Home Articles ФОҶЕАСОЗИИ ТЭТ ҲНИ

ФОҶЕАСОЗИИ ТЭТ ҲНИ

ФОҶЕАСОЗИИ ТЭТ ҲНИ
2018-12-06
2399

Хиёнату террор  яке аз вижагиҳои меҳварии самти фаъолияти ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом ба ҳисоб рафта, самараи фаъолияти ташкилоти мазкур барои миллати номдору тоҷдори тоҷикон чӣ мусибатҳоеро ба бор наовард. Албатта, мардуми тоҷик он мусибатҳои ба сарашон омадаро фаромӯш накардаанд ва таърих низ он рӯзҳоро дар сафаҳоти китобаш то абад сабт кардааст.

Хиёнат ба Ватану миллату мазҳаб аз ҷониби ташкилоти ифротиро хурду бузург медонанд, махсусан, насли куҳансол, ки шоҳиди бевоситаи замони хунини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва гуреза шудани мардуми тоҷик мебошанд. Сокинони кишвар эътирофоти бунёдгузорони ташкилоти мазкур, монанди Мулло Абдурраҳим, Мавлавӣ Айёмиддин ва Эшони Қиёмиддини Ғозиро низ тавассути шабакаҳои телевизионӣ мушоҳида кардаанд.

Чун ҳамаи хиёнату разолати роҳбарони ТЭТ ҲНИ ба гӯши ҷомеаи ҷаҳонӣ расонида шуд ва ҳоло Аврупо ҳам аз нақшаҳои шуми онҳо воқиф шуда истодааст, наҳзатиён аз ночизтарин масъалаҳо “фоҷеа” сохта “бонги хатар” мезананд. Ахиран онҳо дар Олмон ҳадаф доранд, то бо баҳонаҳои гуногун гирдиҳамоӣ намоянд ва бо ин мақсад тоҷикони муқими Аврупоро ба ин гирдиҳамоиҳо даъват мекунанд. Айни ҳодисаҳои оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ. Он замон наҳзатиён аз хурд то бузурги миллатро бо баҳонаи “ҳимояи дин” ба майдонҳо хонда буданду ҳатто ба насли калонсол ҳушдор дода буданд, ки агар дар гирдиҳамоиҳои майдони “Шаҳидон” ҳозир нашаванд, занашон талоқ мешавад.  Аммо ҳоло наҳзатиҳо набояд як нуктаро фаромуш кунанд, ки насли имрӯз дигар насли дирӯз нест. Бовар дорам, ки ин тазоҳуроту гирдиҳамоиҳо мисли “ҳамоиш”-и қаблиашон дар Дортмунд анҷоми нокому шармандавор хоҳад дошт.

Маъруф Шонасурдинов,

мудири бахши таҳсилоти динии Кумита

Pray time in Dushanbe

19.04.2024

More
Fajr04:09
Zuhr12:40
Asr17:18
Maghrib19:16
Isha20:47
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More