Home Questions and answers Aqida Question № 01520

Question № 01520

Ояти охири сураи “Фаҷр”-ро тафсир мекардед.

Question:

Ассалому алайкум устод. Ояти охири сураи “Фаҷр”-ро тафсир мекардед.

Саволдиҳанда: Асрор

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар зайл тарҷумаи оятҳои охири сураи “Фаҷр” алоҳида зикр шуда, сипас шарҳу маънидоди онҳо аз тафсири “Анворул-Қуръон” баён мегардад:

Тарҷума: «Эй нафси оромгиранда! Ба сӯи Парвардигори хеш бозгард, [дар ҳоле ки] ту хушнуд шудаӣ ва аз ту низ хушнуд гашта, пас, ба (зумраи) бандагони хоси Ман даро; ва ба биҳишти Ман даро». (Сураи “Фаҷр”, 28-30)

Тафсир: “Эй нафси мутмаинна”, яъне:  Эй рӯҳи орамидаи ба яқин расида, ки дар имон ба Худованд ва бовар ба ягонагии Ӯ ба чунон яқине расидаӣ, ки ҳеҷ шакке бо он омехта нест ва ҳеҷ шубҳа ва риёе дар он дида намешавад, эй рӯҳе, ки ба қазои илоҳӣ розӣ шудаӣ ва донистаӣ, ки ҳама чиз мутобиқи муқаддароти Ӯст ва он чи ба инсон бояд бирасад, расиданӣ аст ва аз ӯ дурӣ надорад ва он чи ки ба вай расиданӣ нест, аз ӯ комилан дур аст ва ба ӯ нахоҳад расид, эй рӯҳи хушнуд ва ором, “ба сӯи Парвардигори хеш бозгард хушнудшуда” аз Ӯ, бо подоше, ки ба ту бахшидааст “ва Ӯ низ аз ту хушнуд аст”, яъне Худои азза ва ҷалла низ аз ту хушнуд аст ва ту рӯзи қиёмат орому осуда дар арасот меойӣ, зеро дар ҳангоми марг ва дар ҳангоми зинда шудан пас аз марг ба биҳишт мужда дода мешавӣ. Дар баёни сабаби нузули ин оёт ду ривоят нақл шудааст. Тибқи ривояти аввал ин оёт дар бораи ҳазрати Ҳамза (р) нозил шудааст, он гоҳ ки дар Уҳуд ба шаҳодат расид. Тибқи ривояти дуюм ин оёт дар бораи ҳазрати Усмон (р) нозил шудааст, пас аз он ки чоҳи Румаро харид ва онро барои оби ошомидании мардум вақф кард. “Пас дар зумраи бандагони” холис ва солеҳи “ман дарой” ва аз ҷумлаи онон бош. “Ва дар биҳишти ман дохил шав” ҳамроҳ бо солеҳон ва хоссон. Яъне ин гиромидоште аст, ки болотар аз он ҳеҷ гиромидоште вуҷуд надорад. Чунонки муфассирон баён кардаанд, ин хитоб ва нидо ҳам дар ҳангоми фаро расидани марг ва ҳам дар рӯзи қиёмат ба ин инсони вораста гуфта мешавад. 

2017-11-16
4025
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

29.03.2024

More
Fajr04:43
Zuhr12:40
Asr16:56
Maghrib18:55
Isha20:25