Home Articles Наҳзатӣ чанд хел мешавад?

Наҳзатӣ чанд хел мешавад?

Наҳзатӣ чанд хел мешавад?
2018-10-09
3091

Тамоми созмонҳои террористӣ, аз ҷумла, ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ, ки фаъолияти он бо қарори Суди Олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, зимни фаъолияти худ ба таври фаровон усули пинҳонкориро истифода мебаранд. Сабаби истифода бурдани усули пинҳонкорӣ махфӣ нигоҳ доштани ҳадафҳои ниҳоии худ ва бадин восита, ба чашми аҳли ҷомеа хок пошидан аст. Барои он ки ҷомеа, аз ҷумла, қишри фаъоли он ин фандро эҳсос накунанд, роҳбарият ва созмондиҳандагони ташкилоти террористии ҲНИТ ҳанӯз аз оғози фаъолияти худ дар солҳои 70-уми асри гузашта се навъи узвият ба наҳзатро ҷорӣ карда буданд, ки ҳоло низ ин тартиб риоя карда мешавад. Як навъи аъзои наҳзатро онҳое ташкил медоданд, ки дар байни одамон баромад мекарданд ва ташвиқот мебурданд. Дар солҳои шӯравӣ ин гуна ашхос дар сохторҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ ба корҳои сабук ва ба чашм ноаён (чун посбонҳои насосҳои обкашӣ, анборхонаву гаражҳо) ба кор даромада, дар миёни деҳқонон, ки қисми бештари ҷомеаро ташкил медоданд, шабона пинҳонӣ таблиғоту ташвиқот мебурданд. Дар солҳое, ки наҳзат ҷиҳати иҷрои бандҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ иҷозати фаъолият гирифта буд, ин нақшро як гурӯҳ зиёиён, баъзе фаъолони ҷомеа, бархе аз журналистон ва дигар қишрҳои калаванда иҷро мекарданд, ки бо истифода аз озодии матбуот дар таърифу тавсифи наҳзатиён буданд.

Навъи дуюми аъзои наҳзатро онҳое ташкил медоданду медиҳанд, ки бевосита ба содир кардани ҷиноятҳои мудҳиш, чун қатлу террори шахсони шинохта, одамрабоӣ ва одамкушӣ, ғоратгарӣ ва роҳзанӣ ҳидоят ва раҳнамоӣ карда мешаванд ва онҳоро ҷанговари наҳзат ном мебурданд. Барои роҳбарияти наҳзати исломӣ муҳим набуду нест, ки одамкушӣ дар кадом ҳолат сурат мегирад, нисбат ба кӣ содир карда мешавад, бо дасти кӣ ва мусоидати киҳо амалӣ мешавад, шарт ҳамин буд, ки узви наҳзат будани ҷинояткор ҳатман пинҳон нигоҳ дошта шавад, зеро дар сурати ошкор шудан роҳбарияти ҲНИТ аз онҳо даст мекашад. Шарти дигар ин буд, ки ҳангоми содир шудани ҷинояти террористӣ номи тоҷику Тоҷикистон ба забон оварда шавад. Аз ҳама ҳайратовар ин аст, ки вақте дастгиршудагон ба забони худ изҳор мекарданду мекунанд, ки узви ҲНИТ ҳастанд, дар наҳзат буданд, бо супориши пинҳонии роҳбарияти наҳзат ҷиноятро содир карданд, баъзе аз аҳли ҷомеа ин суханҳоро нодида мегиранд, ба ин суханон, ки худи дастгиршудагон бо забони худ гуфтаву дигаронро аз хатари наҳзатиҳо огоҳ кардан мехоҳанд, бовар кардан намехоҳанд. Чаро? Чунки роҳбарияту фаъолони ТТЭ ҲНИТ расман изҳор мекунанд, ки мо чунин аъзо надорем. Яъне, осонакак, бе ягон мушкилӣ, бе азоби виҷдон, бе ягон гуна ҷавобгарӣ пеши Худову бандагонаш, он шахсони раҳгумзадаро ба боди фано ҳаво медиҳанд, аз баҳрашон мегузаранд: на мешиносему на медонем!…

Оид ба навъи сеюми узвият ба наҳзати қаблӣ ва ТТЭ ҲНИТ-и кунунӣ, инчунин ҷиноятҳои нобахшидании наҳзат нисбат ба миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон  дар се марҳалаи таърих: а) солҳои 90 – оғози истиқлолияти давлатии Тоҷикистон; б) солҳои ҷанги шаҳрвандӣ – давраи баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ; в) давраи муосир – бо қарори Суди Олии Тоҷикистон манъ шудани фаъолияти ҲНИТ ҳатман дар мақолаи навбатӣ иттилоъ дода мешавад, зеро вақтҳои охир оид ба ҷиноятҳои пинҳонии аъзо ва роҳбарияти ташкилоти террористию экстремистии ҲНИТ таваҷҷуҳи ҷомеа бештар аз пештар шудааст. Ба ибораи дигар, акнун дигар гуноҳу ҷурми наҳзатиҳо ба ҳама халқи ҷаҳон ошкор шудааст.

