Home Articles Навиди ҷавонон фирефтаи гурӯҳҳои хиёнатпеша нагарданд

Навиди ҷавонон фирефтаи гурӯҳҳои хиёнатпеша нагарданд

Навиди ҷавонон фирефтаи гурӯҳҳои хиёнатпеша нагарданд
2019-02-14
2222

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки вақтҳои охир дар ҷомеа ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва тафриқаангез ҳарчи бештар кӯшиш мекунанд, ки амалҳои номатлуб ва хиёнаткоронаи худро содир намуда, дар ин аъмоли зишти хеш ҷавонон ва шахсони ноогоҳро ҷалб намоянд. Аз табори чунин равияҳои ифротӣ ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом ба шумор меравад. Ҳамагон огаҳӣ дорем, ки ин ташкилоти ифротӣ мақсад ва ҳадафи ягона надошта, роҳбарони он таҳти роҳнамоии хоҷагонашон кору зиндагӣ мекунанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хурду бузурги кишвар аз оқибатҳои фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ хуб огаҳӣ дорем. Ҳеҷ гоҳ аз хотири мардум он рӯзгори сахту сангине, ки аз дасти наҳзатиҳо болои миллати азиз омад, фаромӯш намешавад. Мусибате, ки наҳзати исломӣ ба сари мардум овард, онро ҳеҷ кас намебахшад. Ятиммонии кӯдакон, бесаробон мондани модарон, гуреза шудани пиру ҷавон аз Тоҷикистон намунаи "қаҳрамониҳо"-и наҳзатиён аст.

Пӯшида нест, ки ин тоифа гумроҳон барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳои тахрибкоронаи хеш ниқоби дини мубини исломро ба бар намуда, мардумро рӯйрост ба гумроҳиву хиёнат ба давлату миллат ҳидоят мекарданд. Бо баробари онки фаъолияти ҳизби наҳзати ислом бинобар даст доштани роҳбарияташ ба ташкили ошӯби мусаллаҳонаи ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, имрӯзҳо роҳбари ин ташкилоти ифротӣ бо ҳар шеваи нав мехоҳад худро ба хоҷагонашон сафед ва пок нишон дода, ба бовариашон сазовор ва маблағи муфташонро ба даст оварад. Ин хоини миллату Ватан, ки акнун ниқоби демократро ба бар кардааст, бо таъсис додани гурӯҳе бо номи “Паймони миллӣ” ва ба гуфти худаш бо шеваи нав имрӯзҳо гӯё мубориза бар зидди сохти конститутсионии ҷумҳуриро ихтиёр кардааст. Аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет гӯиё ба мусоҳибаи ошкоро баромадани ӯ шаҳодат аз он медиҳад, ки дар ҳақиқат майдон ва доираи фаъолияти хоинони миллат танг гардида, ба ҷуз мусоҳибаи видеоӣ дигар роҳи хизмат ба хоҷагонашонро надоранд.

Ҷавонони саодатманди мо бо такя ба дастгирии давлату Ҳукумат ва ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳар гуна андеша ва ақидаҳои ифрогароёнаи хоинони миллат мисли роҳбари ТЭТ ҲНИ ва пайравони ӯ дода нашуда, баҳри ободониву созандагӣ дар кишвари маҳбубамон ҷаҳду талош намуда, Ватанро чун гавҳараки чашм ҳифз ва гиромӣ доранд. Зеро ба фармудаи Паёмбари акрам Муҳаммад (с) дӯст доштани Ватан аз нишонаи имондорист.

Маҳмадюсуф Қозиев,

имомхатиби масҷиди ҷомеи

ба номи Имоми Аъзами шаҳри Бӯстон

Pray time in Dushanbe

19.04.2024

More
Fajr04:09
Zuhr12:40
Asr17:18
Maghrib19:16
Isha20:47
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More