Home News Шоҳиди зиндаи бедодии ҲНИТ

Шоҳиди зиндаи бедодии ҲНИТ

Шоҳиди зиндаи бедодии ҲНИТ
2017-11-19
3222

Сӯҳбати ихтисосӣ бо Сияҳаков С.Ш. – яке аз раҳбарони САМНИТ (ниҳоди амниятии ИНОТ) дар солҳои 90-уми асри гузашта доир ба фаъолиятҳои муғризона ва тахрибкоронаи ҲНИТ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва дахолати нерӯҳои хориҷӣ ба он

Муҳтарам акои Сайҷалол, лутфан дар бораи шахсияти худ чанд ҷумла барои хонандаи мо бигӯед. Чӣ шуд, ки Шумо- ходими КГБ-и СССР бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ ба ҷониби ИНОТ гузаштед?

Ман, Сияҳаков Сайҷалол Шашевич,  30-юми майи соли 1954 дар деҳаи Болшевики ноҳияи Қубодиён, дар оилаи деҳқон таваллуд шуда, мактаби миёнаро низ дар ҳамон маҳал хатм кардам. Муддате чанд (1976-1979) дар системаи комсомол кору фаъолият намуда, то вазифаи мудири шуъбаи ташкилӣ расидам. Аз соли 1979 то 1980 шунавандаи курсҳои яксолаи Мактаби олии КБД ИҶШС (КГБ СССР) дар ш.Мински Белорусия буда, баъд аз хатми ин муассисаи таълимии махсус (с.1980) ба ҳайси ваколатдори калони оперативии ШН дар н.Фархорбудаи РКБД дар в.Кӯлоб таъин шудам. Соли 1984 ба Шуъбаи 5-уми РКБД дар в.Кулоб гузашта, то соли 1988 кор кардам. Сипас, аз соли 1988 то 1992 ба ҳайси ваколатдори калони оперативии ШН Ванҷбудаи РКБД дар ВМКБ фаъолият намуда, дар асоси ротатсия моҳи декабри соли 1992 ба ҳайси ваколатдори калони ШН дар н.Ҷиликулбудаи Раёсати Кумитаи амнияти миллии ҶТ дар в.Хатлон таъин мешавам. Аммо, бинобар оғоз гардидани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷануби кишвар, зери таъсири рӯҳӣ-равонии мубаллиғони ҲНИТ ва ҳамқавмҳоям (мардуми «вахёчӣ») бо ИНОТ пайвастам ва хатти сарҳади давлатиро убур намуда,  ба самти ҶИА фирор намудам.

Бо назардошти корманди мақомоти амният буданатон оё роҳбарияти ИНОТ ба Шумо эътимод доштанд?

Не. Ҳарчанд дар он тарафи марз бо роҳбарияти кулли ҲНИТ ҳамроҳ шуда, онҳоро бо маълумотҳои ҷолиби диққати мақомоти бехатарӣ шинос намуда бошам ҳам, наҳзатиён муддатҳои тулонӣ аз ман, хамчун «одами КГБ» канораҷӯӣ мекарданд ва мавриди санҷишу омӯзиши амиқ қарор медоданд.

Баъд аз таъсис додани Созмони амнияти муҳоҷирони наҳзати исломии Тоҷикистон (САМНИТ) Ҷумабеки Салом(лақабаш «Холид», соли таваллудаш тахминан 1958-1960, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Пилдони ноҳияи Лахш, айни ҳол бо аҳли хонаводааш дар Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад)-ро ба ҳайси роҳбар ва ману  Султони Ҳамад, собиқ корманди амнияти бехатарии ҶТ-ро ба ҳайси муовинони роҳбари САМНИТ таъин менамоянд.

«Холид» кӣ буд ва чаро маҳз ӯро роҳбари САМНИТ таъин намуданд?

«Холид» (Ҷумабеки Салом)-ро маҳз ба хотири он, ки яке аз нафарони эътимоднок ва «дасти рост»-и Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба ҳисоб мерафт, роҳбари САМНИТ, ба ибораи дигар гӯем «вазири амният» таъин намуданд. Дар асл ӯ ягон рӯзе ҳам дар мақомотҳои амниятӣ кор накардааст.

