Home Articles ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ДАР РОҲИ СОЗАНДАГӢ САҲМГУЗОР БОШЕМ!

ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ДАР РОҲИ СОЗАНДАГӢ САҲМГУЗОР БОШЕМ!

ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ДАР РОҲИ СОЗАНДАГӢ САҲМГУЗОР БОШЕМ!
2019-01-12
2175

Тибқи шариати исломӣ агар Худованд бар қавме раҳм кунад, барояшон раҳбари ғамхору мушфиқ насиб мекунад. Аз нияти хайру неки мо мардуми Тоҷикистон аст, ки раҳбаре чун Пешвои миллат нисибамон гаштааст. Тоҷикистони азиз қадамҳои устувор дар зинаҳои тиллоӣ мегузорад. Ҳар лаҳзааш дар сафҳаҳои таърих бо оби тиллоӣ навишта хоҳад шуд. Ҳамчунон ки дар Паёми имсола аз забони роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дод, соли 2018 бо рӯйдодҳои хоси таърихиш, аз ҷумла оғози фаъолияти НБО “Роғун” ва бад-ин васила гузоштани боз як қадами ҷиидӣ ба самти истиқлолияти энергетикӣ абадан дар ёдҳо боқӣ мемонад. Дар баробари ин, пешниҳоди Тоҷикистон дар робита ба даҳсолаи байналмилалии амал " Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” дар арсаи ҷаҳонӣ қабул гашт, ки боис ин мегардад, то миллионҳо нафари саёра дар заминаи таваҷҷуҳи созмонҳои байналмилал ва кишварҳои алоҳида бо оби нӯшокӣ дастрасӣ пайдо намоянд. Ин пешниҳоди чаҳоруми Тоҷикистон буд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид. Соли 2018 аз ҷониби Пешвои миллат “Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардида буд, ки ҳазорҳо марказу дуконҳо барои эҳё ва тарғиби ҳунарҳои мардумӣ бунёд гашт ва ҳазорҳо ҳамватанони мо соҳиби ҷойи кор шуданд. Инчунин ин омил шавқи эҳёву тарғиби ҳунарҳои мардумиро дубора дар қалби ҳунармандон эҳё намуданд ва дар роҳи баланд гаштани фарҳанги миллӣ ткони ҷиддӣ дод. Умед дорем ки соли 2019 низ дар китоби таърихи навини Тоҷикистон боз саҳифаҳои наву рангинеро хоҳад кушод. Чунки самтҳои боз ҳам муҳиме дар Паёми навбатии Пешвои миллат мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Аз ҳама хушовар он аст, ки солҳои 2019-2021 "Солҳои рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гашт, ки боиси обод ва пешрафти деҳот хоҳад шуд. Кишвари моро бештар деҳот ва куҳистон ташкил медиҳад, аз ин сабаб ин тасмим бисёр арзанда мебошад. Умед дорем, ки мардуми шарифи кишварамон бо дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар роҳи созандагӣ ва расидан ба ҳадафҳои минбаъда нақш ва ҳиссаи шаҳрвандии худро хоҳанд гузошт.

Бахтиёр Авазов,

имомхатиби масҷиди маҳаллаи Ҳаёти нави ноҳияи  Синои шаҳри Душанбе

Pray time in Dushanbe

24.04.2024

More
Fajr03:59
Zuhr12:40
Asr17:22
Maghrib19:21
Isha20:52
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More