Home Questions and answers Aqida Question № 01159

Question № 01159

Оё аҳли китобро кофир гуфтан мумкин аст ё на?

Question:

Оё аҳли китобро кофир гуфтан мумкин аст ё на?

Саволдиҳанда: Фарзин

Answer:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, аҳли китоб касоне ҳастанд, ки ба китобҳои осмонии Тавроту Инҷил ва Забур имон доранд, аммо дини Исломро напазируфтаанд. Аҳли китобро кофир гуфтан дуруст аст, зеро дар Қуръони карим онҳо бо ҳамин унвон зикр мешаванд. Чунончи Худованд мефарамояд: “Кофирони аҳли Китоб ва мушрикон [аз ойини худ] ҷудошаванда набуданд, то вақте ки ба онҳо ҳуҷҷати равшан наёмад”. (Сураи “Баййина”, ояти 1)

2017-05-24
4698
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

16.04.2024

More
Fajr04:14
Zuhr12:40
Asr17:14
Maghrib19:13
Isha20:44