Home Questions and answers Family Question № 01480

Question № 01480

Агар мард дар ҳолати ғазаб ба занаш гӯяд, ки «ман туро се талоқ кардам», оё бо ин суханаш се талоқ мешавад ё ки як талоқ? Агар марди бенамоз занашро се талоқ кунад, се талоқ мешавад ё на?

Question:

Ассалому алайкум. Агар мард дар ҳолати ғазаб ба занаш гӯяд, ки «ман туро се талоқ кардам», оё бо ин суханаш се талоқ мешавад ё ки як талоқ? Агар марди бенамоз занашро се талоқ кунад, се талоқ мешавад ё на?

Саволдиҳанда: Фирӯз

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар марде ҳамсарашро се талоқ кунад, аз нигоҳи чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат се талоқ воқеъ шуда, барои онҳо идомаи зиндагии якҷоя ҳаром мегардад. Тарки намоз агарчи гуноҳи кабира аст ва азобу расвоӣ дар пай дорад, вале монеъи никоҳ ва талоқ намешавад. Яъне агар шахси бенамоз никоҳ кунад ва ё талоқ диҳад, никоҳ ва талоқаш аз нигоҳи шариат воқеъ мегардад. Аз он ҷо ки масъалаи талоқ паҳлуҳои гуногун дорад ва тафсил мехоҳад, беҳтар аст, ки дар сурати имкон бародаратон ба Раёсати фатво муроҷиат намояд.

2017-10-24
4292
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

29.03.2024

More
Fajr04:43
Zuhr12:40
Asr16:56
Maghrib18:55
Isha20:25