Home Articles Фазилати рӯзаи моҳи рамазон ва манфиатҳои он

Фазилати рӯзаи моҳи рамазон ва манфиатҳои он

Фазилати рӯзаи моҳи рамазон ва манфиатҳои он
2019-05-25
406

Сад шукри Худо аз нав моҳи Рамазон омад,

 Хушнудиву пирӯзӣ бар пиру ҷавон омад.

Дилҳо зи фараҳ саршор, к-омад моҳи истиғфор,

Озодӣ зи сӯзи мор, бар пиру ҷавон омад.

Ин моҳи сафо бошад, ҳам моҳи дуо бошад

Олам ҳама нурафшон чун моҳи ҷаҳон омад.

 

            Рӯзаро дар забони арабӣ «савм» мегӯянд, ки дар луғат ба маънои бозистодан ва худдорӣ намудан (бозистодан аз хӯрдану нӯшидан) мебошад. Вожаи «савм» дар ояти 26-уми сураи «Марям» ба маънои худдорӣ аз сухан гуфтан омадааст: «… (Эй Марям) пас, агар аз одамиён касеро бубинӣ, бигӯ: «Ба дурустӣ, ки ман барои (Худои) Раҳмон рӯзаро назр кардаам, пас имрӯз бо ҳеҷ одамӣ сухан нахоҳам гуфт».  Аммо дар истилоҳи шаръ «савм» (рӯза) ба маънои рӯзона аз дамидани субҳи содиқто фурӯ рафтани офтоб аз хӯрдану нӯшидан ва ҳамбистарӣ худдорӣ намудан, яъне амалан аз хостаҳои шикаму фарҷ ва ҳар чизи махсуси дигаре, ки ба шикам ворид мегардад, дар он муддати муайян худдорӣ намудан аст. Калимаи Рамазон аз решаи «рамз» ( )ﺭﻣﺾ гирифта шуда, ба маънои тафсондан ва ё тафсидан ва гудохта шудан дар зери ҳарорат ва гармии офтоб мебошад.53 Албатта, робитаи дақиқе дар миёни моҳияти истилоҳии моҳи Рамазон ва маънои луғавии он ба чашм мехӯрад. Ин моҳ ҷисми инсонро дар кураи фаризаи илоҳӣ ва коргоҳи рӯза амалан мегудозад ва ҷавҳари шахсият ва одамияти ӯро аз тамоми олудагиҳо пок месозад. Рӯзаи бо рӯҳу маъно, ки бо алангаҳои гуруснагиву ташнагӣ ҳамроҳ мебошад, нафси инсонро аз тафтаҳои нафсонӣ пок мегардонад. Ҳамин аст, ки Худованд ду сӯзиш ва ду ҳароратро бо ҳам ҷамъ намесозад. Сӯзиши гуруснагиву ташнагӣ дар моҳи Рамазон ва сӯзиши дар оташи дӯзах. Вақте вуҷуди шахси рӯзадор дар коргоҳи моҳи Рамазон гудохта мешавад ва аз тамоми палидиҳо пок мегардад, дигар ҳоҷате ба гудохтани дубораи ӯ дар оташи дӯзах боқӣ намемонад. Оташи дӯзах одамонеро месӯзад ва дар худ мегудозад, ки дар дунё худро бо барномаҳои инсонсози ойини ислом, аз ҷумла, бо ин василаи муассири илоҳӣ пок насохта бошанд. Аз Абӯҳурайра (раз.) ҳадисе ривоят шудааст, ки Пайғамбари акрам (с) рӯзаи моҳи шарифи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номидааст: «Рӯза сипаре аст. Пас касе аз шумо рӯзадор бошад, фисқу беҳудагӣ наварзад ва ба ҷаҳолат роҳ надиҳад. Агар касе ҳам бо ӯ ситеза (ҷанг) намояд ва ё ӯро дашном диҳад, ду бор бигӯяд: Ман рӯзадор ҳастам…» («Саҳеҳ»-и Бухорӣ, 1903, 6057; «Сунан»-и Абӯдовуд, 2362; «Сунан»-и Тирмизӣ, 707; «Сунан»-и Ибни Моҷа, 1689).

