Home Questions and answers Namaz Question № 01837

Question № 01837

Дар кадом навъи ибодатҳо ният фарз аст ва дар кадоми онҳо фарз нест?

Question:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Дар кадом навъи ибодатҳо ният фарз аст ва дар кадоми онҳо фарз нест?

Саволдиҳанда: Солеҳ

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз назари фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ ният кардан дар ибодатҳои мақсуда фарз аст. Ибодати мақсуда он аст, ки ба таври мустақил машруъ шуда, тобеъ ва василаи ибодати дигар набошад, ҳамчун намоз, закот, рӯза, ҳаҷ ва ғайра. Аммо ибодати ғайри мақсуда он аст, ки василаи ба ҷо овардани ибодати дигар бошад, аз қабили таҳорат, сатри аврат, ба даст гирифтани Қуръон ва ғайра. Масалан, таҳорат ибодати ғайри мақсуда ва василаи ба ҷо овардани намоз аст, бинобар ин, ният дар он суннат аст, аммо намоз, ки ибодати мақсуда ва мустақил аст, ният дар он фарз мебошад. Инчунин закоту рӯза ва ҳаҷ низ ибодати мақсуда ва мустақил ҳастанд, аз ин рӯз ният кардан дар онҳо фарз буда, бе ният саҳеҳ намешаванд.

2018-06-08
3434
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

29.03.2024

More
Fajr04:43
Zuhr12:40
Asr16:56
Maghrib18:55
Isha20:25