Оё мумкин аст, ки нафари дур аз соҳаро роҳбари соҳа монд? Инро дигар наҳзатиҳо чи хел қабул карданд? Ин магар барои худи онҳо хавфнок набуд?

Он ҷо демократия набуд, ки «қабул мекунед ё не?». Чи гапе, ки роҳбарияти ҲНИТ мегуфт, ҳамон мешуд. Аз оне, ки «Холид» савияи дониши тахассусии амниятӣ надошт, ҳамаро зулм мекард. Қариб ҳамаи муҳоҷирини гурезаро аз ғелбор мегузаронд. Дар шахсияти дилхоҳ одам ӯ метавонист «агенти амният»-ро «ошкор» кунад ва ҳукми онро содир намояд. Аз худи наҳзатиҳо нафарони зиёде омода буданд, ки ӯро бикушанд.

Агар роҳбари САМНИТ дониши тахассусӣ ва таҷриба надошт, пас тарзи корбарӣ ва масъулиятҳои дигарро кӣ ва чӣ гуна иҷро мекард?

Тамоми роҳу усул, тарзи корбарӣ, ҷобаҷокунии «кадр»-ҳо, содироту воридоти молу маҳсулоти озуқаворӣ, тамос бо ҳукуматҳои кишварҳои исломӣ, ташкилоту ҷараёнҳои террористӣ, дастраскунии яроқу аслиҳаро ба роҳбарияти ҲНИТ инструкторони эронӣ мефаҳмониданд.

Инструкторони эронӣ?

Бале,  эрониҳо. Хадамотҳои махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон ибтидо аз соли 1992 дар қаламрави ҶИА ҳукумати мухолифинро аз ҳисоби роҳбарони ҲНИТ таъсис дод ва пурра зери назорати худ гирифт. Дар натиҷа ҳизби сиёсиро ба ташкилоти террористӣ мубаддал намуд. 

Ман ба як чиз ҳайрон будам. Дар Тоҷикистон-ку ҷанг нав сар шуда буд, мардум ҳатто барои гурехтан ва ё ягон молу амволи рузғорашонро бо худ гирифтан фурсат надоштанд. Лекин, эрониҳо, ба монанди «фолбин» аллакай то давраи фирори муҳоҷирини тоҷик ба Афғонистон, дар қаламрави ин кившар созмону ташкилотҳоеро таҳти пӯшиши ҳимояи ҳуқуқи «мазлумон» таъсис дода, барои муҳоҷирони фирории тоҷик аллакай лагерҳои хаймавӣ (палаточные лагеря) гузошта буданд. Мардуми оддӣ аз ин кори «хайри бародарон»-и эронияшон миннатдорӣ мекарданд, ки гӯё будаанд одамоне, ки ғами моро мехурад. Бехабар аз он, ки …..

 Аммо ман, ки худ аз кадрҳои он замони пурқудрати КГБ СССР будам, зуд дарк кардам, ки ҳамаи бадбахтиҳои ба сари мардуми тоҷик омадаро маҳз хадамотҳои махсуси Эрон пешакӣ тарҳрезӣ намудаанд. Ҳиҷрати иҷбории мардуми тоҷик, интихоби макони сукунат дар Афғонистон, таълиму тадрис дар мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ, мағзшӯӣ ва истифодаи онҳо бар зидди Тоҷикистон - бандҳои алоҳидаи нақшаи бузурги хадамоти махсуси Эрон буд.

Барои чунин иддао пеш овардан чӣ далел доред?