Рамазон моҳи нузули Қуръон, моҳи кушода шудани дарҳои раҳмату баракоти Худованд, кушода шудани дарҳои ҷаннат, баста шудани дарҳои дӯзах ва занҷирбанд шудани иблиси лаъин аст.            Ҳар бандаи муъминро зарур аст ба истиқболи ин моҳи мубораки Рамазон пешакӣ тайёриву омодагӣ бубинад. Ҳамчуноне, ки одамон барои истиқболи ҷашнҳои бузург омодагии ҳаматарафа мебинанд, барои ҳар бандаи муъмин бузургтар аз ин меҳмони Худованд - моҳи Рамазон, чизи дигаре нест. Аз ин рӯ, тайёрии ҳамаҷониба дидан ба ин моҳи муборак фазилатҳои хешро дорад.

            Рӯзаи моҳи Рамазон бар асоси ҳадиси «Ислом бар панҷ чиз бино ёфтааст…» пас аз намоз ва закот чаҳорумин рукни дини мубини ислом ба шумор рафта, он тоати бериё ва беолоиши Парвардигор ба шумор меравад. Ва фарзияти ӯ ба ин ояти карима «Эй касоне, ки имон овардаед, бар шумо рӯза доштан лозим карда шуд, чунон ки бар касоне лозим карда шуд, ки пеш аз шумо буданд, то бошад ки парҳезгорӣ кунед!» (сураи «Бақара», ояти 183) собит шудааст. Дар оят хабар дода шудааст, ки ин фармони илоҳӣ бар умматҳои башари аз замони ҳазрати Одам (алайҳи-с-салом) то Хотамул анбиё Муҳаммад (с), хоҳ рӯзҳои ба шумор барои уммати пешин ва ё моҳи Рамазон барои умматҳои Хотаму-н-набийн, фарз карда шудааст. Оре, таърих нишондиҳандаи ин воқеият аст, ки рӯза дар миёни тамоми миллатҳо машрӯъ будааст. Чуноне дар миёни мисриёни қадим, румиҳо, юнониҳо, ҳиндуён ва низ дар Таврот рӯзадорон мавриди ситоиш қарор гирифтаанд. Ва нақли саҳеҳ аст, ки Мӯсо (а) 40 рӯз рӯза гирифт, агарчи яҳудиёни асрҳои охир як ҳафта рӯза мегиранд. Инчунин, инҷилиҳои кунунӣ рӯзаро мавриди ситоиш қарор дода, онро ибодат мешуморанд. Пайравонашон ба ин ибодати тариқи рӯзадорӣ эҳтироми хосса доранд. Пайравони дини мубини ислом дар саросари ҷаҳон ин амри илоҳӣ, яъне рӯза доштани моҳи мубораки Рамазонро фарз шуморида, барои ёфтани ризогии Худованд ва саодати дорайн ин моҳи муборакро бо хурсандӣ ва омодагиҳо пешвоз мегиранд.

«Моҳи Рамазон моҳест, ки дар он барои ҳидояти мардум ва нишонаҳои роҳи рост ва ҷудосозанда (-и ҳақ аз ботил) Қуръон фиристода шуд» (сураи «Бақара», ояти 185). Пас дар ин моҳ дарҳои раҳмати Худованд ба рӯи инсоният кушода гардида ва баракоти бепоёни Ӯ бар вай фуруд омадааст ва он шабе, ки нузули Қуръон дар он сурат гирифта, аз сӯи Худованд шаби Қадр ба маънои шаби боарзиш ва дорои ҷойгоҳи хосе номида шудааст: «Моҳи Рамазон он аст, ки дар вай Қуръон - (ҳамчун) раҳнамо барои мардум ва суханони равшан аз ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳаққу ботил фуруд оварда шуд…» (сураи «Бақара», ояти 185). Дар ин моҳ дарҳои раҳмати Худованд ба рӯи инсоният кушода гардида ва баракоти бепоёни Ӯ бар вай фуруд омадааст ва он шабе, ки нузули Қуръон дар он сурат гирифта, аз сӯи Худованд шаби Қадр ба маънои шаби боарзиш ва дорои ҷойгоҳи хосе номида шудааст: «Ба дурустӣ ки Мо Қуръонро дар шаби Қадр фурӯ фиристодем» (сураи «Қадр», ояти 1). Илова бар ин, Худованд барои афзудани баракоти ин моҳ рӯзаи онро бар муъминон фарз гардонида, онро бар дигар моҳҳо бартарӣбахшидааст ва ин ишора ба ҳадиси аз Ибни Масъуд (р) ривоятшуда мебошад, ки Пайғамбар (с) дар он мефармоянд: «Рамазон саййиди моҳҳо ва ҷумъа саййиди рӯзҳост» (Мӯъҷаму-л-кабир, 9000. Ҷилди 9. Саҳ. 205;  «Мусаннаф»-и Абдурраззоқ, 7894. Ҷилди 4. Саҳ. 307).

