Home Articles “Ҳизби динӣ бидъате дар дин аст”

“Ҳизби динӣ бидъате дар дин аст”

“Ҳизби динӣ бидъате дар дин аст”
2018-10-25
2793

Дар як ҳафтаи охир дар ҷаҳони ислом ду конфронси бузурги байналмилалӣ баргузор гардид, ки Тоҷикистонро дар конфронсҳои мазкур Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода намояндагӣ мекарданд. Тибқи ахбори матбуот дар ҳошияи конфронсҳои мазкур дар баробари дигар масоили воридгардида дар барнома инчунин масъалаи ҳизбгароӣ аз дидгоҳ ислом муҳокима гардида, дар ин замина фатвои лозима содир шудааст. Вобаста ба ин мехоҳам чанд андешаи худро вобаста ба ҳизбгароӣ аз назари ислом баён созам.

Ҳизбгароӣ ва дар заминаи он роҳ додан ба низоъу тафриқа хоси талаботи шариати исломӣ набуда, балки аз ҷумлаи чизҳоест, ки Худованди мутаъол ва Расулаш аз он наҳй намудаву онро ҳаром кардаанд ва бо ин ҳол Худованди мутаъол ва Расулаш роҳи ҳақ ва наҷотро дар ҳангоми вуқуи ихтилоф ва тафриқа ва ҳизбгароӣ барои муслимин баён доштаанд.

Аслан ташкилу таъсиси ҳизбе бо номи ислом ва суиистифода аз ислом як бидъате дар дин буда, Ислом аз бунёдаш бо гурӯҳгароӣ ва ҳизбгароӣ мухолифати шадиде кардааст ва онро ҷузъи амали мушрикин баршумурдааст. Худованд мефармояд:

« .. وَلَا تَکُونُوا مِنَ الْمُشْرِکِینَ * مِنَ الَّذِینَ فَرَّقُوا دِینَهُمْ وَکَانُوا شِیَعًا کُلُّ حِزْبٍ بِمَا لَدَیْهِمْ فَرِحُونَ» (روم 31-32).

(Ва аз мушрикон набошед, ҳамон касоне, ки дини худро пароканда сохтанд ва ба дастаҳо ва гурӯҳҳо тақсим шуданд! Ва (аҷаб ин ки) ҳар ҳизбе ба ончи назди онҳост (дилбаста ва) хушҳоланд!).

« إِنَّ الَّذِینَ فَرَّقُواْ دِینَهُمْ وَکَانُواْ شِیَعًا لَّسْتَ مِنْهُمْ فِی شَیْءٍ إِنَّمَا أَمْرُهُمْ إِلَی اللّهِ ثُمَّ یُنَبِّئُهُم بِمَا کَانُواْ یَفْعَلُونَ» (انعام 159).

(Касоне, ки дини худро пароканда сохтанд ва ба дастаҳои гуногун тақсим шуданд, ту ҳеҷ гуна робитае бо онҳо надорӣ! Сару кори онҳо танҳо бо Худост; сипас Худо онҳоро аз он чи анҷом медоданд, бохабар мекунад).

«وَلَا تَکُونُوا کَالَّذِینَ تَفَرَّقُوا وَاخْتَلَفُوا مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَهُمُ الْبَیِّنَاتُ وَأُولَئِکَ لَهُمْ عَذَابٌ عَظِیمٌ»[ آل عمران 105]

(Чун касоне набошед, ки баъд аз он, ки оёти равшан барояшон омад мутафарриқ шуда ва ихтилоф карданд барои онҳо азоби бузурге мебошад).

«وَاعْتَصِمُوا بِحَبْلِ اللَّهِ جَمِیعًا وَلَا تَفَرَّقُوا»[  آل عمران 103]

(Ба ресмони Худованд чанг занед ва мутафарриқ нашавед).

Аҳзоб бисёр ва роҳҳояшон мутааддид аст. Дар ҳоле, ки роҳе, ки инсонро ба Худованди мутаъол васл мекунад, танҳо як роҳи воҳид аст. Боре Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар миёни асҳоб рӯи замин нишаста буданд, бар рӯи замин хати мустақиме кашид ва фармуд: «هَذَا سَبِیلُ اللَّهِ مُسْتَقِیمًا» Ин роҳи мустақими Худованд аст. (Ибни Моҷа ва Имом Аҳмад). Сипас аз росту чапи он шуруъ ба кашидани хатҳои кўтоҳе намуд, онгоҳ фармуд: «هَذِهِ السُّبُلُ وَلَیْسَ مِنْهَا سَبِیلٌ إِلَّا عَلَیْهِ شَیْطَانٌ یَدْعُو إِلَیْهِ» Инҳо низ роҳҳое ҳастанд бар ҳар кадом аз онҳо шайтоне қарор дорад, ки ба сӯяш фаро мехонад). Сипас ин ояро қироат фармуд:

«وَأَنَّ هَذَا صِرَاطِی مُسْتَقِیمًا فَاتَّبِعُوهُ وَلَا تَتَّبِعُوا السُّبُلَ فَتَفَرَّقَ بِکُمْ عَنْ سَبِیلِهِ» ‏ (انعام 153‏).

“Ин роҳи рости ман аст аз он пайравӣ кунед ва аз роҳҳо ва маноҳиҷ бипарҳезед, ки боис хоҳад шуд дучори тафриқа дар роҳаш шавед” (Сураи “Анъом”, ояти 153).

А. Ашурзод

Сархатиби масҷиди ҷомеи

марказии н. Ш. Шоҳин

Pray time in Dushanbe

19.04.2024

More
Fajr04:09
Zuhr12:40
Asr17:18
Maghrib19:16
Isha20:47
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More