Home Articles ҶОЙГОҲИ ЗАН - МОДАР ДАР ҶОМЕА АЗ ДИДГОҲИ ИСЛОМ

ҶОЙГОҲИ ЗАН - МОДАР ДАР ҶОМЕА АЗ ДИДГОҲИ ИСЛОМ

ҶОЙГОҲИ ЗАН - МОДАР ДАР ҶОМЕА АЗ ДИДГОҲИ ИСЛОМ
2019-03-08
2904

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Дар олам дини дигареро ба ҷуз дини мубини Ислом ёфтан муҳол аст, ки ба масъалаи ҳуқуқи зан дар хонавода ва ҷомеа, таъмини баробарҳуқуқӣ ва имконоти баробарии ў бо мардон дар зиндагии иҷтимоӣ меъёрҳои хеле инсонпарварона ва айни замон мушаххас дошта бошад. Таълимоти ҳуқуқии исломӣ бо назардошти  ду принсипи муҳим – адолатнокиву инсонпарварӣ аз дигар таълимоту назариёти ҳуқуқӣ бартарӣ дорад ва ҳамин адолату башардўстӣ дар масъалаи зан низ бештару амиқтар ба мушоҳида мерасад.

Дар ибтидои пайдоиши ин дин таълимоти ҳуқуқии он низ арзи вуҷуд кард, ки ба илму дониш, мубориза бо таассубу хурофот, ҳақиқатпарвариву адолатпешагӣ ва гиромидошти инсон асос меёфт. Дар як муддати кутоҳ тамоми хулқу атвори бади инсонӣ ва мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва рўҳиву равонӣ аз самараи таълимоти адолат асоси ин дини мубораку покизаниҳод бартараф шуданд. Чунончи, расму одатҳои вазнину ғайриинсонии қавму қабоили араб – ҳамчун ашёву мол арзиш доштани зан, зинда ба гўр кардани духтарони навзод, маҳрумияти занон аз ҳуқуқи мерос ва ғайраҳо зуд бартараф карда шуданд. Ин як паҳлўи масъалаи мавриди назар аст, ки ба он дар поён хоҳем баргашт.

Чизи муҳим ҳамин аст, ки Қуръони азимушшаън ва аҳодиси Паёмбари гиромии Ислом (с) муҳимтарин сарчашмаҳои меъёрӣ барои танзими муносиботи аҳли ҷомеа ба шумор меоянд ва махсусан дар Қуръони карим он миқдор меъёрҳое нисбат ба ҷойгоҳи зан дар оилаву ҷомеа мавҷуданд, ки дар ягон китоби муқаддаси адёни дигар вуҷуд надоранд. Ягон паҳлуи ҳаёти хонаводагӣ ва билхосса, зан намондааст, ки онро ин ду маъхази бунёдӣ танзим намекарда бошад. Фаразан, никоҳ ва шарту шароити он, ҳуқуқи зану мард ва фарзандон дар оила, масъалаи идда, навъҳои талоқ, усулҳои устувор нигоҳ доштани оила ва ғайра. Қуръони карим (дар ояти 32-юми сураи «Нур») мефармояд: «… Бояд мардон бе зан ва занон бе шавҳар намонанд ва канизон ва бандагони худро ба никоҳи якдигар дароваред (то миёни муъминин мард бе зан ва зан бе шавҳар боқӣ намонад ва аз фақирӣ матарсед), агар мард ва зане фақиранд, Худо бо лутфи худ ононро бениёз ва мустағнӣ мегардонад».

Дар ин ояти муборак шарт будани никоҳ ва бунёди оила ҳукм шудааст, ки дар тамоми тамаддунҳои ҷаҳонӣ онро асли суботу пешрафти ҷомеаҳо мешуморанд. Дар ояти 23-юми сураи «Нисо» Худованд фармудааст: «Ҳаром шуд бар шумо издивоҷ бо модар ва духтар, хоҳар ва амма ва хола ва духтари бародар ва духтари хоҳар ва модарони разоъӣ ва  модари зан ва духтарони зан, ки дар домани шумо тарбият шудаанд».