Моҳи Рамазон барои башарият моҳи хайру баракат, сабру худсозӣ, таҷдиди имон, талаби омурзиш, афзунии ризқ, ибодат, дуъо, эъмори ҷомеа, дастгирӣ ва кӯмаки ниёзмандон ва хулоса, моҳи расидан ба биҳишт ва дурӣ ҷустан аз оташи дӯзах аст. Муъмини босаодат дар ин моҳ метавонад ба тамоми ин хушбахтиҳо ва пешрафтҳо ноил гардад. Рӯза дар поксозӣ ва парвариши бадан ҳамон нақши закотро дар мол анҷом медиҳад. Паёмбар (с) мефармояд: «Ҳар чиз закоте дорад ва закоти бадан рӯза аст» («Мусаннаф»-и Ибни Абӯшшайба. Ҷилди 2. Саҳ 425). Моҳи Рамазон беҳтарин фурсат барои иҷобати дуъо ва орзуҳои неки шахси рӯзадор мебошад. Паёмбар (с) мефармояд: «Дуъои шахси рӯзадор ҳаргиз рад карда намешавад» («Мусаннаф»-и Ибни Абӯшшайба. Ҷилди 2. Саҳ. 424).

Рӯза ибодати баданӣ буда, бо вуҷуди ибодат буданаш, бо ояти карима собит гашта, аҳодиси зиёде аз Пайғамбари Худованд (с) дар ин бобат ворид шудааст. Дар мавриди ҳосил намудани аҷру савоб, парҳезу тақво, дур шудан аз гуноҳу васвасаи нафс ва шайтон аст. Дар робита ба ин дар ҳадиси набавӣ  чунин омадааст: «Ас-савму суннатун» (яъне, рӯза сипар аст ва нигоҳ медорад рӯзадорро аз иртикоби гуноҳ, васвасаи шайтон, ҳавои нафс дар ин дунё ва аз оташи дардноки дӯзах дар рӯзи охират). Пайғмбари акрам (с) дар ҳадиси қудсӣ мефармояд: «Ассавму лӣ ва ана аҷзу биҳи…» (Худованди таоло фармудааст : «Рӯза, ки он барои Ман аст ва Ман подоши онро хоҳам дод, зеро рӯзадор шаҳвату таомашро барои Ман тарк намудааст…» («Саҳеҳ»-иМуслим, 2701 (1151)-164. Бо ривоят аз Абӯҳурайра (раз.). Ба ин маъно ҳадисҳои дигаре низ дар «Саҳеҳ»-и Бухорӣ, 1904 ва «Саҳеҳ»-и Муслим, 2699 (1151)-161, 2700 (1151)-163 ривоят шудааст).

Мисолҳои овардашуда  фоидаҳои моҳи Рамазон аз нигоҳи ибодат ва амри илоҳӣ будани онро исбот месозад. Аммо, моҳи мубораки Рамазон дар корҳо фазилатҳо,  хусусиятҳо ва манфиатҳои зиёдеро дорост ва дар муомилоти ҳаёти башарӣ,  аз ҷумла барои саломатӣ фоидаовар аст, ки Пайғамбари акрам (с) дар бобати солим будани ҷисми инсон туфайли рӯзадорӣ фармудаанд: «Сумму тасиҳу» (рӯза бигиред то тандуруст шавед). Воқеан, табибон, донишмандон ва олимони  исломию ғайри исломӣ  баъди шифо ёфтани чандин навъе аз беморон (хоҳ ҷисмӣ бошанд, хоҳ равонӣ) бо рӯза гирифтан, низ чунин хулоса баровардаанд.