Ҳоло доир ба аъзо, сардори бахш ва пайраву ҳаводорони наҳзат, ки бо супориши роҳбарони ТТЭ ҲНИТ дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ иштирок кардаанд, маълумот пешниҳод мекунем. Тавре ки зикр карда шуд, барои роҳбарияти наҳзат фарқ надорад, ки ҷанг дар куҷо мегузарад, нисбат ба кӣ сурат мегирад, муҳим дар чунин муҳорибаҳо, ки зери номи ислом, бо шиори ҷиҳод сурат мегиранд, бояд аъзои ТТЭ ҲНИТ ширкат дошта бошанд ва бо дигар созмонҳои террористӣ робита барқарор намоянд. Мавриди ёдоварист, ки террористи араб бо номи Амир Хаттаб, ки дар Қафқоз ба қатл расонида шуд, бо даъвати ҲНИТ аввалин амалиёти ҷангии худро дар мавзеи Тавилдара гузаронида буд.

Аксари тоҷиконе, ки бо роҳнамоии ҲНИТ дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ иштирок кардаанд, кушта шудаанд ва бояд гуфт, ки кафорати хуни онҳо дар гардани роҳбарияти ТТЭ ҲНИТ мебошад.

Тоҷибоев Сайфиддин, 35-сола, зодаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, собиқ сардори бахши ТТЭ ҲНИТ дар ноҳияи Спитамен. Ҳамаи чорабиниҳои ин ҳизб дар ноҳияи Спитамен бо кўмаки С.Тоҷибоев гузаронда мешуданд. Ҳоло ба сафи ташкилоти террористии «Ҷабҳат ан-Нусра» шомил шуда, аз ҷониби роҳбарияти ин ташкилоти террористӣ амири гурӯҳи ҷамъияти «Ӯзбекон» таъйин гаштааст. Ӯ бо ҳар роҳу восита ҷавонони Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба сафи ташкилоти мазкур даъват карда, то ҳол дар ҷангҳои Сурия иштирок дорад. С.Тоҷибоев бародари худ Иброҳими Иномро низ ба сафи ин ташкилот даъват кардааст ва ӯ низ ҳоло дар Сурия  қарор дорад.

Мамадшехова Шоиста, 40-сола, зодаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, собиқ раиси бахши занони ТТЭ ҲНИТ дар ноҳияи Спитамен. Номбурда аз ҷониби аъзои ташкилоти террористии «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» Фаррух Шодмонов ба сафи ташкилоти мазкур ҷалб карда шуда, ҳамроҳи ду фарзандаш Ӯринов Ҷавоҳир, соли таваллудаш 1999 ва Ӯринов Бегзод, соли таваллудаш 2003 ба Вазиристони шимолии Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки як гурӯҳи аъзои ташкилоти мазкур (ҲИӮ) дар онҷо қарор дорад, рафтааст.

Шералиев Фаромуз Абдувалиевич, 43-сола, зодаи ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт, солҳои 1992 то 1994 дар мадрасаи шаҳри Душанбе таълим гирифтааст. Дар мадрасаи «Мутавасила»-и шаҳраки Шаҳидони ноҳияи Ашт ҳамчун муаллим кор карда, ҳамзамон соли 2004 ба сафи ТТЭ ҲНИТ шомил шудааст. Номбурда бо даъвати бародараш Шералиев Абдуманон Абдувалиевич, соли таваллудаш 1973 ба ҳизби мазкур шомил шудааст. Шералиев А. айни замон дар Украина қарор дошта, барои сомонаи ТТЭ ҲНИТ мақолаҳо менависад. Шералиев Фаромуз соли 2014 ба сафи ташкилоти террористии ба ном «Давлати исломӣ» шомил шуда, то соли 2016 дар сафи ин ташкилоти террористӣ меҷангад ва соли 2016 ба ҳалокат расидааст. Ҳамсар ва фарзандонаш то ҳоло дар Ироқ қарор дошта, бо Шералиев А. гуфтушунид ва робита доранд.