Далел? Ҳазорон далел дорам. Барои мисол, зери пӯшиши кормандони ташкилоти байналмилалии «Ҳилоли Аҳмар» нафари эроние бо номи «Муродӣ» кор мекард, ки бо методу усули фаъолияти мақомоти бехатарӣ пурра шинос буд. Ҳарчанд назди дигарон иртиботи худро бо мақомоти истихборотӣ (разведкавӣ) ошкор намекард, ман ҳис мекардам, ки ӯ корманди хадамотҳои махсус аст. Зеро шеваи гуфтор ва рафтору кирдори ӯ нафари низомиро мемонд. Ба ҳар як масъалаи муҳим, аз ҷумла ба шахсияти нафарони шубҳанок, оиди вазъи сиёсӣ-ҳарбӣ ва иқтисодии ҶТ, дар хусуси қумондонҳои саҳроии фронти халкӣ ва ИНОТ (ҲНИТ) таваҷҷӯҳи хоса дошт, барои пурра кардани маълумоти андак, паҳлӯҳои дигари онро аз ман пурсуҷӯ мекард. Бо мақсади ба боварӣ даромадан ҳатто кӯшиш мекард, ки бо лаҳҷаи мардуми муҳоҷир муошират кунад.  Ин хоси одамони амниятист! Инро мехононанд.

Боре ба ман, роҳбарамон «Холид» гуфта буд, ки оғои Муродӣ аз ӯ ва дигар роҳбарони ҲНИТ тамоми маълумотҳо, аз ҷумла, иқтидори низомӣ, нафарони далеру нотарс, ҷанговарони худкуш ва ғайраро ба тафсил пурсон мешавад, дар китобаш қайд мекунад, шабҳои дароз таҳлил мекунад ва ба Маркази худ иттилоъ медиҳад.

 Ин маълумотҳо, ки ба қавли Шумо, аз ҷониби оқои Муродӣ ба «Марказ» фиристода мешуданд, дар чӣ коре ва ё тасмиме истифода мешуданд?

 Худ қазоват кунед. Ташкилоти «Ҳилоли аҳмар», ки вазифаи асосияш таъмини мардуми камбизоат ва фирорӣ бо маҳсулотҳои ғизоиву доруворӣ бошад, ба размандагони маргталаб, вазъи сиёсиву ҳарбӣ чӣ сару коре дорад?? Ҳаминро гуфтаниям, ки маҳз хулоса ва қарори хадамоти махсуси Эрон буд, ки Ризвон Сидирови қумондони саҳроии ҲНИТ- яке аз манфуртарин ва хунхортарин чеҳраҳои ҷанги шаҳрвандиро барои нотарсиву ваҳшонияти хосаш «Амир» интихоб намуда, ба ҶТ равон карда буданд. Агар ёдатон бошад, Ризвон ба Ғарм омада, байрақи «Ҷумҳурии исломии Ғарм»-ро зада буд. Бунёди ҷумҳурии исломӣ ва тадриҷан дар зеҳну шуури мардум ҷой кардани ақоиди «шиагароӣ»- яке аз вазифаҳои муқаддаси Эрон буд, ки тавассути хадамотҳои махсусаш амалӣ мекард. Оғои Муродӣ тавассути Давлат Усмон (яке аз роҳбарони ҲНИТ, собиқ муовини сарвазири ҶТ аз рӯи квотаи 30%), ки ҷабҳаи «муҷоҳиддини ғармиву ҳоитӣ»-ро сарпарастиву назорат мекард, инчунин маблағҳои ҳангуфт бо асъори доллари ИМА ба гурӯҳи қумандонҳои водии Рашт медод.

Маблағхоро кӣ медод ва интиқоли онҳо чи тавр сурат мегирифт?

Маблағро эрониҳо бебаркаш медоданд. Боре, солҳои 1993-1994 барои интиқоли маблағ Эшони Сайидакобир (с.т.1951-1952, зода ва истиқоматкунандаи н.Панҷ, яке аз нафарони бонуфузи ҲНИТ ва шахси эътимодноки С.А.Нурӣ), пинҳонӣ ба Тоҷикистон сафарбар карда шуда буд. Ба фикрам мақомотҳои амниятии кишвар ӯро боздошт намуда, дубора ба Афғонистон фиристода буданд. Зеро баъди бозгашт рӯҳияи ӯ дигар гашта, дамфурубурда шуда буд. Баъди бозгашт, ман ҳамчун корманди амниятӣ (манзур САМНИТ) ӯро мавриди пурсупос қарор дода будам. Ӯ ба ман гуфт, ки «акаи Сайҷалол, гап байни худмон мона, ростша бгем, ҳама аҳмақӣ аз худмон гузашта буд, ина акнун муттаҳами эрониву паштунӣ шуда, сарсон меегардем. Тоҷикистон рафтум, дилум реш-реш шид. Гуфтм дига наём. Бимирам гуфтам ҳам, дар хоки диёрам мирам. Лекин чӣ чора, ки худкардаро дигар ҳоҷат нест».. Инро гуфту гирист...