Бо чунин меъёри олӣ дини мубини Ислом бартарӣ ва афзалияти ахлоқиву маънавии худро нисбат ба ҳама адёни дигар ба исбот расонид. ғайр аз ин, дини муқаддаси Ислом бо арҷи зиёд қоил шудан ба зан ва додани ҳуқуқи баробар барои ў таъкид мекунад, ки мард бояд сарпарасти зан бошад ва нафақаи зан ба уҳдаи мард аст. Мард ва падари комёб ҳамоне ҳаст, ки ба умури хонавода аҳаммият бидиҳад ва нахустин касе бошад, ки ранҷу сахтиҳои хонаводаро ба уҳда бигирад. Ба ҳар мард аз назари ислом лозим аст, ки нисбат ба зан муносибати нек ва солим дошта бошад. Дини мубини ислом ба зан ва тарбияи ў аҳаммият ва таваҷҷуҳи зиёдеро қоил аст. Масалан, дар ривояти Имом Муслим Паёмбари гиромии Ислом (с) самараи тарбия ва ба воя расонидани занро чунин иброз намуда ва ба ин амали хайр умматашро ташвиқ кардааст: «Касе ба сарпарастии духтарон мубтало гардад, ба онҳо эҳсон ва муомилаи нек намояд, байни ў ва оташи дўзах ҳиҷоб хохад буд».
Яъне аҷр ва савоби тарбия ва таълими ду духтар сарпарасти онҳоро дар биҳишт ба мақоми олӣ мерасонад. Яке аз ҳуқуқҳои асосии шаҳрвандии ҷомеаи муосир ҳуқуқи мерос аст. Қабл аз пайдоиши ислом занҳо аз мерос маҳрум буданд ва маҳз тавассути ин дини муборак зан ҳаққи ғасбшудаашро бозгардонда гирифт ва комилҳуқуқ гашт. Дар ояти 7-уми сураи «Нисо» чунин меъёре ҳаст: «Мардонро ҳисса аст аз он чи бигзоранд падару модар ва хешовандон ва занонро низ ҳисса аст аз он чи бигзоранд падару модар ва хешовандон, аз он чи кам бошад аз мол, ё бисёр бошад – ҳиссаи муқарраршуда».

ғайр аз ин, тавассути дини мубини Ислом зан аз ҳама ҷабру мазлумият наҷот ёфт. Аз таърих маълум аст, ки аҳли ҷоҳилият занҳоро ҷабран мисли молу матоъ мерос мебурданд. Ҳамин ки шавҳари зане вафот меёфт, яке аз меросбарони майит ҷомаеро бар болои зани ў меандохт ва мегуфт: «Инро ман мерос бурдам». Баъди ин он зан мисли дигар амволи майит аз они ў мегардид ва ҳаққи он мард бар болои зан аз нафси зан бештар мебуд. Ислом занро аз ин гуна ҷабру мазлумият наҷот дод ва ин амали қабеҳро ҳаром эълон кард. Аз ин нуқтаи назар Худованди таъоло дар ояти 19-уми сураи «Нисо» фармудааст: «Эй муъминон, ҳалол нест шуморо, ки мерос гиред занонро ба забардастӣ».

Яъне баъди вафоти шавҳари зан ба наздикони шавҳараш ҳалол нест, ки бидуни розигии зани майит ўро ҷабран ба никоҳи худ дароранд. Дар аҳди ҷоҳилият чун мард аз зан ҷудо мешуд, ҳаққи ўро ғасб менамуд ва манъ месохт. Чунончи, мард зани талоқкардаашро, то замоне ки тамоми маҳрро ба ў бознамегардонд, намегузошт ба шавҳар барояд. Падар ва бародари зан низ ба издивоҷи духтар ва хоҳараш монеъ мешуданд. Шавҳар занро бад медид ва бо ў муомилаи қабеҳ ва зишт мекард ва то агар зан фидя, яъне бадали маҳрро адо наменамуд, ўро талоқ намекард. Дини Ислом ин ҳама зулму ситамро аз байн бурд, чунонки дар ояти 19-уми сураи «Нисо» омадааст: «Ва манъ медоред эшонро аз никоҳ, то бозситонед чизе, ки додаед ба эшон, магар ки кунанд кори беҳаёии ошкоро». Ояти 232-юми сураи «Бақара» низ ба ин шаҳодат медиҳад: «(Пас) манъ макунед эшонро, ки никоҳ кунанд шавҳаронашонро, вақте ки розӣ бошанд дар байни худ ба ваҷҳи писандида».