Ғайратов Муҳаммадҷон, 32-сола, зодаи шаҳри Кӯлоб, бо тахаллусҳои «Муҳаммад-таке», «Кабуд» ва «Абдусамад» шинохта мешавад. Узви ТТЭ ҲНИТ буда, соли 2010 бо кўмаки молиявии амакаш Ғайратов Абдусамад барои таҳсили динӣ ба шаҳри Зоҳидони Эрон фиристода мешавад. Бояд қайд намуд, ки амакаш собиқ сардори бахши ҳизби мазкур дар минтақаи Кӯлоб буд. Номбурда баъди каме таҳсил дар Ҷумҳурии Исломии Эрон барои идома додани он ба Покистон меравад. Сипас ба Сурия рафта, ба сафи ташкилоти террористии ДИИШ пайваста, то ҳол дар сафи ташкилоти мазкур ҷангида истодааст. Инчунин ӯ тавассути саҳифаҳои интернетӣ наворҳо паҳн карда, дигар ҷавонони тоҷикро ба «ҷиҳод» даъват менамояд.

Табаров Мирзоҷума, 30-сола, зодаи ноҳияи Нуробод, хатмкардаи мактаби миёнаи №20-и ҳамин ноҳия мебошад. Таълимоти диниро дар назди падараш Абдуалиев Иброҳим — собиқ сардори бахши ТТЭ ҲНИТ дар ноҳияи Нуробод гирифтааст. Бо ташаббуси падараш соли 2009 ба мадрасаи ба номи «Бадриддин Ҳасанӣ»-и шаҳри Димишқи Ҷумҳурии Арабии Сурия дохил шуда, то соли 2012 дар мадрасаи мазкур таҳсил мекунад. Табаров М.И. ҳангоми таҳсил дар Сурия ба иттиҳодияи ҷиноятии «Ҷайш-ал-ҳур» (Лашкари озод) шомил шуда, баъди баргаштан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таблиғи ақидаҳои ин иттиҳодияи ҷиноятиро ба роҳ мондааст. Соли 2017 бо ҷурми таблиғи иттиҳодияи ҷиноятии «Ҷайш-ал-ҳур» боздошт  ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.

Ризвонов Абдулвоҳид, 33-сола, зодаи шаҳри Роғун, собиқ аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИТ ба ҳисоб мерафт. Номбурда солҳои 2008-2010 дар мадрасаи «Таҷдид-ул-Қурой»-и шаҳри Зоҳидони Эрон таҳсил намудааст. Соли 2016 бо ҷурми пайравӣ, таблиғ ва узвияти ҷараёни салафия боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.

Исоев Умед, 33-сола, зодаи шаҳри Роғун, аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИТ. Номбурда солҳои 2008-2009 дар мадрасаи «Таҷдид ул-Қурой»-и шаҳри Зоҳидони Эрон таҳсил намудааст. Ӯ аъзои ташкилоти экстремистии салафия шуда, соли 2016 бинобар узвият ба ин ташкилот боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.

Тарҷумаи ҳоли ашхоси номбаршуда гувоҳи он аст, ки роҳбарият ва аъзои фаъоли ташкилоти террористию экстремистии ҲНИТ аз ҳамаи гурӯҳҳои ифротӣ пуштибонӣ мекунанд. Агар, аз як тараф ба шиагароии Ҳумайния пайравӣ кунанд, аз тарафи дигар ба ихвониҳои мисрӣ ҳамраъйӣ изҳор мекунанд. Инчунин ба гурӯҳҳои дигар, мисли салафия, таблиғия, гурӯҳҳои «Толибон», «Ҷабҳат ан-Нусра», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» низ пайваст мешаванд.

Ҳамаи шахсони дар боло зикршуда роҳбарони бахшҳо, аъзои фаъол ва писарону хешовандони аъзои ТТЭ ҲНИТ буданд. Танҳо як ҳолат сабаби ҳайрат аст, ки чаро дар набардҳои хунини ҷанг ягон нафаре аз фарзандону ҷиянҳои Кабирӣ иштирок намекунанд?! Саволест, ки ҷавобашро дар навиштаҳои минбаъда пешкаш мекунем.

Акрам САНГЗОДА

Pray time in Dushanbe

29.03.2024

More
Fajr04:43
Zuhr12:40
Asr16:56
Maghrib18:55
Isha20:25
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More