Он вақтҳо, ки телефони мобилӣ набуд, чӣ тавр барои вохӯриҳо дар ҶТ  маслиҳат мешуд?

Ин чиз барои мо аллакай муҳайё шуда буд. Чи тавре, ки боло ишора кардам, эрониҳо тамоми роҳбарияти ҲНИТ-ро бо техникаву таҷҳизотҳои мавҷпахшкунанда ва мухобараҳои замонавӣ таъмин карда буданд. Ин таҷҳизотҳоро Сайидаҳмад Нажмиддинов (аз ҳисоби квотаи 30% баъди истиқрори сулҳ муовини вазири алоқаи ҶТ таъин шуда буд) идора мекард ва мо (кули роҳбарияти САМНИТ ва ҲНИТ) аз Афғонистон бо муҷоҳиддини дар Тоҷикистон қарордоштаи  ҲНИТ, аз ҷумла Резвон Садиров, Ш.Искандаров, Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва дигарон ба алоқа мебаромадем.

Роҳбарияти ИНОТ бо хадамоти махсуси Эрон танҳо дар сатҳи машварату тавсия ва роҳу усулҳои корбарӣ ҳамкорӣ доштанд? Ва аз нигоҳи Шумо, дастгириву ба Тоҷикистон фиристодани размандагон ва дигар чеҳраҳои ИНОТ чӣ ҳадафҳоеро ба дунбол дошт?

Роҳбарияти ИНОТ сари ҳар масъала бо оқои Муродӣ маслиҳат карда, барои ташкил намудани горди ҷангӣ дар ҳудуди ш.Қундуз маблағ ва муҳимоти ҷангӣ дархост намуда буданд. Ҳамин тариқ, аввалин горди ҷангие, ки бунёд шуд ва дар аввал беш аз 250 разманда дошт, баталёни ҷангии «Хандақ» зери роҳбарии М.Зиёев (ҷага) ва Ҳаким Қаландаров таъсис дода шуд. Баъдтар теъдоди ин баталон аз 500 нафар ҷанговар гузашта буд. Чи тавре, ки худ аллакай дарк кардед, ин ҷо тавсия не, натиҷаи воқеӣ аст!

Ҳамин ҷо бояд қайд намоям, ки тамоми ҷабҳаи мухолифин, аз ҷумла қаноти «размандагони панҷӣ» маҳз ба Мавлавӣ Маҳмадалии панҷӣ, ки дертар раиси муҳоҷирини тоҷик дар Афғонистон таъин гардида буд, итоат мекарданд.

Оё худи Шумо низ бо оқои Муродӣ ва ё дигар намояндагони хадамоти махсуси Эрон дар он айём вохурдаед ё ин ҳамаро ҳамин хел тахмин мезанед?

Замоне, ки ман муовини роҳбари САМНИТ будам, «Холид» ва Султони Ҳамад борҳо аз ман  хоҳиш намуда буданд, ки бо Муродӣ вохӯрам ва ба гуфтаҳои ӯ розӣ шавам. С.Ҳамад доим мегуфт, ки «агар дар ҳамкорӣ бо оғои Муродӣ розӣ шавӣ, болои доллар мегардӣ..». Якум ин ки, Муродӣ мехост тамоми маълумотҳои вобаста ба вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳарбии муҳоҷирон сараввал ба ӯ пешниҳод карда шуда, сипас амалӣ карда шавад. Дуввум ӯ мехост, ки ман низ барои гузаштани курсҳои 6-моҳа ба Эрон  сафарбар шавам. Аммо, ман ба ин пешниҳодҳо розӣ нашудам ва боре ҳам ба Эрон сафар накардам. Зеро хуб медонистам, ки бо ин роҳ хадамотҳои махсус ҳатман маро ба ҳамкории махфӣ, ҳамчун «агент» ҷалб хоҳанд кард.