Аз нигоҳи дини мубини Ислом зан, қабл аз ҳама, сутун ё худ пояи асосии маънавият ва тарбият, аз ин бештар мўнису ҳамдами мард ба шумор меравад.Худованди мутаъол дар каломи осмонии худ мефармояд: «Яке аз нишонаҳои азамат ва қудрати Худованд ин аст, ки аз ҷинси худатон ҳамсароне барои шумо офарид, то ки шумо дар канори онон ором гиред ва дар миёни шумо меҳру муҳаббат андохт». (Сураи Румояти 21).

Яъне ҳадаф аз офариниши зан ҳамин аст, ки ў барои шавҳараш василаи оромиш ва сукуни қалбӣ бошад ва ин оят гувоҳи он аст, ки миёни зану шавҳар меҳру муҳаббати хеле самимӣ бояд вуҷуд дошта бошад. Пайғамбари гиромии Ислом (с) дар ин маврид  фармудаанд: «Ман шуморо ба хуб будан бо занон тавсия ва насиҳат мекунам ва шумо ин гуфтаи маро бипазиред».

Аз ҳадиси мазкур бармеояд, ки зан аз назари ислом мақому манзалати баланд дорад ва бояд мардон ҳуқуқи занонро эътироф ва риоя намоянд. Худованд дар ҷои дигар мефармояд: «Занон барои шумо либос ҳастанд ва шумо барои занон либос ҳастед». Манзур аз ин ояти карима ин аст, ки байни зану шавҳар иртиботи қавие вуҷуд дорад ва ин раҳмати Парвардигор аст, ки дар байни зану шавҳар ин гуна иртиботи мустаҳкамро барқарор сохтааст, чунки бидуни ин робита онҳо ҳуқуқи якдигарро таъмин карда наметавонанд. Аз ҳамин ҷиҳат Худованд барои осонии таъмини ҳуқуқи зану шавҳар байни онҳо чунон пайванде барқарор намудааст, ки гўиё ҳарду ба монанди ду ҷисме ҳастанд дорои як рўҳ. Маълум мешавад, ки адои ин ҳуқуқ, бениҳоят зарур аст ва барои мардон лозим аст, то ин фармудаи Худовандро ба ҷо оваранд. Дар зер бархе аз ин ҳуқуқҳоро зикр мекунем:

  1. Ҳусни хулқ, яъне бо ахлоки некў ва писандида бо зан муомила кардан ва бо ў бархурди нек доштан.
  2. Нисбат ба азият ва озоре, ки аз зан ба ў мерасад, бо эътидоли муайян бардошт ва таҳаммул намудан.
  3. Эътидол ва миёнаравӣ дар ғайрат, ба гунае ки ба зан бадбин набошад ва аз ў ғофил ҳам набошад.
  4. Эътидол ва миёнаравӣ дар нафақа додан, ба гунае ки на исроф кунад ва на сахтгирӣ.
  5. Масоил ва аҳкоми диниро ба ў биёмўзонад ва аз корҳои ношоиста ўро боздорад.
  6. Ба андозаи кофӣ барои зиндагии ў макони зист фароҳам намояд.
  7. Ўро ба назди хешовандонаш, монанди падару модар ва бародару хоҳараш бибарад.

Ногуфта намонад, ки ҳуқуқи зан зиёд аст ва дар ин ҷо ба таври мухтасар чанде аз онҳо баён гардид. Аммо ҷойи таассуф аст, ки имрўз занон бо сабаби надонистани ҳуқуқи худ мубталои кирдорҳои нописандида мешаванд. Зан дар ҷомеа нақши бузург дорад ва солимии ҷомеа аз ў вобастагӣ дорад. Ҳамчунин мақоми ў дар шариат то ҷое баланд аст, ки яке аз сураҳои Қуръон «Нисо» (Занон) номгузорӣ шудааст ва Пайғамбар (с) ҷаннатро зери қадами модарон қарор додааст. Дар як масали ҳиндӣ омадааст, ки хона иборат аз сангу иморат нест, балки хонаи ҳақиқӣ зан мебошад. Донишманде гуфтааст: «Чизе дар дунё беҳтар аз зани фозила нест». Ҳамчунин дар ҳадисе Пайғамбар (с) мефармояд: «Эй мардум, Парвардигори шумо ягона аст ва падари шумо як кас аст, ҳамаи шумо аз Одам ҳастед ва Одам аз хок офарида шудааст». Агар ба гузаштаи миллати худ назар кунем, ҳамаи бузургон ва донишмандоне, ки имрўз номашон дар ҷаҳон машҳур аст, зери таъсири тарбияти модарони покдоманашон бузург шудаанд. Барои мисол метавонем исми шарифи бузургонеро, аз қабили Имоми Аъзам - Абуҳанифа, Абўалӣ ибни Сино, Абдулқодири Гелонӣ, Имом Бухорӣ ва даҳҳо нафарони дигарро ёдовар шавем, ки маҳсули умрашон самараи покдоманӣ ва иффати модаронашон будааст. Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар мавриди мақоми зан чунин сурудааст:

Аз умумат пухтатар таъмири мо,

Дар хати симои ў тақдири мо.

