Question № 01901

Оё баъд аз намоз дастаҷамъона се бор дуо кардан ҷоиз аст? Лутфан гўед, ки Паёмбар (с) ин амалро иҷро мекарданд ё на. Ягон ҳадис ё ривоят меовардед, бисёр хуб мешуд.

Question:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Оё баъд аз намоз дастаҷамъона се бор дуо кардан ҷоиз аст? Лутфан гўед, ки Паёмбар (с) ин амалро иҷро мекарданд ё на. Ягон ҳадис ё ривоят меовардед, бисёр хуб мешуд. Худованд ба шумо ҷазои хайр диҳад.

Саволдиҳанда: Рустам

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дуои дастаҷамъона асос дорад ва тибқи оят, ҳадис ва усули мазҳаби Имоми Аъзам (р) анҷом додани он дуруст аст. Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят аст, ки фармуд:

" كَانَ يُعْجِبهُ أَنْ يَدْعُو ثَلَاثًا "

Яъне ҳазрати Пайғамбар (с) се бор дуо карданро меписандиданд. Дар ҳадиси дигаре аз Оиша (р) омадааст:

" إِنَّ اللَّه يُحِبّ الْمُلِحِّينَ فِي الدُّعَاء "

«Худованд касонеро, ки дар дуо кардан исрор мекунанд, дўст медорад». Ривояти Табаронӣ. Илова бар ин, яке аз усули мазҳаби ҳанафӣ урф аст ва ҳар урфе, ки бо шариат муқобил набошад, қобили қабул аст. Аз ин рў, се бор дуо кардан баъд аз намоз бо урф низ собит аст, зеро оммаи мардуми Мовароуннаҳр ба он амал мекунанд.

2018-07-20
3423
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

25.04.2024

More
Fajr03:57
Zuhr12:40
Asr17:23
Maghrib19:22
Isha20:53