Home Articles КАМОЛИ ОДАМӢ ДАР ИЛМ БОШАД

КАМОЛИ ОДАМӢ ДАР ИЛМ БОШАД

КАМОЛИ ОДАМӢ ДАР ИЛМ БОШАД
2019-01-12
11813

Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,

Қулфкушои ҳама дарҳост илм.

Бо ту пас аз илм чӣ гӯям сухун?

Илм чу ояд, ба ту гӯяд чӣ кун.

        Оре, илм бузургтарин маъво, асоситарин мафҳум ва маъхазест. ки ҳаёт бо он пайваста мебошад. Бе илм наметавон одам буд. Бе илм наметавон фарзанд тарбия кард ва дар қатори инсонҳои комил гаштугузор намуд. Шахсе, ки илм надорад, аз роҳи омӯзишу ақлу идрок бехабар аст, дарахти бесамареро мемонад, ки вуҷуд дорад, аммо нахлу умеди варо самар набувад. Шахси бофазл дар ҳамаи давру замонҳо соҳибиззат аст. Ӯро ҳамагон ҳамчун ҳидоятгар, пурдону маърифатомӯз иззату эҳтиром мекунанд. Албатта, ҳамаи ин нишонаҳои инсони комиланд, ки худ ба осонӣ ба кас муяссар намегарданд. Дар қатори мутолиа кардану омӯхтан, дониш андӯхтану ба дигарон тавсия кардани илму ҳунар инсони бофазлро мебояд, ки аз рӯи ҳамаи омӯхтаҳояш амал кунад, омӯхтаро дар ҳаёт мутобиқ кунанд, то натиҷаи заҳмати беандозааш самаре бубахшад:

Илме, ки дар он амал набошад,

Ҷуз арбадаву ҷадал набошад.

Илмат ба амал чу ёр гардад,

Қадри ту яке ҳазор гардад.

       Дуруст аст, ки дар зиндагӣ на ҳамаи инсонҳо бофазланд ва илм меомӯзанд, балки одамоне низ ҳастанд, ки илм меомӯзанду онро дар ҳаёти хеш амалӣ намекунанд. Бинобар ин бузургон гуфтаанд: «Олим шудан осон, вале одам шудан корест душвор».

       Инсони бофазл мекӯшад, ки ӯамеша намунаи ибрати дигарон бошад, дар гуфтор, рафтор ва кирдору фаъолият аз дигарон фарқият дошта бошад. Соҳибилмон азият намекашанд, зеро онҳоро ақлу хиради омӯхтаашон роҳбаладӣ мекунад, аз камию костӣ эмин медорад, аз бадиҳо дур мегардонад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад.

         Агар барои омӯхтани илму ҳунар накушӣ, мубориза набарӣ, ҳеч гоҳ наметавонӣ муроди дилро ба даст оварӣ, олиму тавонгар гардӣ. Ханӯз аз қадимулайём бузургон, донишмандон ва фозилони даҳр танҳо тавассути омӯзиш, мутолиаи фарҳанги ғании гузаштагонамон донишу маҳорати хешро сайқал дода, машҳур гардидаанд.

Агар хоҳӣ шудан бар сарварон сар,

Биомӯзу биандешу биофар.

         Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонист. Чунки инсон ба воситаи илм ба мартабаҳои баланд мерасад. Пешрафту тараққиёти ҷамъият низ ба илм вобастагӣ дорад. Дар Қуръони шариф низ зикр шудааст, ки ҳеч гоҳ олимону ҷоҳилон баробар нестанд, балки дараҷаи олимон болотар аст. Дар ҳадисҳои бузурги Пайғамбарамон низ ҳамаи умматон чи зану чи мард ба омӯхтани илм тарғиб карда мешаванд. Чунончи: «Талаби илм бар ҳамаи марду зани мусулмон фарз аст» ё «Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй».
Омӯхтани илм омухтани асрори чахони пурроз аст. Омӯхтани илм ҳамаи бадбахтиҳоро рафъ карда, зиндагиро таровату нур ва хушиву сурур мебахшад.

          Илм ба инсон имконият медиҳад, ки соҳибистеъдод гардад, хубу бади ҳаётро омӯзад, мулоҳизакор бошад, маърифати баландро соҳиб гардаду комилҳуқук бошад. Маҳз омӯзиши илму маърифат пойдевори бузурги ҳаёти каси соҳибмаърифат шуда метавонад.

          Омӯхтани илму маърифат мунаввар кардани фардои ҳаёт аст. Омӯхтани илм дар дил андӯхтани ҷамоли одамист, ки болидарӯиву фазлу камоли инсонро нишон медиҳад. Агар кас илму дониши омӯхтаашро дар ҳаёт амалӣ гардонад, ӯ касест бузургдил, ки ҳаётро омӯхтааст. Соҳибилм соҳибдавлат аст, сохибиззату сохибкамол ва намунаи ибрати ҳамагон аст. Аммо шахсе, ки аз илму дониш бохабар нест ва низ намекӯшад, ки соҳибилм бошад, худ оқибат аз кирдори ношоистаи худ пушаймон мегардад. Лекин умр барои инсон ҳамагӣ як бор дода мешаваду шахсе, ки онро пайи омӯхтани амали носавобе сарф мегардонад, хатои бузурге содир мекунад. Танҳо ва танҳо донишу илм бояд омӯхту амал намуд, то ҳаёт хубу бо номи нек гузарад.

 «Илм омӯхтан дар хурдӣ нақшест рӯи санг, ки ҳаргиз зудуда нагардад» гуфтаанд. Пас биёед дар талаби илм бикӯшем ва ҳамеша омӯзем, ки баракати илм дар омӯхтани он аст. Иззат ва шараф дар илм аст, ки аз тағйироти рӯзгор ва ивазшавии шабу рӯз фано ва завол напазирад.

Pray time in Dushanbe

29.03.2024

More
Fajr04:43
Zuhr12:40
Asr16:56
Maghrib18:55
Isha20:25
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More