Home Articles Аз пушаймонӣ ба сӯи тавба

Аз пушаймонӣ ба сӯи тавба

Аз пушаймонӣ ба сӯи тавба
2018-10-16
2358

Ахиран аз тариқи сомонаҳои интернетӣ хабари вафоти Шейхов Муҳаммадсаид, нафари наздик ба хонаводаи муассиси ТЭТ ҲНИ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва узви ҳамин ташкилоти экстремистию террористӣ, ки ҳамагӣ 46 сол умр доштааст, нашр шуд.  Ҷасади номбурда дар шаҳри Дортмунти Олмон дур аз Ватан ба хок супурда шудааст.

Ӯ низ аз ҷумлаи ҷавононе буда, ки дар доми фиреби маккорони ТЭТ ҲНИ афтода, дар ғарибӣ дур аз Ватан зиндагӣ мекард. Агар барои чунин ҷавонони фиребхӯрда имкон мебуд, ки сухани охирини худро бигӯянд, ҳатман ба хатои худ иқрор шуда мегуфтанд, ки ҷасади моро ба Ватан баред. Зеро қадри ин неъмати бебаҳоро онҳое, ки аз Ватан дур мондаанд, хубтар медонанд.

Ватане, ки чун гузаштагони мо қадре аз он дур мешуданд, хоки онро бо худ мегирифтанд, то хоки онро атри кафани худ қарор диҳанд.

Бинобар ин, ба ҳамаи мардуми сарбаланди тоҷик, хусусан ба ҷавонон таъкид карда мегӯям, ки дигар ба найрангҳои маккорони ТЭТ ҲНИ ва ҳаммаслакони онҳо фирефта нашуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳед. Ва барои ҷавононе ки аз нофаҳмӣ ба доми фиреби ин гуна душманони миллат афтодаанд, гуфтаниам, ки ҳоло ҳам дер нашудааст, ки баргашта ба хатои худ иқрор шаванд. Яъне, аз пушаймонӣ ба сӯи тавба баргарданд. Зеро то имрӯз садҳо чунин ҷавонон бо супориши Пешвои миллат ба Ватан бозгардонда шуда ва дар оғӯши пурмеҳри Ватан зиндагӣ мекунанд.

Чуноне бузургон фармудаанд:

Чун хатое аз ту сар зад дар пушаймонӣ гурез,

Аз хато нодим нагардидан хатои дигар аст.

Дӯстмурод Меликов,

имомхатиби масҷиди ба номи Домулло-Шарифи шаҳри Ҳисор.

Pray time in Dushanbe

28.03.2024

More
Fajr04:44
Zuhr12:40
Asr16:55
Maghrib18:54
Isha20:24
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More