Ҳаст агар фарҳанги ту маънорасе,

Ҳарфи уммат нуктаҳо дорад басе.

Миллат аз такрими арҳом асту бас,

В-арна кори зиндагӣ хом асту бас.

Аз умумат гарм рафтори ҳаёт,

Аз умумат кашф асрори ҳаёт.

Чунонки дар боло зикр кардем, занон василаи оромиш барои шавҳаронашон ҳастанд. Дар ҳосил шудани ин оромиш барои зану шавҳар фоидаҳои бузурге вуҷуд дорад. Аввал ин ки аз ин амал зиндагии зану шавҳар бо лутфу муҳаббат мегузарад ва онҳо дар ғаму шодӣ ба ҳам шарик мешаванд. Муҳаббат ин аст, ки чун инсон дар хона бошад, хонаводаи худашро тавассути суханҳои нек хушҳол месозад ва ин амал, бидуни шак, равиши зиндагии бандагони баргузидаи Худованд аст. Дар натиҷа худашон низ осуда мешаванд ва зиндагӣ ба коми онҳо хуш мегузарад. Шайх Саъдии Шерозӣ низ ба ин маънӣ мефармояд:

Зани хубу фармонбари порсо, 

Кунад марди дарвешро подшо.

Қобили зикр аст, ки дар ҳеҷ давру замоне монанди асри ҳозир масъалаи зан матраҳ набуда ва дар бораи ў то ин андоза баҳси доманадор нашудааст. Албатта ҷойи тааҷҷуб нест, ки зан дорои чунин мақому манзалати волое мебошад ва ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ба зан ба сурати колои қобили хариду фурўш назар кунанд ё дар ҷомеа ҳаққи ўро нашиносанд, балки зан рукн ва пояи асосии хонаводаи инсонӣ ба шумор меравад. Дини мубини Ислом бо садои баланд эълон намуд, ки зан яке аз ду асл ва унсуре мебошад, ки инсоният аз онҳо ба вуҷуд омадааст. Худованд дар ояти 1-уми сураи «Нисо» мефармояд: «Эй мардум, аз Парвардигори худатон битарсед, ҳамон ки ҳамаи шуморо аз як нафс (Одам) офаридааст ва ҳамсараш (Ҳавво)-ро аз ҷинси ҳамон нафс ба вуҷуд овард ва аз ин ду (Одаму Ҳавво) мардону занони фаровон бар рўи замин пароканда шудаанд».

Дини мубини Ислом инчунин эълон намуд, ки зан дорои шахсият ва масъулияти мустақил мебошад, ки агар солеҳ ва дурусткор бошад, фасоду бадкирдории шавҳараш ба ў зараре намерасонад, ҳамон гуна ки агар зан фосид ва бадкирдор бошад, хайру салоҳ ва тақвои шавҳараш барои ў фоидае нахоҳад дошт. Ҳамон тавре ки кайд кардем, миллатҳои пешин занро таҳқир мекарданд ва ўро шоистаи он намедиданд, ки дар фаъолияти иҷтимоӣ бо мардон шарик бошад. Дар ҳоле ки дини мубини Ислом собит намуд, ки зану мард дар фаъолияти иҷтимоӣ мусовӣ ва баробарҳуқуқ ҳастанд. Худованд дар ин маврид мефармояд: «Мардону занони муъмин бархе дўстон ва ёрони бархе дигаранд, ҳамдигарро ба кори нек даъват мекунанд ва аз кори бад бозмедоранд, намозро барпо медоранд ва закотро мепардозанд ва ба Худо ва Пайғамбараш итоат мекунанд, онон касонеанд, ки Худованд ба зуди онҳоро машмули раҳмати худ мегардонад, зеро Худованд тавоно ва ҳаким аст».

