Home Articles Мехоҳанд аз вазъи Бадахшон суиистифода кунанд

Мехоҳанд аз вазъи Бадахшон суиистифода кунанд

Мехоҳанд аз вазъи Бадахшон суиистифода кунанд
2018-10-30
2288

Дастуру супоришҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охири сафари кории худ ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ниҳодҳои дахлдори кишвар ҷиҳати барқарор намудани амнияти умумии минтақа додаанд, зарурӣ ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад. Зеро тибқи хабарҳои матбуот солҳои охир теъдоди ҷинояткорҳо, хусусан нигаҳдории ғайриқонунии яроқу аслиҳаи оташфишон ва харидуфурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳудуди вилояти мазкур бештар ба чашм мерасад. Ин нуктаро дар ҷаласаи ҷамъбастии кори ситоди таъмини амният ахиран роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар гузоришҳои худ иаъкид доштанд.

Албатта аз сабаби вуҷуди сарҳади тӯлонӣ миёни ВМКБ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки дар он нооромиҳои сиёсӣ идома доранд, ин омил  метавонад мушкилоти иловагӣ эҷод намояд. Аммо ҳоло дар тақдири мо чунин ҳамсоя будааст ва аз тақдир ҷои гурез нест. Пас агар вазъи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳоли худ гузошта шавад, нооромиҳои кишвари ҳамсоя вазъи иҷтимоӣ ва сиёсии моро халалдор карда метавонад. Бинобар ин, натанҳо бар ниҳодҳои қудратӣ, балки бар ҳама мардуми кишвар - бадахшониву хатлонӣ ва суғдиву раштӣ лозим аст, ки зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд ва ҷиҳати таъмини амнияти кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.

Маълум аст, ки чанд гурӯҳи манфиатҷӯе аз берун истода мехоҳанд аз вазъи феълии Бадахшон суиистифода кунанд. Аммо як нуктаро набояд фаромӯш кард, ки бадахшониҳои сарбаланд аз ин гуна гурӯҳҳо ва “дилсӯзиҳояшон” безоранд.

Беҳрӯз Сатторов, имомхатиби масҷиди ҷомеи марказии ш. Душанбе

Pray time in Dushanbe

25.04.2024

More
Fajr03:57
Zuhr12:40
Asr17:23
Maghrib19:22
Isha20:53
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More