Home Questions and answers Family Question № 01521

Question № 01521

Шавҳарам ба дигар зан ошиқ шуда буд ва маро се талоқ кард, пас аз як моҳ омада гуфт, ки дар ҳолати мастӣ ин суханро гуфта будам. Баъд зиндагиро бе никоҳ идома додем, аммо виҷдонам маро азоб медод. Падараш ин ҳолатро фаҳмид ва...

Question:

Ассалому алайкум. Шавҳарам ба дигар зан ошиқ шуда буд ва маро се талоқ кард, пас аз як моҳ омада гуфт, ки дар ҳолати мастӣ ин суханро гуфта будам. Баъд зиндагиро бе никоҳ идома додем, аммо виҷдонам маро азоб медод. Падараш ин ҳолатро фаҳмид ва моро никоҳ карданд. Як моҳ зиндагӣ кардем, ҳар гуна хоб медидам ва рӯҳан азоб мекашидам. Ба бемории асаб гирифтор шудам ва алҳол дар хонаи волидонам табобат дорам. Шавҳарам чанд бор омад ва мехоҳад боз якҷоя зиндагӣ кунем. Аммо ман дигар бо ӯ зиндагӣ кардан намехоҳам. Агар мард занашро дар ҳолати мастӣ ё ҳушёрӣ ду бор се талоқӣ кунад, оё ягон ривоят дорад? Як писар дорам ва ӯ ҳам бемор шудааст. Аз зиндагӣ монда шудаам, илтимос, барои ман дуои хайр кунед.

Саволдиҳанда: Мадина

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, масъалаи талоқ асрор ва паҳлуҳои зиёд дорад ва барои посух додан ба он бояд худи шавҳар пурсида шавад, зеро талоқ моли мард аст. Агар шумо имконият дошта бошед, ҳамроҳ бо шавҳаратон ба Раёсати фатво муроҷиат кунед, пас аз шунидани асли масъала аз забони шавҳаратон ҷавоби масъала равшан мегардад. Шумо ноумед нашавед, сабр пеша кунед ва холисона ба даргоҳи Худованд дуо кунед, иншоаллоҳ мушкилатон бартараф мегардад. Худованд ба шумо ва фарзандатон шифои комил ато фармояд ва зиндагии осуда насибатон гардонад.  

2017-11-16
238
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

18.12.2017

More
Fajr05:54
Zuhr13:00
Asr15:10
Maghrib17:11
Isha18:41