Home Questions and answers Tahorat Question № 01584

Question № 01584

1. Аз лаб хун равон шавад, таҳорат мешиканад? 2. Намози ҷумъа чӣ тавр хонда мешавад? 3. Такрор намудани кадом калимаҳо моро бештар ба Худованд наздик мекунад?

Question:

Ассалому алайкум. 1. Аз лаб хун равон шавад, таҳорат мешиканад? 2. Намози ҷумъа чӣ тавр хонда мешавад? 3. Такрор намудани кадом калимаҳо моро бештар ба Худованд наздик мекунад?

Саволдиҳанда: Ислом

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, равон шудани хун аз ҳама қисматҳои бадан таҳоратро мешиканад. 2. Намози ҷумъа барои шахси оқил, болиғ, мард, озод, тандуруст, бино ва муқим фарзи айн аст. Намози ҷумъа аз даҳ ракъат – чаҳор ракъат суннат, ду ракъат фарз ва чаҳор ракъат суннат иборат аст. Дар намози ҷумъа ду бор азон дода мешавад. Пас аз азони аввал чаҳор ракъат суннат гузорида мешавад. Сипас азони дуюм гуфта мешавад ва имом хутба мехонад. Муқтадиён бояд хомӯшона ба хутба гӯш диҳанд. Дар вақти хондани хутба гузоридани намози суннат ва нафл макрӯҳ аст. Сипас иқомат гуфта мешавад ва имом бо мардум ду ракъат фарзи ҷумъаро мегузоранд. Пас аз итмоми намози фарзи ҷумъа чаҳор ракъат суннати пас аз фарзи ҷумъа гузорида мешавад. Фарзи намози ҷумъа мисли фарзи бомдод ва суннатҳои он мисли суннати намози пешин мебошад. 3. Зикрҳои “Субҳоналлоҳ”, “Алҳамду лиллоҳ” ва “Аллоҳу Акбар” савоби бисёр дорад ва сабаби қурби инсон ба Худованд мегардад. Хусусан, сад бор гуфтани зикри “Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи, субҳоналлоҳил-Азим” ҳар субҳу шом ҳам осон ва ҳам аҷру подоши бекарон дорад, зеро дар ҳадис омадааст, ки Расули Худо (с) фармудаанд: “Ду калима вуҷуд дорад, ки бар забон сабук, вале дар тарозуи аъмол сангин ва назди Худованд маҳбуб аст: Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи, субҳоналлоҳил-Азим”.

2017-12-29
4534
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

28.03.2024

More
Fajr04:44
Zuhr12:40
Asr16:55
Maghrib18:54
Isha20:24