Ин оят дустӣ ва ҳамкории занону мардони муъминро собит менамояд, зеро маънои дустӣ иборат аз таовун ва ҳамкории бархе аз онон бо бархе дигар дар корҳои хайру савоб мебошад. Ҳамчунин ин оят ҳаққи даъват ба кори нек, боздорӣ аз кори бад ва иқдом ба корҳои хайрро барои занон нишон медиҳад ва беҳтарин далел аст, ки дини мубини Ислом ба занон иҷозат додааст, то дар фаъолияти иҷтимоӣ ширкат намоянд. Пайғамбар (с) мефармояд: «Набояд марди муъмин нисбат ба зани муъмин бадбин бошад, агар ягон хислати ўро зишт шуморад, шояд хислати дигараш писандида бошад». Дар ҳадиси дигар омадааст: «Комилтарин муъмин касе аст, ки хулқи неку дошта бошад ва беҳтарини шумо ҳамон шахсест, ки бо ҳамсараш рафтор ва муносибати хуб мекунад». Аз ин ҳадис маълум мегардад, ки рафтору муомилаи наку бо ҳамсар аз рукнҳои асосии ахлоқи неки инсонӣ будааст.

Замонҳои бисёр тўлонӣ сипарӣ шудааст, бидуни ин ки мақоми воқеии зан дар ҷомеа шинохта шавад ва аксари миллатҳо гумон мекарданд, ки издивоҷ маънои ба ғуломӣ гирифтани занро барои мард дорад. Аммо Қуръони карим зану мардро дар ҳуқуқи заношўӣ дар як сатҳи мусовӣ ва баробар қарор дода ва сарварии хонаводаро ба ўҳдаи мард вогузор намудааст. Қуръон дар ин маврид мефармояд: «Барои ҳамсарон ҳуқуқ ва воҷиботе аст, ки бояд шавҳарон онҳоро адо кунанд, ҳамон гуна ки бар ҳамсарон ҳуқуқ ва воҷиботест, ки бояд барои ҳамсаронашон адо намоянд, ба гунае ки шоиста бо урфи саҳеҳ ва муқаррароти ислом бошад ва мардон дар риояти умури хонаводагӣ бар занон бартарӣ доранд». (Бақара, 228).

Ин ояти қуръонӣ бо сабки мухтасаре, ки дорад, меъёре барои мард таъйин мекунад, то дар тамоми ҳолатҳо бар асоси он бо ҳамсараш рафтор намояд ва ҳар гоҳ бихоҳад, ки бо ҳамсараш рафтор намояд, бояд бидонад, ки ба андозаи он барои ў дар баробари ҳамсараш масъулият ба вуҷуд меояд. Ба ҳеҷ ваҷҳ одилона нест, ки яке аз зану шавҳар ба таври ноҳақ бар дигаре ҳукмфармо бошад ва ўро ба унвони ғуломи залил барои манфиатҳои худаш истифода барад. Махсусан вақте ки зану мард зиндагии муштараки заношўиро ташкил мекунанд, давраи ҷадидеро шурўъ менамоянд ва идома додани он бояд ба таври шарофатмандона ва бо риоя намудани ҳуқуқи якдигар бошад. Аз тарафи дигар, зиндагии заношуӣ ва хонаводагӣ як зиндагии муштарак ва иҷтимоӣ аст ва ин бидуни шак, барои сарпарасти хонавода будани мард сазовортар аст. Дар ин маврид дини мубини Ислом шавҳаронро ба рафтори неку ва хуб бо ҳамсаронашон ташвиқу тарғиб менамояд, чунончи Қуръони карим  дастур медиҳад: «Бо ҳамсаронатон бо шеваи хуб ва неку рафтор кунед».

Дар маҷмўъ, дини мубини Ислом ва хоссатан мазҳаби ҳанафӣ нисбат ба ҳуқуқи зан дар хонавода ва ҷомеа меъёрҳо ва арзишҳое дорад, ки ба тамаддуни олии умумибашарӣ мувофиқати комил мекунанд. Ин меъёру арзишҳо бо арзишу манфиатҳои давлати миллӣ, махсусан дар шароити имрўзии Тоҷикистон пурра созгоранд. 

Саидмукаррам Абдуқодирзода,

Раиси Маркази исломии

Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Pray time in Dushanbe

17.04.2024

More
Fajr04:12
Zuhr12:40
Asr17:16
Maghrib19:14
Isha20:45
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More