Яъне шумо, намояндагони САМНИТ низ зери итоати хадамоти вижаи хориҷӣ кор мекардед?

Бале, ҳамин хел буд. Зеро, Ҷумабеки Салом ва Султони Ҳамад чандин маротиба курсҳои 2-моҳа, 6 моҳа ва қутоҳмуддатро дар Эрон гузаштаанд. Баъди бозгашт вазъи молиявӣ-иқтисодии онҳо хеле хуб гашта, имтиёзҳои зиёдеро аз ҷониби оғои Муродӣ соҳиб мегаштанд.

Илова бар ин, дар 1 ҳафта қариб 4-маротиба Султони Ҳамад схемаву нақшаҳои махфӣ, тартиби ҷалбкунӣ, вазъи сиёсии ҶТ ва дигар давлатҳои СССР, инчунин дигар маълумотҳои хоси мақомоти амниятро дар варақаҳои алоҳида тарҳрезӣ намуда, дар  торикии шаб, тавассути автомобил ҳамроҳ бо ман ба назди Муродӣ рафта, ба ӯ пешниҳод мекард. Аз ман хоҳиш мекард, ки то аз назди Муродӣ баргаштан дохили мошин бимонам ва берун набароям.

Чеҳраҳои бонуфуз ва роҳбарони ИНОТ низ ба «курсҳои кутоҳмуддату дарозмуддат»-е, ки ишора намудед, ҷалб шуда буданд?

Ин тартиб (процедура)-и ҳатмӣ буд. Ба ҳамин минвол, дигар нафарони бонуфузи ҲНИТ, ба монанди С.А.Нурӣ, М.Ҳимматзода, А.Тураҷонзода, Давлат Усмон, Домулло Абдуғаффори «танка», Амриддин Табаров (мулло Амриддин), Домулло Маҳмадрасули Саъди ҷиликулӣ, Эшони Давлатхуҷаи панҷӣ, Эшони Давлатхуҷаи қумсангирӣ, Гадоев Мирзоназар Убайдович, Гадоев Мазҳариддин Убайдович, Сияров Нусратулло  Нодиршоевич ва дигарон низ пайваста ба Эрон сафар намуда, курсҳои махсусро мегузаштанд. Ҳамаи ин аз ҷониби оғои Муродӣ назорат карда мешуд. Охирин аз ҳисоби роҳбарият ва сатҳи миёнаи  ҲНИТ шабакаи васеи агентурии худро ташкил карда, онро роҳбарӣ мекард.

Метавонед дар бораи онҳое, ки исмашонро зикр кардед, каме тафсилот диҳед, чунки шахсияти баъзеи онҳо ба оммаи васеъ номафҳум аст??

Албатта, Домулло Абдуғаффори танка (аз маҳаллаи «Южный»-и ш.Душанбе) бо ваҳшониятҳои зиёд ном бароварда буд, ба ҳеҷ кас раҳм надошт, бо ҳар усул одамро қатл мекард. Тахминан баҳори соли 1993 дар ш.Толиқон дар бадани як муҳоҷири тоҷик, ки бечора замони Шуравӣ зиндонӣ шуда будааст, акси бо сузан куфташуда (наколка)-и Ленинро пайдо мекунанд. Домулло Абдуғаффор ин нафари мазлумро бо як бераҳмии махсус, рехтани оби ҷӯшомада ба даҳон ва баданаш, ба қатл мерасонад;

Амриддин Табаров (мулло Амриддин) низ аз нафарони бовариноки С.А.Нурӣ ба шумор мерафт, дар баъзе масоил фикру ақидаи худро озод баён мекард, аз касе наметарсид, хислатан хомуш ва хатарнок буд, бо оғои Муродӣ алоқаи зич дошт, сипас бо супориши ӯ гуруҳеро таъсис дод бо номи «Ансоруллоҳ» ва ба самти Покистон сафарбар гардид. Бояд донист, ки «Ансоруллоҳ» ҷузъи ҷудонашаванда, қисми ҳНИТ мебошад. Онҳо тифли як падару модаранд;