Ва дигар ин, ки рӯза гирифтан бар ҳамаи мусулмонон фарз аст, ба истиснои маъзурони шаръӣ, ки дар моҳи Рамазон бо сабаби узрашон рӯза надоштан иҷозат дода шудааст ва баъд аз дур шудани узрашон ба адади рӯзҳои нагирифта қазо фармуда шуда аст. Дар ин моҳ ашхоси ҳозир, яъне ғайри мусофир, бояд рӯза бидоранд ва касе дар тӯли ин моҳ бемор ва ё дар ҳолати сафар бошад, шаръан иҷозат дорад, ки рӯзаашро бихӯрад, вале пас аз он ба ҳамон андоза аз рӯзҳои дигар рӯза бидорад: «…Ва ҳар ки аз шумо он моҳро дарёбад, пас, албатта, дар он рӯза дорад; ва ҳар ки бемор ё мусофир бошад, пас, барои вай (ба) шумори он чи фавт шуд, аз рӯзҳои дигар лозим аст…» (сураи «Бақара», ояти 185).

Тибқи Қарори имсолаи маҷлиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 01.05.2019 №05 фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазони соли 2019 барои соҳибони узри шаръӣ ва бемороне, ки аз сиҳатшавии онҳо умеде нест, ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шуда, мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 20000 сомонӣ муқаррар карда шуда, аз он 500 сомонӣ закот дода мешавад, садақаи фитр ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ  ва ба ҳисоби мавиз 48 сомонӣ (барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд) муайян карда шудааст.  Худованд ба бандагонаш осониро мехоҳад на душвориро ва то бо гирифтани қазои Рамазон дар вақти дигар ҳисоби рӯзҳои онро такмил намоянд. Худованд бо дарназардошти ҳолатҳои гуногуни инсон, ба монанди тандурустиву беморӣ ва сафару ҳазар шароит ва муқаррароти хосеро муайян намудааст, то дар ҳеҷ ҳолат барои онҳо душворӣ ва сахтие пеш наояд ва дар ҳеҷ вазъе риштаи пайванди ибодат дар миёни Ӯ ва бандааш канда набошад: «…Худо барои шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад…» (сураи «Бақара», ояти 185).

Ин амр аз як ҷониб, барои банда сабукиеро ба ҳамроҳ дорад ва аз ҷониби дигар, бо ба ҷой овардани қазои рӯзҳои фавтшуда Худованд адади онҳоро ба таври комил аз ӯ мепазирад. Ин беҳтарин барномаи ҳидоят мебошад, ки тамоми ҳолатҳои инсон дар он дар назар гирифта шудааст. Шахси мусофир дар гирифтан ва нагирифтани рӯзаи моҳи шарифи Рамазон ихтиёр дорад. Дар ривоятҳо омадааст, ки вақте саҳобагон ҳамроҳи Пайғамбар (с) дар моҳи Рамазон ба сафар мебаромаданд, баъзе аз онҳо рӯзадор ва баъзе рӯзахӯр буданд. Онҳо якдигарро, яъне на рӯзадор рӯзахӯрро ва на рӯзахӯр рӯзадоро бар ин кор айб намегирифтанд, балки аз феъли Пайғамбар (с) собит шудааст, ки ӯ дар чунин ҳолатҳо рӯзадор буд. Дар «Саҳеҳ»-и Муслим аз Абӯддардо (раз.) ривоят шудааст, ки: «Ҳамроҳи Пайғамбар (с) дар моҳи Рамазон дар гармои сахте хориҷ шудем. Мардум аз шиддати гармӣ даст бар сар мениҳоданд. Дар ин ҳолат дар байни мо ғайр аз Пайғамбар (с) ва Абдуллоҳ ибни Равоҳа касе рӯзадор набуд» («Саҳеҳ»-и Муслим, 2625, 2626; «Сунан»-и Абӯдовуд, 2409; «Мисбоҳи мунир», саҳ. 132).   Дар ривоятҳои дигаре дар «Саҳеҳайн» ва ғайри он омадааст: «Расули Худо (с) дар моҳи Рамазон барои фатҳи Макка хориҷ гашт ва вақте ба Кадид (номи мавзее) расид, ифтор кард ва мардумро фармуд ифтор намоянд».  Аз маҷмӯи ривоятҳое, ки дар ин бора омадаанд, бармеояд, ки гирифтан ва нагирифтани рӯза дар сафар ба ҳоли шахс вобастагӣ дорад. Агар барои ӯ рӯза дар он ҳолат машаққате ба бор наоварад, пас гирифтани он барояш беҳтар аст, вале агар боиси машаққат гардад, нагирифтани рӯза беҳтар мебошад. Ҳамчунин аз маҷмӯи ривоятҳое, ки аз Паёмбар (с) ва саҳобагони киром дар бораи қаср хондани намоз ва хӯрдани рӯза дар сафарҳо омадаст, чунин бармеояд, ки қаср намудани намозҳои чорракъата ва хӯрдани рӯзаи моҳи Рамазон барои шахси мусофир вақте аз шаҳру деҳи худ хориҷ шавад, ҷоиз мегардад. Ҷаъфар ибни Ҷабр мегӯяд: «Ҳамроҳи Абӯбасраи Ғифорӣ(яке аз саҳобагони Расули Худо (с) дар моҳи Рамазон дар киштие аз Фустот (номи шаҳре дар Миср) будам. Ҳамин ки киштӣ ба ҳаракат даромад, (Абӯбасра) хӯрокашро пеш кашид ва гуфт: Биё, наздик бинишин! Гуфтам: Магар хонаҳоро намебинӣ? Фармуд: Оё аз суннати Расули Худо (с) рӯй мегардонӣ!? Пас вай хӯрд (ва ман ҳам хӯрдам)» («Сунан»-и Абӯдовуд, 2412; «Муснад»-и Имом Аҳмад, 27232). Аз ин бармеояд, ки фаҳмиши аҳли салаф дар бораи арзишҳои олии ислом ва тарзи рафтори онҳо ба моҳияти ин дин наздиктар буд ва он аз нашот, шӯру дилбастагӣ ва рӯҳи зиндае бархӯрдор буд, ки мо аз он хеле дур мондаем.

