Home Articles Ваҳдати миллӣ — омили муҳими пешгирӣ аз ифротгароӣ

Ваҳдати миллӣ — омили муҳими пешгирӣ аз ифротгароӣ

Ваҳдати миллӣ — омили муҳими пешгирӣ аз ифротгароӣ
2019-07-05
401

Ҳарчанд Тоҷикис­тон 22 сол аст, ки дар шароити сулҳу субот ва истиқрори миллӣ кору фаъолият мекунад, вале таъсири нооромиҳои солҳои 90-уми қарни гузашта дар рушди сиёсӣ ва иқтисодии кишвар то ҳанӯз бараъло эҳсос мешавад. Ин ҳолат аз ҳама бештар дар осебпазирии насли ҷа­вон ба раванду ҷараёнҳои номатлуб ва гарои­ши онҳо ба ҳизбу ҳара­кат­ҳои ифротӣ зоҳир мегардад.

Ҳар гоҳ дар бораи ба миён омадани консепсияи ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ сухан доир шавад, марҳилаи оғози расидан ба истиқлолияти давлатӣ пеши назар меояд. Дар солҳои 80-90-ум асри ХХ дар заминаи бӯҳрони ҷанги Афғонистон ва суст шудани пояҳои идеоло­гияи давлатӣ на танҳо дар байни пайра­вони ислом, балки дар миёни муътақидо­ни дину мазҳаб­ҳои амалку­нан­даи дигари ҷомеаи шӯравӣ ҳам як ривоҷу равнақи бесобиқаи боло рафтани сатҳи таъсири ҷаҳон­би­нии динӣ шиддат гирифт. Баъди берун овардани нерӯҳои шӯравӣ аз Афғонистон даъвоҳои қудрат­хо­ҳӣ ва мавқеъгирии сиёсию динӣ дар фаъолияти аксари ҳизбу созмон­ҳои исломӣ аз рӯйи мазмуну муҳтаво тағйир ёфта, дар зери таъсири вазъияти сиёсию иҷтимоии Эрону Афғонистон дар ҷумҳуриҳои исломии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам овози ҳаводорону пуштибонони исломи сиёсӣ баланд шудан гирифт. Ба арсаи сиёсат омадани ҷараёнҳои динию мазҳабӣ дар ду ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ – Озарбойҷон ва Тоҷикистон ҳам об­рӯю эътибори исломро коста кард ва ҳам ба ваҳдати миллӣ ва пайванд­ҳои суннатию таърихии ин ду миллат зарбаи чонкоҳ ворид намуд.

Вазъияте, ки дар оғози истиқлолияти ҷумҳурии мо падид омад, ба ҳукми тақдир ё таври тасодуф бо омилҳои таназзули давлати Сомониён монандӣ пайдо кард. Дар ҳамон даврони дур ҳам арбобони давлатию шахсиятҳои рӯҳонӣ ба ҷойи он, ки ҳиммат ва заҳмати худро барои ҳаллу фасли масъалаҳои миллию давлатӣ ва бартараф кардани шӯру ошӯбҳо ва ҳамлаю ҳуҷумҳои душманони хориҷӣ сафарбар кунанд, баръакс ҳар кадом мубталои ғаразҳои шахсӣ ва манфиатҳои иҷтимоии худ шуданд. Шигифтовар он аст, ки ин ҳақиқати талхи таҷрибаи рӯзгор дар солҳои 90-уми асри ХХ дар шаклу муҳтавои андаке дигаргун боз гиребонгири давлати ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Афсӯси дигар он аст, ки ра­ванди кашмакаш­ҳои дохилӣ ва эълони озоди­ҳои демократӣ ба шакл­ги­рии тафаккури исломи сиёсӣ замина му­ҳайё сохт ва тадри­ҷан ба таъсиси ҳизби динӣ оварда расонид. Ин ҳизб ар­зиш­ҳои воло ва муқадда­соти дини­ро танҳо ва танҳо барои расидан ба ғараз­ҳои сиёсии худ ва хоҷагонаш истифода ме­бурд ва таъсиси ҳизбро аз нигоҳи дин асоснок менамуд, вале тасав­ву­роти бисёрҳизбию ҷаҳонбиниии дигарро эътироф намекард. Мутаассифона, пешво­ёни созмонҳои ҳизбӣ тавонис­танд дар мағзи ҷавонон ақидаи боти­леро ҷойгузин намоянд, ки маҳз таъсиси давлати исломӣ ва арзишҳои қурунивустоӣ ба унвони як роҳи беҳтарини ҳалли тамоми мушкилоти иҷтимоӣ дар зиндагии онҳо пазируфта шавад. Маълум аст, ки дар доираи тафаккури динӣ мунҳа­сир кардани раванд­ҳои ҷамъиятӣ ҳеҷ вақт боиси пешрафт шуда намета­вонад ва ин ҳолат дар вазъи муҳтоҷию дастнигарӣ нигоҳ доштани шаҳрвандони ҷумҳуриро осон мегардонад. Таърих гувоҳ аст, ки дар солҳои 1992-1997 ҳар чизе, ки шуданӣ буд, шуд. Дар вазъияти сиёсӣ-иҷтимоии солҳои 90-ум дар кишвари мо тамоми заминаҳо барои бархӯрди бардавоми мусалла­ҳона ва аз байн бурдани давлати миллии тоҷикон вуҷуд дошт, зеро гурӯҳҳои мусал­лаҳи мухолиф ташнаи хуни якдигар буданд. Қумон­дон­ҳои саркаш аслан ба сухани касе эътибор намедоданд ва дар асоси дастуру супоришҳои “устодону падарони маънавӣ”-и худ амалиёт мебурданд. Аз ҷониби дигар, бояд донист, ки баъди имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” ва таъсиси Комиссияи оштии миллӣ пешгӯӣ кардани вазъияти сиёсӣ ва ояндаи ҷумҳурӣ норавшану мураккаб боқӣ монда буд. Вазифаи нахустин дар чунин вазъият аз тафаккури шаҳрван­дон ва насли ҷавон берун андохтани ҳамин андешаи ботил буд ва консепсияи ваҳда­ти миллии тоҷикон ҳамин рисолати бузурги таърихӣ ва тақдирсозро сарбаландона иҷро карда тавонист.