Домулло Маҳмадрасули Саъд (ҷиликулӣ)- аз размандагон ва стратегҳои нодири ҲНИТ ба шумор мерафт, робитаашро бо дигар қумондонҳои саҳроии афғону покистонӣ мустаҳкам карда буд, мактаби диверсантиро гузашта буд;

Эшони Давлатхуҷаи панҷӣ – соли таваллудаш тахминан 1961-1965, падараш собиқ раиси ноҳияи Панҷ, баъд аз гузаштани курсҳои 6 моҳа дар Эрон бо тавсия ва дастури оғои Муродиву ҲНИТ аъзои САМНИТ мешавад. Бо шеваю усул, тактикаи кор бо агентура, корҳои оперативӣ ва чорабиниҳои махсус шинос шуда буд. Гарчанде курсҳои 6 моҳаро гузашта бошад ҳам, дар самти амниятӣ тасаввуроти кофӣ  надошт, кундзеҳн буд;

Эшони Давлатхуҷаи қумсангирӣ- аз муллоёни донишманд буд, дар қатли одамон зиёд иштирок мекард, хислатан ҳушёру зирак буд, дар Ҳукумати фирории ИНОТ-и дар Афғонистон таъсисёфта вазири таблиғот таъин шуда буд;

Домулло Муҳаммадии қумсангирӣ – яке аз нафарони бонуфузтарин дар ҲНИТ, аз олами дин буд, маҳорати ораторӣ дошт, дар муошират ҳамсуҳбатро ба осонӣ ба худ ҷалб мекард.

Баъдан баҳсе ҳам пайдо шуда буд, ки кадомеро ба ҳайси роҳбари кулли ИНОТ таъин намоем, С.А Нурӣ  ё Домулло Муҳаммадии қумсангириро. Маҳз ба хотири оне, ки охирин «ҳоитӣ» буду аз қавми «Вахё» набуд, роҳбари кулл интихоб нагардид;

- Роҳбари мавлавиҳои н.Панҷ, як нафар ӯзбактабор, ки ному насабашро ба ёд оварда натавониста истодам. Он кас  аз хунхортарин муҷоҳидон ба ҳисоб мерафт, қавл дода буд, ки «барои ҷорӣ намудани қудрати ҲНИТ, омода аст Тоҷикистонро дар хун тар ва онро пора-пора кунад»;

Сайидҷалол (номи падарашро фаромўш кардам)- аз қишлоқи Ленинободи н.Шаҳритуз, соли 1994-1995 аз гурӯҳи «Алӣ беспалый» ҷудо шуда, бо Домулло Маҳмадрасули Саъди ҷиликулӣ мепайвандад. Баъди истиқрори сулҳ бо квотаи 30%  ба сохтори Сарҳадбонон ворид шуда, дар яке аз қисмҳои низомии вилояти Суғд кору фаъолият кардааст. Зери роҳбарии оғои Муродӣ кор мекард. Писараш дар ҷангҳои Сурия кушта  шудааст. Айни ҳол дар ФР қарор дорад;

Маҳмадалии Раис аз кишлоқи Ленинободи н.Шаҳритуз, аъзои фаъоли ҲНИТ, аз муридони С.А.Нурӣ ба ҳисоб меравад. Бо оғои Муродӣ ва дигар шаҳрвандони ҶИЭ дар алоқа буд. Курсҳои махсуси дарозмуддатро дар ҶИЭ гузаштааст. Баъди истиқрори сулҳ бо баҳонаи «роҳсоз» ба ш.Шибирғони ҶИА рафта буд;

Исоев Султон (қорӣ Султон), - с.т. 1959-60, зода ва собиқ истиқоматкунандаи деҳаи Қаирмаи с\з Тоҷикистони н.Қубодиён, яке аз аъзоёни фаъоли ИНОТ ва ҲНИТ. Айни ҳол дар СММ (ООН) кору фаъолият намуда, дар Швейтсария иқомат намуда истодааст. Сарватмандтарин нафари ҲНИТ ба шумор рафта, дар фаъолияти тахрибӣ ва зиддитоҷикистонии ҲНИТ дар хориҷи кишвар маблағгузорӣ мекунад. Фарзандҳояш муассисаҳои олии Аврупоро хатм кардаанд.