          Моҳи шарифи Рамазон шахсони дорандаву тавонгарро огоҳ ва водор месозад, то аз аҳволи нодорон, тангдастону ятимон хабардор бошанд, ба камбизоатону  нодорон дасти ёрӣ дароз намоянд ва бо ин амали хеш хотири онҳоро хушнуд бисозанд, то Худованд низ туфайли шод гардонидани бандааш аз ин кори онҳо хушнуд бошад. Яке аз манфиатҳои дигари моҳи Рамазон ин зиёд гардидани файзу баракоти ин моҳ аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки бо даромадани моҳи муборак ҳар фарди муъмину мусулмонро воҷиб аст, то бухлу хасисиро аз худ дур карда, рӯ ба хайру саховат ва аъмоли шоиставу наку орад.

          Аҷру савоби хайру саховат дар ин моҳи муборак назар ба моҳҳои дигар 70 маротиба зиёдтар мебошад ва ҳар бандаи мусулмон дар ин моҳ бояд кушиш намояд, то нисбати моҳҳои дигар амалҳои хайру шоистаю муносиберо бештар ба ҷо орад ва аз ҷониби Худованд аҷру савоби азимеро ноил гардад. Аз Салмони Форсӣ (раз.) ривоят аст, ки Расули акрам (с) фармудаанд: «Ман тақарраба фиҳи би хаслатин мина-л-хайри кона каман аддо фаризатан фимо сивоҳу ва ман аддо фаризатан фиҳи кона каман аддо сабъина физзатан фимо сивоҳу» (ҳар нафаре дар моҳи Рамазон як хислати хайру мустаҳаб ба ҷо орад, ба монанди шахсест, ки як фаризаро адо карда бошад дар дигар моҳҳо  ва ҳар нафаре як фаризаро дар ин моҳи муборак адо намояд, ӯ ба мисли шахсест, ки ҳафтод фаризаро дар дигар моҳҳо адо карда бошад). Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ_Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доим таъкид менамоянд, ки он нафароне имкониёти молӣ доранд агар ба ниёзмандону муҳтоҷон ва ятимон дастӣ ёрӣ дароз намоянд аҷру подоши зиёдеро касб менамоянд.

Ҳамчунин дар ҳадиси дигари Пайғамбари бузургвор (с)  омада аст: «Ман фариҳа бидухули Рамазон вағтамма мин хуруҷиҳи ваҷабат лаҳу-л-ҷанна» (ҳар касе, ба омадани моҳи Рамазон шодмон шавад ва бо рафтанаш андуҳгин гардад, ҷои ӯ дар ҷаннат аст».

Муҳиддин АЛИЕВ,

мутахассиси пешбари шуъбаи

равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи дин

Абдулмутталиб ҲАҚНАЗАЗАРОВ,

сархатиби шаҳри Турсунзода    

Pray time in Dushanbe

20.09.2019

More
Fajr04:43
Zuhr12:40
Asr16:40
Maghrib18:41
Isha20:11
Speeches by the President
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

More