Тибқи назарияи яке аз ҷомеашиноси машҳури асри ХХ Арнолд Тойнби дар давраҳои ҳассос дар қишри роҳбарии ҷомеа бояд “ақаллияти созанда (creative minority)” пайдо шавад, ки қудрати посухи муносиб ва саривақтӣ додан ба ин чолишу хатарҳои дохилию беруниро дошта бошад. Маҳз ин ақаллияти фаъол ва созан­да бақо ва пойдории давлат ва фарҳанги миллиро таъмин карда метавонад. Хушбахтона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи беҳтарини сарвари ин гуна ақаллияти созанда дар марҳилаи тақдирсози миллати мо гардиданд, ки новобаста аз таҳдиди хатарҳо ба ҷони худ тавонистанд масъулияти сангини посух додан ба хатару чолишҳои барои давлати ҷавони миллии тоҷикон ҳалокатборро ба дӯш гиранд. Бояд гуфта шавад, ки дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон се сифати қавианосир барои меъмори сулҳи тоҷикон будан таҷассум гардид: 1) ҷасорати ба дӯш гирифтани масъулият ва фидокорӣ дар марҳилаи муайяни таърихӣ; 2) эътимоди қишру табақаҳои гуногуни минтақаҳои ҷумҳурӣ ба маҳорати сарва­рии Эмомалӣ Раҳмон; 3) эътирофи роҳбари нави давлати тоҷикон аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва нерӯҳои сиёсии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ. Ҳамин падидаҳои равшан дар шахсияти Пешвои миллат дар ниҳояти кор мардуми шарифи Тоҷикистонро ба санаи фараҳбахши 27 июни соли 1997 расонид.

