Home News Изҳороти Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2016-11-04
4812

Мо мусалмонони Тоҷикистон бо изҳори ҳамдилӣ ва ҳамбастагӣ бо тамоми мусалмонони ҷаҳон партоби мушакро, ки шӯришгарони Ҳусӣ 27 октябри соли 2016 ба ҷониби Маккаи мукаррама, қиблаи мусалмонони ҷаҳон, гаҳвораи Ислом ва сарзамини Расули Акрам (с) анҷом доданд,  қотеона маҳкум менамоем.

Ин амали зишту нафратангез, ки дар маҳдудаи мантиқу ақли солим намеғунҷад,  бори дигар исбот мекунад, ки нерӯҳои вайронгар ҳеҷ эҳтироме бар ахлоқу арзишҳои волои динию инсонӣ намегузоранд ва тамаддуни башариятро ба чолиш мекашанд. Қарзи инсонии мост, ки алайҳи чунин нерӯҳо дастаҷамъона мубориза барем.

Идомаи хушунатҳо дар Яман фоҷеаи башарӣ аст ва ба паёмадҳои ногувору мудҳиш барои тамоми минтақа дорад. Ба хотири сулҳу субот ва рифоҳи мардуми мусалмон ҷонибҳои даргирро дар ин кишвар салоҳ аст, ки бар арзишҳои муқаддаси дини мубини Ислом, иззату шарафи инсон ва ахлоқи ҳамида арҷ гузоранд ва бо роҳи гуфтушунид ва ҳусни тафоҳум истиқрори сулҳу адолатро дар сарзамин худ таъмин намоянд.

Pray time in Dushanbe

29.03.2024

More
Fajr04:43
Zuhr12:40
Asr16:56
Maghrib18:55
Isha20:25
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More