Мустафои наҳзатӣ-  с.т. 1964-65, зода ва истиқоматкунандаи маҳаллаи Турманистони н.Вахш, яке аз  «қассобон»-и ҳаммоми «Туркманистон», самти амалиётҳои махсуси ҷангиро дар сохтори ИНОТ ба ӯҳда дошт. Хамроҳ бо гуруҳи худ, Қаҳрамони ИҶШС, иштирокчии ҶБВ - Қосим Ҳайдаровро танҳо барои бо муҷоҳиддин напайвастанаш ваҳшиёна ба қатл расонидааст.

Оё дар Афғонистон буданд нафароне, ки муҳоҷирон ва ё роҳбарияти ҲНИТ-ро аз эҳтимоли гумроҳӣ ҳушдор диҳанд? Тоҷикони муқимӣ нисбати фаъолияти САМНИТ чӣ гуна муносибат доштанд?

Бояд қайд намоям, ки ҲНИТ тамоми кӯшишро ба харҷ медод, ки Ҳукумати ҶТ-ро сарнагун сохта, сохтори низоми исломиро дар Тоҷикистон ҷорӣ намояд. Барои амалӣ шудани ин ҳадаф ҳатто аз доираи хешу табор ва авлоди Амир Олимхони манѓити туркнажот, ки дар Афғонистон сукунат доштанд, даъват ба амал меоварданд, ки барои «ҷиҳод» алайҳи кофарон бо онҳо бипайванданд.

Боре, чандин нафар аз қавми Амир Олимхон, Иброҳимбеки босмачии лақай ва як гурӯҳ тоҷиктаборони замони инқилоб фироригашта ба назди роҳбарияти ҲНИТ ташриф оварда, даъват карданд, ки «равед ба Тоҷикистон, сулҳ кунед, Ватани худро аз даст надиҳед… То ҳол моро, ки беш аз 80 сол ин ҷо муқимӣ гаштаем, «мардуми гуреза» ном мебаранд. Нагузоред, ки бо шумо низ чунин кунанд..». Минбаъд, куҷое, ки ин мардум пайдо мешуд, намояндагони ҲНИТ ва навкарони оғои Муродӣ онҳоро пеш мекарданд. Намегузоштанд, ки ин ақида миёни муҳоҷирин паҳн гардад.

Таври маълум, фаъолият ва миссияи ташкилоти байналмилалии «Ҳилоли аҳмар» ироаи кӯмакҳои башардӯстонаи ғизоӣ ба мардуми ниёзманд аст ва қароргоҳи аслии ин созмон ҳам дар Аврупо мебошад. Аммо, Шумо ишора кардед, ки хадамоти махсуси Эрон аз номи ин ташкилоти бонуфуз суйистифода карда, фаъолияташро зери ниқоби он иҷро менамуд. Ин хадамоти махсус боз чӣ корҳоеро дар самти Тоҷикистон анҷом медод?

Бояд қайд намоям, ки ташкилоти байналмилалӣ ва аслии «Ҳилоли Аҳмар» дар шаҳри Мазори Шариф мустақар буд ва бо ташкилоти бофта ва ҳамноми кишвари Эрон дар шаҳри Толиқони Афғонистон ягон алоқамандие надошт. Офиси асосии «Ҳилоли Аҳмар»-и ҶИЭ дар шаҳри Толиқон буд ва намояндагони ин «ташкилот» мунтазам бо мақсади аёдат ба кампҳои мӯҳоҷирини тоҷик ба дигар шаҳру навоҳӣ (Хонобод, Қундуз) сафар мекарданд. Кормандони «Ҳилоли Аҳмар»-и  Эрон аз вохӯрӣ бо намояндагони ташкилоти аслии «Ҳилоли Аҳмар» меҳаросиданд. Аз онҳо мегурехтанд.

