Home Articles Пешвои мо - ифтихори мо

Пешвои мо - ифтихори мо

Пешвои мо - ифтихори мо
2018-11-14
4075

Боиси ифтихор аст, ки бо қадами неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мардуми мо шаҳди сулҳу салоҳ ва Истиқлолияти давлатиро чашида, обру ва нуфузи кишварро боз ҳам боло бардоштанд. Дар ин айём соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ рушд ёфтанд, мактабу маориф, илму маърифат мавқеи худро боз ҳам устувортар намуданд. Барои чунин хизматҳои шоёнашон, шаҳрвандони кишварамон ба Пешвои миллат маҳбубияти хосса доранд. 
Имрӯз арҷгузорӣ ба Президент ҳамчун Сарвари  сиёсӣ,  ташаббускори  созандаю бун-ёдкор ва қосиди сулҳ эҳтироми самимиест, ки шаҳрвандони кишварамон шукргузории худро дар ин рӯз ба Пешвои муаззам самимона изҳор менамоянд. 
Мардуми кишвари мо Рӯзи Президентро бо самимият ва ғурури баланди миллӣ ҳамчун рӯзи волоияти қонун ва демократияи ҳақиқии ҷомеа пешвоз гирифта, шакли идоракунии президентиро ба пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ вобаста медонанд.
Иқдомҳои нав ба нави созанда дар сиё-сати фарҳангии Сарвари давлат имрӯз мувофиқтарин сиёсат барои оромӣ ва пешрафти ҷомеа ба шумор меравад. Чунин амал аз хурдтарин муносибатҳову идҳои гуногун то нишасту конференсияҳои байналмилалӣ, қабули меҳмонҳои сатҳи баланд ва дигар чорабинию гуфтугӯҳои ҷаҳонӣ оғоз ёфта, обрӯй ва эътибори кишвари моро меафзояд.
Ин аст, ки дастовардҳои замони соҳиб-истиқлолии мо аз сулҳу ваҳдат сар карда то сохтмонҳои бузурги гидроэнергетикии аср, кушодани нақбу роҳҳои оҳану пулҳои бузургҳаҷм, корхонаҳои гуногуни саноатӣ, сохтмони мактабу иншооти фарҳангӣ дар беҳбудии кишварамон ҷойгоҳи махсус доранд.
 Ташаббусҳои Пешвои миллат вобаста ба оби ошомиданӣ, ки 4 маротиба аз минбари баланди СММ ба ҷаҳониён пешниҳод гардиданд, дастгирии ҳамаҷониба ёфтанд, ки ин ҳам ҳиссагузории кишвари мо дар беҳбудии вазъи пуртазоди ҷаҳон мебошад. Ҳамзамон, ташаббусҳо дар сатҳи баланд оид ба “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез “, ки моҳи майи соли равон дар пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе баргузор гардид, яке аз иқдомҳои бузурги байналмилалие буд, ки дар он зиёда аз яку ним ҳазор меҳмон, олимон ва пажӯҳишгарони кишварҳои ҷаҳон ширкат намуданд. 
Албатта, чунин иқдомҳои Пешвои миллат барои обрӯи Тоҷикистони азизамон муҳимияти махсус дошта, нисбат ба сиёсати хориҷии кишварамон назари мусбат пайдо менамояд.
Ташаббуси нави Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ яке аз бузургтарин иқдомот ба шумор меравад, ки барои аз нав эҳё ва бунёд намудани иншооти ҳаётан муҳим дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон хеле саривақтӣ мебошад.
Ба андешаи мо, ташаббуси нави Президенти кишвар як ислоҳоти муосири иҷтимоию иқтисодиест, ки барои беҳбудии рӯзгори мардум, тарзи ҳаёти солим ва пешрафти ноҳияву шаҳру деҳоти Тоҷикистон такони ҷиддӣ дода метавонад. Амалӣ намудани он дар кишварамон барои аз байн бурдани тафовутҳои ҷиддӣ байни шаҳру деҳот, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ, сарфакорӣ, беҳбудӣ ба занону кӯдакону пиронсолон дар таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ саҳм мегирад.
Барои пурзӯр намудани рафти иҷрои ин ташаббуси бузурги созандаи Сарвари давлат бояд инъикоси раванди иҷрои он тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва дигар васоити ахбори омма ба роҳ монда шавад. 
Ташаббус ва бузургтарин иқдоми замони соҳибистиқлолии кишвари мо, албатта, дар баробари сулҳу салоҳ ин сохтмони НБО - и Роғун мебошад, ки дар сатҳи байналмилалӣ барои эътибору нуфузи Тоҷикистон ҷойи хосса дорад. Заҳматҳои зиёд ва роҳбаладии Пешвои миллат барои ба кор даровардани агрегати якуми НБО -  Роғун низ аз он дастовардҳоест, ки дар таърихи тоҷикон бо номи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳарфҳои тиллоӣ ҳаккокӣ мегарданд. 
НБО - и Роғун рӯшноии кишвари соҳиб-истиқлол, натиҷаи заҳматҳои зиёди фарзандони бо ору номуси миллат ва эътирофи Ватани азизи мост. 
Бояд тазаккур дод, ки ташаббусҳои пай дар пайи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди кишвари азизамон на танҳо сифатҳои ифтихорию эҳтиромӣ, балки бузургии миллию азамати диёрро дошта, ҳамеша сармашқи иқдомҳои нави созандагӣ мебошанд ва фардо онҳо дар назди таърих мақому манзалати моро нигоҳ дошта, ҳамчун миллати тамаддунсозу мондагор муаррифӣ хоҳанд намуд. 
Рӯзи Президент иди бузурги миллӣ, рамзи озодию эътиқод, тантанаи волоияти қонун, рӯзи сипосгузорӣ ба хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки он боиси ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон аст.
Муҳаммад АБДУРАҲМОН, ноиби президенти АИ ҶТ, 
доктори илмҳои сиёсӣ, профессор

Pray time in Dushanbe

26.04.2024

More
Fajr03:55
Zuhr12:40
Asr17:24
Maghrib19:23
Isha20:54
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More