Home Articles ҲАМ ИФТИХОР ВА ҲАМ МАСЪУЛИЯТ

ҲАМ ИФТИХОР ВА ҲАМ МАСЪУЛИЯТ

ҲАМ ИФТИХОР ВА ҲАМ МАСЪУЛИЯТ
2019-06-18
2397

Боиси хушнудӣ ва ифтихори баланди ватандорист, ки солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як кишвари ташаббускор ва маркази тасмимгириҳои бузургтарин иқдомоти сатҳи байналмилалӣ табдил ёфта истодааст. Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон мисоли барҷастаи ин ибтикорот ба шумор меравад. 

Ин саодати бузург аст, ки ба пойтахти давлати мо сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва намояндагони воломақоми давлатҳои Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Шоҳигарии Баҳрайн, Ҷумҳурии Халқии Бангладеш, Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам, Ҷумҳурии Арабии Миср, Давлати Исроил, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, Ҷумҳурии Ироқ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Давлати Қатар, Шоҳигарии Камбоҷа, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Қирғизистон, Муғулистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Давлати Фаластин, Федератсияи Россия, Шоҳигарии Таиланд, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Ўзбекистон, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка, роҳбарону намояндагони давлатҳои нозир — Ҷумҳурии Индонезия, Ҷумҳурии Филиппин, Ҷумҳурии Белорус, Украина, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Япония, роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналамилалии нозир ва шарик — Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Ассамблеяи парламентии кишварҳои туркзабон, Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сари як миз нишаста, масъалаҳои мубрами замон муосирро ҳаллу фасл карданд.

Дар ин ҳамоиши бисёр сатҳи баланд чандин масоили муҳим, аз ҷумла масоили амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё ва саҳмгузорӣ дар ҷараёни ҷаҳонии мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ, инчунин ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ мавриди гуфтугў ва барасӣ қарор дода шуданд.

Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки Тоҷикистон мизбони ин ҳамоиш буд. Зеро бад-ин восита аксар кишварҳои олам аз вазъи воқеии Тоҷикистон огоҳ шуда, ҳамкорӣ хоҳанд кард, ки ин ба манфиати пешрафти Тоҷикистони азиз хоҳад буд.

Хомушов Чамолиддин

Сармутахассиси Раёсати фатво

Pray time in Dushanbe

25.04.2024

More
Fajr03:57
Zuhr12:40
Asr17:23
Maghrib19:22
Isha20:53
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More