Оғои Муродӣ бо толибони покистонӣ дар тамос буд. Тавассути имкониятҳои Маркази худ аз миёни тоҷикписарони муҳоҷир қисматеро барои гирифтани таълими динӣ-диверсионӣ ба мадрасаи «Ибитобод», воқеъ дар сарҳади Кашмир  ва шаҳрҳои Исломободу Карочии ҶИП интиқол медод. Яке аз мударрисони онҳо, ки бо оғои Муродӣ дар алоқаи пайвастагӣ қарор дошт, «Араб-Башир» ном дошт. Номбурда ҷисман обутобёфта буда, дар намуди «каратэ» ва «футбол» ҳамто надошт. Тахминан солҳои 1998-1999, бо истифода аз имкониятҳои ҲНИТ зери пӯшиши «тиҷорат», аммо дар асл барои корҳои таблиғотӣ ба Тоҷикистон  омада буд.

Араб-Башир, ки бо маблағи калон ба ҶТ омада буд, мехост тиҷорат кунад ва аъмоли худро пеш барад. Аз ин танҳо роҳбарияти ҲНИТ огоҳ буд, ногаҳон дар назди хонаи ба иҷорагирифтааш дар ш.Душанбе ба қатл расонида шуд.

Яке аз шогирдон ва нафари боэътимоди Башир – Собир ном шаҳрванди ҶТ, собиқ аъзои фаъоли ҲНИТ аз деҳаи Сайёди н.Шаҳритуз ба ҳисоб мерафт. Номбурда айни ҳол ҳамчун адвокат дар ш.Душанбе фаъолият карда истодааст. 

Мазмуни сӯҳбати Шуморо исботи дигарбораи таҳмилӣ будани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ маънидод кардан мумкин аст…

Хадамотҳои махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон, ба монанди Вазорати иттилоот, Разведкаи ҳарбӣ, Корпуси посдорони инқилоби исломӣ ва ғайра зери пӯшиши ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, ба монанди «Ҳилоли Аҳмар», «Имдоди Ҳумайнӣ» ва ғ. яке аз тарроҳони аслии ҷанги шаҳрвандии ҶТ арзёбӣ гардида, барои бунёди ҷумҳурии исломӣ ва сарнагун сохтани ҳукумати ҶТ саҳм гузошта, фаъолияти тахрибкоронаи худро фаъолона ба роҳ монда буданд. Оқибаташон ба хайр бошад.

Оне, ки шумо иброз доштед, ваҳшатангез аст. Барои чӣ ин қадар ошкор сухан гуфтед. Аз ҷони худ, аз ҷони зану фарзанд ва наздикони худ магар андеша намекунед?

Мантиқи сухани Шуморо фаҳмидам. ҳНИТ, хадамоти махсуси Эрон аз ҳеҷ чиз рў намегардонанд. На аз куштори зан, кўдак, хоҳар, бародар. Он лафзи ширине, ки ба истифода мекунанд, амалаш ҳамин аст. Медонам, бо ин мусоҳиба ман ба ҷони худ ва наздиконам хатари ҷиддӣ эҷод кардам. Аммо илоҷи дигар нест. Мардуми тамоми Тоҷикистон бояд ин хатарро донанд, ҳушёр бошанд. Фаҳманд, кӣ кӣ ҳаст? Дигар ҳеҷ вақт фирефта нашаванд. Хонаи ободи худро насўзонанд. Фирефтаи бегонагон нашаванд. Агар ҲНИТ, хадамоти махсуси Эрон далел мекобад, ҳамаро «тўҳмат», «бўҳтон» мегўяд, ака марҳамат ман шоҳид, далел, самади ин «меҳрубониҳои» Эрон. Мисли ман садҳо шоҳиди дигар ҳаст. Пурсед, онҳо омодаанд, бо Шумо аз ин бештар маълумот медиҳанд. Дигар таваккал ба худо.   

   Барои изҳори андешаҳои далеронаву ҷасурона ташаккур!

Саломат бошед.

Мусоҳиб: Носирҷон Маъмурзода, рӯзномаи «Хатлон»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Фараж» № 46 (572), чоршанбе\ 15.11.2017 с.

Pray time in Dushanbe

29.03.2024

More
Fajr04:43
Zuhr12:40
Asr16:56
Maghrib18:55
Isha20:25
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More