Home Questions and answers Namaz Question № 01885

Question № 01885

Дар вақти гузоридани намоз ба куҷо нигоҳ кардан лозим аст? Дар намози ҷамоат имом ҳам баъд аз гуфтани “Самиаллоҳу лиман ҳамидаҳ” “Раббано лакал-ҳамд” мегӯяд ё на?

Question:

Ассалому алайкум. 1. Дар вақти гузоридани намоз ба куҷо нигоҳ кардан лозим аст? 2. Дар намози ҷамоат имом ҳам баъд аз гуфтани “Самиаллоҳу лиман ҳамидаҳ” “Раббано лакал-ҳамд” мегӯяд ё на? 3. Аксар вақт дар вақти хондани намоз гумон мекунам, ки баъд аз ракъати дувум “Аттаҳиёт” хондаам ё на ё ин ки дар ракъати гузашта замми сура кардаам ё на. Дар ин ҳолат чӣ кор бояд кунам, саҷдаи саҳв воҷиб мешавад?

Саволдиҳанда: Азимҷон

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, аз ҷумлаи одоби намоз ин аст, ки намозгузор дар вақти қиём нигоҳи худро ба саҷдагоҳ андозад, дар ҳолати рукуъ ба пушти ангуштони пойҳояш, дар вақти саҷда ба бинӣ, дар қаъда ба саҷдагоҳ ва дар ҳолати салом ба китфҳояш нигоҳ кунад. Ҳар яке аз ин ҳолатҳо ҳикмати хоссе дорад ва дар нигоҳ доштани ҳузури қалб бисёр муассир мебошад. 2. Дар намози ҷамоат имом “Самиаллоҳу лиман ҳамидаҳ” ва муқтадӣ “Раббано лакал-ҳамд” мегўянд, зеро ҳар яке аз ин ду зикр байни имом ва муқтадӣ тақсим мешавад. 3. Саҷдаи саҳв дар сурате лозим мегардад, ки шумо ба саҳви кардаатон яқин дошта бошед, вақте яқин ҳосил кардед, ки саҳве аз шумо рух додааст, дар ин ҳолат саҷдаи саҳв ба ҷо оред. 

2018-07-12
3352
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

25.04.2024

More
Fajr03:57
Zuhr12:40
Asr17:23
Maghrib19:22
Isha20:53