Ҳарчанд Тоҷикис­тон 22 сол аст, ки дар шароити сулҳу субот ва истиқрори миллӣ кору фаъолият мекунад, вале таъсири нооромиҳои солҳои 90-уми қарни гузашта дар рушди сиёсӣ ва иқтисодии кишвар то ҳанӯз бараъло эҳсос мешавад. Ин ҳолат аз ҳама бештар дар осебпазирии насли ҷа­вон ба раванду ҷараёнҳои номатлуб ва гарои­ши онҳо ба ҳизбу ҳара­кат­ҳои ифротӣ зоҳир мегардад. Ҳоло муборизаҳои геосиёсии кишварҳои бузурги олам, ба таъбири Пешвои миллат, дар шакли «моҷароҳои вазнини сиёсӣ, ҷангу хунрезиҳои зиёди мазҳабӣ, инқилобу муноқишаҳои бешумори сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ» зуҳур ёфта истодааст. Мутаассифона, омили динӣ, алалхусус ислом ба зербинои таҳрикдиҳанда ва абзори асосии ин нооромиҳо му­бад­дал гаштааст. Зиёд аз ин, дин василаи таҳмил ва содироти иҷбории арзишҳои бегона, харобкунандаи пояҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ёдгори­ҳои таърихи куҳани инсоният шудааст, ки аксарашон мусулмонон мебошанд. Дар фазои иттилоотии кишвар то ҳанӯз кӯшишҳои нигаҳдо­рии ҷаҳонбинии динӣ ва тарғиби равандҳои номатлуби исломи сиёсӣ вуҷуд дорад. Ҳолатҳои истифода аз навъҳои ғайрирасмии таълими динӣ бошад заминаи хатарноки ташаккули идеяҳои ифротӣ шуда метавонад. Дар чунин марҳилаи масъули ташаккули миллатсозӣ ва давлатсозӣ танҳо мутахассисону кадрҳои баркамолу худшинос ва худогоҳу соҳиб­маъ­ри­фат ё ба таъбири маъмул «аз нигоҳи сиёсӣ озмудашуда» ормонҳои озодихоҳӣ ва ватандории тӯли садсолаҳо дар замири мардуми ватандӯс­та­мон нуҳуфтаро соҳибӣ карда метавонанд. Дар ин шароити ниҳоят мураккаб танҳо миллати ба рақобат тобовар ва содиқ ба муқаддасоти марзу буми аҷдодӣ бақои худро таъмин карда метавонад ва ба баланд кардани сифати сармояи инсонӣ мушарраф мешавад. Бо зоҳирпарастию шиорбозӣ ба ганҷи мақсуд расидан номумкин аст, чун миллату давлат дар пояи андешаҳои созандаи илму ҳикмат сохта мешавад, на бар мабнои арзишҳои тахайюлию хурофотӣ.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин вазъияти зуд тағйирёбандаи сиёса­ти ҷаҳонӣ бо такя ба таҷрибаи сулҳофаринии солҳои 90-уми асри гузашта ва кон­сеп­си­яи мукаммали ваҳдати миллии худ фаъоли­я­ти ниҳодҳои қудратӣ ва шабакаҳои илмию таҳлилӣ ва иҷтимоиро васеъ ба роҳ монда, тамоми имкониятҳоро барои паст кардани шид­да­ти терроризм ва ифрот­га­­роии динӣ, решакан кардани гароиши ҷавонон ба сафи ҳизбу ҷараёнҳои ифротӣ, таблиғи арзишҳои фарҳан­ги миллӣ ва ваҳдати динию эътиқодии мабно ба мазҳаби ҳанафӣ са­фарбар карда истода­анд. Албатта, барои расидан ба ин ҳадафҳо муш­­килоти зиёде дар масъала­ҳои ташкилию маъмурӣ ва фаҳмонда­ди­ҳию ҳамоҳанг­созӣ вуҷуд доранд. Вале як чиз бебаҳс аст, ки кон­сеп­си­яи ваҳдати миллӣ имрӯз ба хотири ҳифзи манфи­ат­ҳои давлатдо­рии миллӣ ва пойдории сулҳу субот бояд рисолати сиёсию иҷтимоии худро бори дигар ба маърази кору пайкори созанда барорад ва аз нигоҳи илмию назариявӣ собит намояд, ки пазируфтории мафкура ва ҷаҳонби­нии беруна, кӯр­кӯрона ва булҳавасона пайравӣ кардан ба ҳизбу ҷараён­ҳои ифротӣ ба ҷуз пушаймонию саргардонӣ меваи дигаре ба бор намеорад.

Дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе 14-15 июни соли 2019 ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон бургузор гардид. Барои ширкат наму­дан дар кори машварати муҳими сатҳи байналмилалӣ сарони дав­лат­ҳо, ҳукуматҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои иштирокчӣ ба ҳам омаданд. Дар як вақт ташриф овардани теъдоди зиёди меҳмонони олимақом дар кишвари мо имиҷи байналмилалии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи «дарҳои кушод» ва ҳикмати таҳаммулпазирии Пешвои миллати тоҷиконро тӯли чанд рӯз дар маърази муҳокимаҳои расонаҳои ҷаҳонӣ қарор дод. Баргузории ин ҳамоиш собит намуд, ки қитъаи Осиё дар ҷустуҷӯи парадигмаҳои нави ҳамгироӣ қарор дорад ва дар давраи раёсати Душанбе МҲТБО ҳамчун ниҳоди нави минтақавӣ имконияти васеи табдил ёфтан ба созмони мустақил оид ба таъмини амният ва ҳамгироии конструктивӣ дар Осиёро дорад. Дар оғози раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши панҷуми ин ниҳоди бонуфузи минтақавӣ таҳти шиори «Нигоҳи ягона ба минтақаи амн ва бештар дар ҳоли шукуфоӣ» доир гардид ва таъмини амният, рушд ва шукуфоии қитъаи Осиё дар меҳвари масъалагузориҳо ва рисолати бунёдии он қарор дошт. Ҳамзамон меҳмонони олиқадр дар тӯли ин рӯзҳо аз пешрафту дастовард­ҳои кишвари азизи мо дар бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию инфрасохторӣ огоҳии комил пайдо карданд. Ҳамоиши Душанбе нишон дод, ки ин платформа ғунҷоиши воқеии татбиқи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, бунёди долонҳои нақлиё­тӣ, рушди логистика, таъсиси инфрасохтор­ҳои муосири истеҳсолию саноатӣ, кишоварзӣ ва сайру саёҳат, ҳамчунин роҳу усулҳои муассири пешгирӣ ва мубориза бо терроризму ифротфгароӣ, қочоқи маводи му­хад­дир, ҷинояткории фаромил­лӣ ва дигар хатару таҳдидҳои ҷаҳониро доро мебошад.

Файзулло Баротзода,

директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Pray time in Dushanbe

17.10.2019

More
Fajr05:08
Zuhr12:40
Asr15:57
Maghrib17:56
Isha19:26
Speeches by the President
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

More