Question № 01655

Устоди азиз, тарзи дурусти никоҳ карданро аз аввал то охир нависед.

Question:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Устоди азиз, тарзи дурусти никоҳ карданро аз аввал то охир нависед.

Саволдиҳанда: Давлаталӣ

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар ақди никоҳ риояи шартҳо ва рукнҳои зайл ҳатмӣ аст: Ҳузури ду шоҳид: яъне ду нафар мард ва ё як мард ва ду зан бошад ва бояд шоҳидон оқилу болиѓ ва мусалмон бошанд. Иҷоб (пешниҳод) ва қабул (пазириш): яъне дар ҳузури ин шоҳидон зан бо овози шунаво ва фаҳмо мегӯяд, ки “Тану нафси худро ба ту бахшидам” ва мард низ бо овози шунаво ва фаҳмо: “Қабул кардам” мегӯяд. Сипас домулло хутба хонда, барои саодату комёбии  навхонадорон дуо мекунад. Аз ҷумла ин дуоро хондан суннат аст: «Боракаллоҳу лака ва борака алайка ва ҷамаъа байнакумо фӣ хайрин» - Худо ин корро бароят муборак гардонад ва бар ту дар он баракат ниҳад ва шуморо бо хайр гирд оварад. Барои огоҳии бештар аз равиши никоҳ ва шартҳои он шумо метавонед китоби “Аниси занони покдоман”-ро мутолиа намоед.

2018-02-22
6377
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

25.04.2024

More
Fajr03:57
Zuhr12:40
Asr17:23
Maghrib19:22
Isha20:53