ноҳияи Ванҷ муассисаи таълимии №4 барои 1280 хонанда, биноҳои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Ванҷ ва Дарвозу Мурғоб, беморхонаи вилоятии касалиҳои рӯҳӣ дар ноҳияи Роштқалъа, бинои Раёсати маорифи ВМКБ, неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» бо иқтидори 1500 квт дар ноҳияи Мурғоб, корхонаи саноатии «Комбинати ғанигардонии маъдани нуқра», бинои маъмурии шуъбаи ҳифзи муҳити зист мавриди истифодаи умум қарор гирифта, барои бунёди ду бинои истиқоматии панҷошёна дар ноҳияи Роштқалъа ва бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ санги асос гузошта шуд.

Вале шумо, ки ҳар калима ва ҳар ҷумлаи аз забони Роҳбари давлат дар вохӯрӣ бо сокинони ВМКБ садододаро ин қадар бодиққат гӯшу тамошо карда, аз ҳар кадом барои худ «маъние» бардоштаед, магар  гӯшҳоятон парда гирифта буд, ки маълумоти корҳои созандагиро, ки як қисми онро дар боло овардем, нашунидед?

Мо ҳарчанд мардуми оддӣ ҳам бошем, эҳсос мекунем, ки ҳама он безобитагиву талвосаи шумо ба хотири он аст, ки мақомоти дахлдор чанд фарди ҷиноятпешаро, ки шумо онҳоро «пешвои ғайрирасмӣ» ном мебаред, пайгирӣ накунанд. Аҷобат дар он аст, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳони аз байн рафтани ҳамагуна муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аст, ғайри шумо, ки озод будани чанд ҷиноятпешаеро мехоҳед ва ҳатто онҳоро барои худатон «пешво» номидаед. Ҳатто ба хотири онҳо «эҳтимол»-и «сар задани ошӯбҳои бузург»-ро низ дар назар доред. Мо ки ғайри шумо ва тарафдоронатон касеро ба ҳайси ошӯбгар надидаем! Аз ҷониби дигар, ҳадисе ривоят шудааст аз Пайғамбари Ислом (с) ба ин мазмун, ки «Хамр модари гуноҳҳост». Дар сурате, ки хамрро модари гуноҳҳо ном бурдааст, магар ҷойи андеша нест, ки маводи мухаддир (ҳол он ки ин ҳам аз ҷумлаи маводи мадҳушкунанда аст) то кадом дараҷа метавонад бадтар аз хамр бошад ва инсонро ба иҷрои ҳама гуна амалҳои ношоиста раҳнамун созад? Пас, чаро ин афродеро, ки тухми бадӣ мекоранд, ин қадар ҷонфидоёна дифоъ мекунед? Кӣ медонад, шояд аз инҳо ҳам бароятон манфиатҳое мерасад!?

Бисёриҳо то имрӯз гуфтаанд ва мо низ мегӯем, ки ҳама ҳарфҳоятон ба ҷуз сафсатае беш нест. Мегӯянд ҳатто беинсофтарин ҷинояткор рақиби худро, ки дар доираи қоидаҳо амал мекунад, эҳтиром мегузорад ва бо ин амал ҳадди ақал инсонияти худро нигоҳ доштан мехоҳад. Шумо низ агар худро инсон мешуморед, баҳонаеро боқӣ гузоред, то замоне ҳадди ақал инсонатон шуморанд, ҳоло куҷо расад ба «рақиби сиёсӣ» ном бурдан.

М.Қаландаров,

имоми масҷиди панҷвақтаи деҳаи Зағертути ш. Левакант

Pray time in Dushanbe

20.04.2024

More
Fajr04:07
Zuhr12:40
Asr17:19
Maghrib19:17
Isha20:48
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More