Home News МУЛОҚОТҲОИ РАИСИ ШӮРОИ УЛАМО БО ДОНИШҶӮЁН ВА МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ

МУЛОҚОТҲОИ РАИСИ ШӮРОИ УЛАМО БО ДОНИШҶӮЁН ВА МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ

МУЛОҚОТҲОИ РАИСИ ШӮРОИ УЛАМО БО ДОНИШҶӮЁН ВА МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ
2017-12-18
3935

МУЛОҚОТҲОИ РАИСИ ШӮРОИ УЛАМО БО ДОНИШҶӮЁН ВА МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ

Дар ҷараёни сафари расмӣ ба Федератсияи Русия 16-уми декабр Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода бо як гурӯҳ донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои шаҳри Маскав таҳсил менамоянд, вохӯрӣ намуд. Дар вохӯрӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода донишҷӯёнро бо Соли ҷавонон табрик гуфта, бо мисол овардани чандин намунаи меъёрҳои шаръӣ дар робита ба аҳамияти омӯзиши илм онҳоро ба таҳсили ҷиддии илму дониш даъват намуд. Таъкид гардид, ки пешрафту тараққиёти ояндаи кишвар аз сатҳи таҳсил ва донишҳои андӯхтаи онҳо вобастагӣ дорад. Аз ин хотир, Раиси Шӯрои уламо аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки бо дарки саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҳамчун намунаи ибрат ба дигар ҷавонони кишвар, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ дар роҳи андӯхтани илм дастгиру мададрасон бошанд. Саидмукаррам Абдуқодирзода бо ёдоварӣ аз вазъи мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир таъкид дошт, ки ҷавонони мо бояд аз афкору андешаҳои равияву ҷараёнҳои бегона ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву иртиҷоӣ, аз ҷумла ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ огоҳ бошанд ва дар мубориза бо он фаъол гарданд.

         Бегоҳи рӯзи 16-уми декабр дар маркази савдои “Москва” – яке аз калонтарин маконҳои фаъолияти муҳоҷирони тоҷик Раиси Шӯрои уламо ва ҳайати ҳамроҳонаш бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки он ҷо фаъолияти менамоянд, мулоқот анҷом дод. Дар вохӯрӣ оид ба вазъи сиёсӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, омилҳои дохилӣ ва берунии таъсиррасон ба раванди он, талошҳои Роҳбарияти олии кишвар дар самти ҳадафҳои асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ, таълимоту талошҳои Имоми Аъзам баҳри ваҳдат ва якпорчагии инсоният, ҳамдигарфаҳмӣ ва донишандӯзӣ дар дини ислом ва амсоли он суҳбати самимӣ баргузор шуд.

         Муҳоҷирони тоҷик аз иқдому дастгириҳои Роҳбарияти олии кишвар, ки ба беҳбуд гаштани шароити кории онҳо равона гардидааст, изҳори сипос намуданд. Онҳо ба суолҳои сершумори худ доир ба масоили мухталиф посухҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд. Эҳсос мегардид, ки чунин вохӯриву суҳбатҳо бо муҳоҷирони тоҷик зарур ва муфид мебошад ва зимнан, муҳоҷирони тоҷик низ хоҳиш намуданд, ки чунин мулоқотҳо ҳарчи бештар роҳандозӣ карда шавад.

Pray time in Dushanbe

19.04.2024

More
Fajr04:09
Zuhr12:40
Asr17:18
Maghrib19:16
Isha20:47
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More