Home Articles РОҒУН”-ОЯНДАСОЗИ ТОҶИКОН

РОҒУН”-ОЯНДАСОЗИ ТОҶИКОН

РОҒУН”-ОЯНДАСОЗИ ТОҶИКОН
2018-11-14
2125

               Тоҷикистонам чароғон  мешавад,

               Манбаи нури фаровон мешавад,

               Аз фурӯғи дидаи Роғуни мо,

               Ҳафт кишвар ахтаристон мешавад.

Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои ғании бузурги энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Ин имконияти бузурги энергетикӣ метавонад дар ояндаи наздик Тоҷикистонро нурафкан созад. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ чунин қайд намуда гузаштанд: “Роғун - манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамеша тобон табдил хоҳад дод”.  Таъкид бояд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соҳиби захираҳои зиёди обӣ аст, ки аз ин неъмати Худованд мебояд оқилонаю сарфакорона  истифода кард.

Имрӯзҳо мардуми кишвари мо асосан дар боби Роғун ҳарф мезананд, зеро ҳамагӣ чанд рӯзе то рӯзи таърихии баистифодадиҳии ин неругоҳи азим боқӣ мондааст. Роғун нангу номус ва ифтихори миллати мо аст. Роғун мо-мардуми тоҷикро сарбаланд ва бо давлатҳои ҳамсоя пайваст месозад.

Сохтмони Роғун яке аз бузургтарин иншооти давру замон ба шумор меравад. Ин нерӯгоҳ аз чанд тараф аҳамияти бузурги стратегӣ дорад. Аз нигоҳи иқтисодӣ дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ ба кор даромада, кишварамон дар иқтисодиёт ба комёбиҳои беназир  муваффақ мешавад. Аз нигоҳи сиёсӣ бошад, давлатамон дар байни давлатҳои мутараққӣ мавқеи худро пайдо мекунад. Албатта, бо бунёди ин нерӯгоҳ Тоҷикистон истиқлолияти энергетикиро ба даст меорад. Ин ҳама мақсади сарвари давлат ва  тоҷикони  кулли ҷаҳон буд, ки ба кор андохтани ин нерӯгоҳ роҳи ягонаи истиқлолияти энергетикӣ ба шумор мерафт. Бунёди ин иншоот барои ҳама гуна соҳаҳо фоидаовар мебошад. Зеро бидуни нерӯи барқ ягон соҳа пеш намеравад.

Имрӯз вақти он расидааст, ки мо тамоми мардуми Тоҷикистон якдилона ин иқдоми пешгирифтаи Сарварамонро дастгирӣ намоем. Итминони комил дорем, ки миллати соҳибмаърифати тоҷик ба ин кор қодир аст ва дар ин роҳ мо ҳатман пирӯз хоҳем шуд.

Қудрату шаҳомати нерӯгоҳи Роғун  аллакай дар хонаи дилҳо эҳсос мешавад ва хушбахтиву комёбии миллатамонро дар ояндаи наздик тасаввур менамоем.

Сохтмони нерӯгоҳи барқии обии Роғун, ки онро Пешвои миллат масъалаи ҳаёту мамоти Тоҷикистон номиданд, нишони ҳамбастагии миллии мо тоҷикон мебошад.

             Бар Роғуни мо нигар, ки ид омадааст,

             Аз шаш тарафи Ватан навид омадааст.

             Чун миллатро сарвари фархунда накӯст,

             Ҳамфикрӣ зи иттиҳод падид  омадааст.

Хулоса, иншооти Роғун ҳамчун нерӯгоҳи барқи обӣ  натанҳо барои миллати тоҷик нуру зиё, балки баракату фаровонӣ, якдигарфаҳмӣ, эҳтироми миллат ва ҳамбастагиро ато фармуд. Бо оғози ин иншооти бузург миллати тоҷик боз аз  соҳибтоҷӣ, бузургдилӣ, саховатмандӣ ва ҳунари волои ниёгони хеш ёдрас гардид. Ин кохи нур ба қалбҳои мо нур, сафо ва шодиву нишот мебахшад, зеро он аз иттиҳоди  бузурги миллати баору номус ва аз саҳми хурду бузурги ин сарзамини офтобӣ ба авҷ сар кашидааст.  

 Каримов И, Насриддинов Ҳ,

устодони Донишкадаи исломии Тоҷикитсон

Pray time in Dushanbe

28.03.2024

More
Fajr04:44
Zuhr12:40
Asr16:55
Maghrib18:54
Isha20:24
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More