Home News Қарори Раёсати Шӯрои уламо дар бораи мавлуди фархундаи Расули акрам (с)

Қарори Раёсати Шӯрои уламо дар бораи мавлуди фархундаи Расули акрам (с)

Қарори Раёсати Шӯрои уламо дар бораи мавлуди фархундаи Расули акрам (с)
2017-11-29
1208

Чунонки маълум аст, ҳар сол дар моҳи Рабеъул-аввал мавлуди мубораки Расули акрам (с) дар ҳамаи масҷидҳои кишвар баргузор мегардад. Имсол низ вобаста ба ин рӯйдоди фархунда Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард, ки тибқи он “ҷашни мавлуди Пайғамбар (с) дар масҷидҳои ҷумҳурӣ рӯзи 1-уми декабри соли 2017 қайд карда мешавад.

қобили зикр аст, ки мавлуди Расули Худо (с) яке рӯйдодҳои муҳим ва фаромӯшношуданӣ дар таърихи инсоният ба шумор меравад. Ба шарофати ин рӯйдоди саодатофарин таҳаввулоти бузурге дар зиндагии аҳли башар ба вуқуъ пайваст ва олам ба нури вуҷуди Ӯ мунаввар гардид.

Раёсати Шӯрои уламо кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно дорад.

Pray time in Dushanbe

19.10.2018

More
Fajr05:09
Zuhr13:00
Asr15:54
Maghrib17:53
Isha19:22
Speeches by the President
Паёми телевизионӣ ба муносибати Иди саиди Қурбон

Паёми телевизионӣ ба муносибати Иди саиди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

More