Home Questions and answers Namaz Question № 02118

Question № 02118

Ман ягон бор намози таровеҳ нахондаам. Дар интернет ҷустуҷў карда, вале нафаҳмидам. Агар имконият бошад, муфассалтар менавиштед.

Question:

Ассалому алайкум. Ман ягон бор намози таровеҳ нахондаам. Дар интернет ҷустуҷў карда, вале нафаҳмидам. Агар имконият бошад, муфассалтар менавиштед.

Саволдиҳанда: Сироҷиддин

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, намози таровеҳ дар шабҳои Рамазон яке аз суннатҳои Пайғамбар (с) мебошад. Имом пас аз гузоридани намози хуфтан барои мардум бист ракъат намоз мегузорад ва дар ҳар ду ракъат намоз салом медиҳад. Имом баъд аз ҳар чаҳор ракъат, ки «тарвиҳа» номида мешавад, ба ҳамон андоза менишинад, ки мардум роҳат кунанд. Гузоридани намози таровеҳ барои марду зан суннат аст. Равиши гузоридани намози таровеҳ айнан монанди намози суннати бомдод аст, бо ин тафовут, ки муқтадӣ ба қироати имом гўш медиҳад. Дар вақти истироҳат «тасбеҳи таровеҳ» хонда мешавад.  Хондани намози таровеҳ пеш аз намози витр ё пас аз он ҷоиз аст. Нияти намози таровеҳ чунин аст: «Ният кардам бигузорам ду ракъат суннати намози таровеҳ, рўй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу акбар».

2019-05-21
2412
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

28.03.2024

More
Fajr04:44
Zuhr12:40
Asr16:55
Maghrib18:54
Isha20:24