Home Questions and answers Zakot Question № 01335

Question № 01335

Оё аз тиллои дар дастбуда, ки истифода мешавад, закот додан лозим аст? Чӣ тавр онро бояд ҳисоб кард, аз рӯи нархи бозори имрӯза ё нархи хариди он?

Question:

Ассалому алайкум. 1. Оё аз тиллои дар дастбуда, ки истифода мешавад, закот додан лозим аст? Чӣ тавр онро бояд ҳисоб кард, аз рӯи нархи бозори имрӯза ё нархи хариди он? 2. Оё аз ҳуҷрае, ки холист ва барои тиҷорат ҳам нест, балки барои фарзандон нигоҳ дошта мешавад, закот бояд супорид? Барои ҳисоби закот ба он чӣ тавр бояд нарх гузошт?

Саволдиҳанда: Комил

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, тибқи мазҳаби Имоми Аъзам (р) аз зару зеваре, ки занон барои ороиш истифода мебаранд, закот додан воҷиб аст. Агар миқдори он ба 20 мисқол, яъне 85 гр баробар бошад, ба андозаи 2.125 гр ё қимати он ба нархи имрӯзаи он закот дода мешавад. 2. Дар хонае, ки барои фарзандон нигоҳ дошта мешавад, модоме ки бо мақсади тиҷорат набошад, закот воҷиб намешавад.

2017-07-04
4156
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

19.03.2024

More
Fajr04:59
Zuhr12:40
Asr16:46
Maghrib18:45
Isha20:15