Home Questions and answers Zakot Question № 00948

Question № 00948

Дар маркази дилхушӣ пул сарф кардан гуноҳ аст? Дар марказҳои диллерӣ маблағ гузоштан ҳаром аст?

Question:

Ассалому алайкум. Дар маркази дилхушӣ пул сарф кардан гуноҳ аст? Дар марказҳои диллерӣ маблағ гузоштан ҳаром аст?

Саволдиҳанда: Тағоев

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз суолатон чунин бармеояд, ки шумо дар андешаи дунё ва охират ҳастед. Модоме ки шумо ҷои харҷ кардани пулро намеёбед, мо барои шумо тавсия медиҳем, ки агар ҳисси миллӣ доред ва ғамхори ҷомеа бошед, пас як миқдор аз он маблағатонро ба беморону ятимон ва маъюбоне, ки дар ҷомеа зиёданд ва шумо ҳам онҳоро хуб мешиносед, баҳри ободии охират ва иззати дунёи худ сарф намоед. Чунонки бузургон фармудаанд: “Иззати дунё ба мол аст, иззати охират ба аъмол”. Худованд ба шумо тавфиқи аъмоли хайр насиб гардонад. 

2017-03-13
4269
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

26.04.2024

More
Fajr03:55
Zuhr12:40
Asr17:24
Maghrib19:23
Isha20:54