Home Questions and answers Family Question № 01595

Question № 01595

Тақрибан бист рўз пеш соҳиби духтарчаи дуюм шудам. Ёру дўстон мегўянд, ки мизоҷат хунук аст, ғизоҳои гармӣ бештар истеъмол кун, фарзанди сеюмат писар мешавад. Ман гуфтам,...

Question:

Ассалому алайкум. Тақрибан бист рўз пеш соҳиби духтарчаи дуюм шудам. Ёру дўстон мегўянд, ки мизоҷат хунук аст, ғизоҳои гармӣ бештар истеъмол кун, фарзанди сеюмат писар мешавад. Ман гуфтам, ки фарзанд доди Худованд аст, ҳарчи Худо хост, ҳамон мешавад. Вале онҳо мегўянд, ки гармӣ хўр, оё ин дуруст аст? Оё аз Худованд фарзанди писар талаб кунам, нисбати гулдухтаронам ношукрӣ намешавад?

Саволдиҳанда: Боимон

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи дини Ислом табобат ва муолиҷа дуруст аст ва шариат онро манъ накардааст, вале чунонки худи шумо баён кардаед, фарзанд хоҳ писар бошад ё духтар, атои Худованд аст. Аз Худованд талаб кардани писар ё духтар дуруст аст ва ношукрӣ маҳсуб намешавад. Вале беҳтар ин аст, ки волидайн аз Худованд фарзанди солеҳ ва фармонбардор талаб кунанд.   

2018-01-02
4173
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

29.03.2024

More
Fajr04:43
Zuhr12:40
Asr16:56
Maghrib18:55
Isha20:25