Home News Иҷлосияи шонздаҳум – остонаи сулҳи тоҷикон

Иҷлосияи шонздаҳум – остонаи сулҳи тоҷикон

Иҷлосияи шонздаҳум – остонаи сулҳи тоҷикон
2017-11-21
3455

           Ба ёд овардани хотираҳои солҳои навадуми асри гузашта бисёр вазнин мебошад, чунки воъеаҳои  хунини  таърихи кишвари мо ба он солҳо мувофиқ меояд. Аз тарафи дигар бисёр зарур аст, чунки сулҳу салоҳ ва ҳаёти осоиштаи мо низ аз он рӯзҳо сарчашма мегирад. Бо баракоти Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олӣ, ки дар вазъи бисёр муташанниҷи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баргузор мегардид, саҳифаҳои аввалини сулҳи тоҷикон навишта шуд. ҷавҳари дастовардҳои Иҷлосияи ХVI он буд, ки фарзанди ҷонфидои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи раҳбарӣ ва давлатдорӣ интихоб гардид. Он замоне буд, ки давлату давлатдорӣ ба фалаҷомада ҷангҳои хонумонсӯзу даҳшатовар кишварро фаро гирифта буд. Дар чунин рӯзҳои барои мардуми Тоҷикистон вазнин, бо нияти холисона Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат ва давлтдории миллӣ ворид гардид ва бо дили поку андешаи сулҳофарин қадамҳои устувор ниҳод. Бо сифатҳои дурандешиву хирадмандӣ ва иродаи қавии худодода, эшон тавонистанд ҷомеаро аз нобудӣ ва парокандашудан натанҳо нигоҳ доранд, балки онро ба муттаҳидӣ, ваҳдату якдилӣ ва рушду такомул равона созанд.

Суханҳои “Ман ба Шумо сулҳ меорам”, ки аз самими қалби ватандӯсту халқпарварии Сарвари давлат гуфта шуда буд, чун нури илоҳӣ ба дилҳои мардум умедро ба ояндаи нек ҳидоят намуд. Раҳбари муаззами тоҷикон қавлу суханашро дар амал татбиқ намуд ва якдилиро дар ҷомеа ба миён овард. Имрӯз боз ҳам маълуми ҳамагон гаштааст, ки ҳамаи дастовардҳо ва комёбиҳои минбаъдаи рушди ҳаёти халқ, маҳз аз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифтааст.

ҳаёти пурбаракоти имрӯзаи мо, сулҳу ваҳдат ва хушбахтии мардуми Тоҷикистони азизамон низ ҳосили ҳамон иҷлосия мебошад. Мо бояд бо шукргузории ҳаррӯза ба қадри ин ҳама неъматҳои илоҳӣ бирасем ва қарзи ватандории мардуми Тоҷикистон аст, ки онҳоро аз дилу ҷон ҳифз намоем ва дар пайравии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун рамзи саодату    сулҳу ваҳдати миллӣ собитқадам бошем.

Калонзода Ибодулло

Имомхатиби масчиди «Нури ислом»

ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

Pray time in Dushanbe

24.04.2024

More
Fajr03:59
Zuhr12:40
Asr17:22
Maghrib19:21
Isha20:52
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More