Home News ҲИФЗИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ИҶТИНОБ АЗ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ

ҲИФЗИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ИҶТИНОБ АЗ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ

ҲИФЗИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ИҶТИНОБ АЗ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ
2017-11-16
3592

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Худованди таъоло дар қуръони карим барои мунофиқон мақоми хосе ҷудо намуда, дар оёт ошкоро онҳоро сифат намудааст: «Иннал мунофиқина фи – д - даркил асфали минан нор» - ҳамоно мунофиқон дар табақаи поёнтарини дӯзах қарор мегиранд.

Мунофиқ дар дини мубини Ислом барои он манфур ва мардуд аст, ки худро дӯсту ғамхор вонамуд карда, дар асл, дар замири худ ниятҳои нопок дорад. Одамон ба гуфтори хуши мунофиқон фирефта шуда, ба онҳо бовар мекунанд, эҳтиромашон мекунанд, дар паҳлӯи худ ҷой дода, як бурда нонро бо ҳам мебинанд. Аммо мунофиқ ҳамеша дар пайи тавтеа аст, интизори фурсати муносиб, то ин ки дар лаҳзаи даркорӣ, бо сӯиистифода аз боварии мардум, одамонро ба майдон кашад ва хуни бегуноҳонро резад. Агар дар ҷамоате як мунофиқ бошад, барои иғвогарӣ кифоя аст. Аммо агар дар кишваре гурӯҳи муташаккили мунофиқон, дар рӯй ниқоби ҳомии ислом, дар замир тинати аҳреманӣ бошад, қариб аст, ки ҷомеа ба хоку хун кашида шавад.

Чунин гурӯҳҳои ба ном исломӣ дар ҳар давру замон вуҷуд доштанд ва дар баъзе ҳолатҳо давлатҳои ободро хароб ва ҳукуматҳои адолатпешаро сарнагун месохтанд.

Дар замони мо, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низ чунин як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ арзи ҳастӣ намуда, аз ибтидои солҳои ҳаштодум дар байни мардум кор мебурд. Ин тоифаи шайтонӣ худро ҳизби наҳзати исломӣ унвон намуда, дар асл як гурӯҳи авбошон, ҷинояткорон ва ҷаллодон буданд.

Мутаассифона, баъзе ҷавонони гумроҳ ба ояту ҳадисҳои бофта ё таъвилкарда ҳизбиён бовар карда, ба он ақида буданд, ки дар роҳи ростанд. Пешвоёни ташкилоти террористии ҳизби наҳзати ба ном исломӣ аз хориҷа маблағҳои ҳангуфт гирифта, муқобили ватан ва мардуми худ нақшаи  хунин тарҳрезӣ менамуданд.

Баъд аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ борҳо гуфта мешуд, ки дар ислом ҳизб нест, таъкид мегардид, ки маҳз ҳизби наҳзат сабабгори бадбахтии мардуми тоҷик аст, аммо мутаассифона баъзе одамон бовар намекарданд.

Аксари рӯҳониён дар баромадҳои худ симои воқеии ҳизби номбурдаро ошкор сохта, такрор ба такрор пешниҳод менамуданд, ки ТЭТ «ҳНИТ» бояд баста шавад. Чунонки мегӯянд, вақт довар аст. Имрӯз гуфтаҳои рӯҳониён тасдиқ гардиданд – мунофиқони наҳзатӣ ба нияти амалӣ сохтани ғаразҳои худ, яъне барҳам додани сохти конститутсионии ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сардории Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба ҳоҷӣ ҳалим қиём намуда, хостанд ватани моро ноором ва давлату ҳукуматро сарнагун созанд.

Ин гурӯҳи террористии ҷиноятпеша пеш аз ҳама алайҳи Сарвари давлат ва дар симои Президенти кишвар алайҳи ватани худ силоҳ бардоштанд, бинобар ин Худованд онро расвову сарнагун сохт, зеро Парвардигор хоинонро дӯст надорад:

«Султон сояи Худованд дар рӯи замин аст. ҳар кас султонро икром кунад, Парвардигор ӯро икром менамояд ва ҳар кас султонро иҳонат (таҳқир) кунад, Худованд ӯро иҳонат мекунад» (ҳадиси шариф).

Агар ҳоло ҳам тарафдорони бегуноҳии ТЭТ ҳизби наҳзати исломӣ бошанд, ки ҳанӯз чашмашон кушода нашудааст, боре ба «натиҷаи кори» онҳо назар кунанд: Муҳиддин Кабирӣ ба хориҷа фирор намуда, ҷинояткоронро роҳбарӣ мекунад, тамоми аъзоёни ҳизби террористии мазкур дар ҳолати омодабош, интизори як ишора, афсарону генералҳои хиёнаткор дастаҳои қотилонро мусаллаҳ намуда, ба иншоотҳои муҳим ҳуҷум намуданд, баъзе «хоҷагони хориҷӣ» қарсакзанон «бале-бале» мегӯянд.

ҳоло ҳам шунида мешавад, ки гӯё ин ҳама тӯҳмат аст ва Кабириву дигарон гунҷишкони бегуноҳ! Эй мардум, боз чӣ қадар сарбози ватан бояд ҷони худро фидо кунад, то ин ки мо бовар кунем, боз чӣ қадар хуни ноҳақ рехта шавад, ки мо ҳақиқатро дарк кунем!

Пайравони ТЭТ «ҳНИТ» соли 1991 ҳамаро террор намуда, қариб буд, ки давлати соҳибистиқлоли моро бори дигар несту нобуд кунанд.

Дар ҳамаи ин ҳолатҳо давлат онҳоро бахшид – ба хотири ваҳдати миллӣ, ба хотири тинҷиву амонӣ, ба хотири сулҳу субот. Аммо бубинед, ки ин бадхоҳон дар симои ТЭТ «ҳНИТ» боз ба кори худ идома доданд. Дигар барои чунин афрод бахшиш нест. Ба гуфти Саъдии бузург:

Тараҳҳум бар паланги тездандон,

Ситамгорӣ бувад бар гӯсфандон.

 

Оре, тараҳхум бар душмани ошкор, ситам бар мардуми осоишта мебошад. Агар мо боз ба ин тоифаи ҷиноятпеша раҳм кунем, бори дигар онҳоро бахшем, ин дафъа халқ моро намебахшад. Душманро боре бахшидем, баъд аз бист сол боз ҳуҷум кард, агар ин дафъа низ ба доду фиғони адув бовар кунем, зомини фарзандони миллат мешавем.

Асари ТЭТ «ҳНИТ» бояд ҳарчӣ зудтар решакан карда шавад, роҳбарон ва аъзоёни ҷиноятпешааш дар назди мардум ҷавоб диҳанд, террористони боқимондааш дастгир карда шаванд.

Аз номи дини мубини Ислом мардумфиребӣ бас аст! Бигзор диндорон озодона Худоро ибодат кунанд.

Аз номи тамоми ходимони дин бори дигар иброз медорем: Нест бод ТЭТ «ҲНИТ», ки ташнаи хуни тоҷикон будааст. Нест бод идеологҳо ва маслиҳатгарони пасипардагӣ. Нест бод душмани миллати тоҷик.

Маҳмаднемон Маҳмудов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи

д.Комсомоли н. Носири Хусрав 

Pray time in Dushanbe

19.04.2024

More
Fajr04:09
Zuhr12:40
Asr17:18
Maghrib19:16
Isha20:47
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More