Home News Шӯрои уламои Маркази исломӣ оғози моҳи Рамазонро муайян кард

Шӯрои уламои Маркази исломӣ оғози моҳи Рамазонро муайян кард

Шӯрои уламои Маркази исломӣ  оғози моҳи Рамазонро муайян кард
2017-05-23
9968

Имрӯз соати 10.00 дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид. Нахуст дар назди уламои кишвар, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати фарорасии моҳи мубораки Рамазон табрику таҳният гуфт. Сипас Раиси Маркази исломӣ ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис ошно намуда, изҳор дошт, ки мувофиқи ҳисобҳои илмӣ оғози моҳи Рамазон дар кишвар ба рӯзи 27-уми май рост меояд. Баъдан аъзои Шӯрои уламо масъалаҳои рӯзномаи маҷлисро муҳокима ва баррасӣ намуда, чунин қарор карданд:

1. Мувофиқи ҳисоби илмӣ аввали моҳи шарифи Рамазон дар соли 2017 ба ҳисоби тақвимӣ рӯзи шанбе 27-уми май муайян карда шавад.

2. Мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 22950 сомонӣ муқаррар карда шавад, ки аз он 575 сомонӣ закот дода мешавад.

3. Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 48 сомонӣ (барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд) муайян карда шавад.

4. Фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазони соли 2017 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва бемороне, ки аз сиҳатшавии онҳо умеде нест ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шавад.

5. Хатми Қуръони карим дар масҷидҳои ҷумҳурӣ мувофиқи имконияти мавҷуда дар ҳудуди 1 пора дар намозҳои таровеҳ гузаронида шавад.

6. Матни табрикотии Раиси Шӯрои уламо ба аъзоёни Шӯро мувофиқа карда шуда, ба тамоми мардум расонида шавад.

7. Тақвими моҳи шарифи Рамазон, ки аз ҷониби Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломӣ тартиб дода шудааст, тасдиқ карда шавад.

8. Бо дарназардошти вазъи кунунӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ садақаи фитр танҳо ба ниёзмандону маъюбон ва ятимон дода шавад, на ба имомхатибону саидзодаҳо.

9. Имомхатибон вазифадор карда шаванд, ки дар мавъизаҳояшон таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ ва волоияти арзишҳои миллӣ, татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд”, илмомӯзии наврасону ҷавонон ва расонидани кӯмаки моддӣ ба ятимону бепарасторон аз ҳисоби садақаи фитр, пешгирии исрофкориҳо ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намоянд. Маҷлис бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи Пешвои миллат ва мардуми кишвар ҳусни ихтитом пазируфт.

Pray time in Dushanbe

29.03.2024

More
Fajr04:43
Zuhr12:40
Asr16:56
Maghrib18:55
Isha20:25
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More