Home News МЕСАЗАД ДАР НАСИБАТИ ҚИЁМИДДИНИ ҒОЗӢ САХТТАРИН ҶАЗО ТАТБИҚ ГАРДАД

МЕСАЗАД ДАР НАСИБАТИ ҚИЁМИДДИНИ ҒОЗӢ САХТТАРИН ҶАЗО ТАТБИҚ ГАРДАД

МЕСАЗАД ДАР НАСИБАТИ ҚИЁМИДДИНИ ҒОЗӢ САХТТАРИН ҶАЗО ТАТБИҚ ГАРДАД
2017-12-27
5145

Гумонам, бо шунидани хабари боздошт гардидани Қиёмиддини Ғозӣ – яке аз бераҳмтарин силоҳбадастони ҳодисаҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ҳар як шахс бори дигар итминон ҳосил намуд, ки ҳеҷ як кору рафторе дар ин дунё бе подош намемонад. Ин террористи ашаддӣ, ки барои расидан ба пулу моли ҳаром мардумро ба гирдиҳамоиҳову бетартибиҳо хондаву шиори “Иттиҳод рамзи пирӯзист”-ро ба худ ниқоб гирифта буд, чӣ бадбахтиҳое ба хонаводаи тоҷикон наовард. Хисороти ҷониву молии халқи мазлуми тоҷик ба ин иблиси одамсурат басанда набуд, ки бо маслиҳату машварати роҳбарияти имрӯза ТЭТ ҲНИТ ва сарпарасти доимии онҳо Эрон ба ҷалби мардуми суннимазҳаби тоҷик ба мазҳаби шиаи имомӣ пардохт. Мардуми авому камсавод ба суханони фитнаангезонаи ӯ гӯш доданд ва оқибат кор ба шиддат гирифтани вазъи буҳронии кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистон омада расид. Қиёмиддини Ғозӣ ба хотири касби нуфузи бештар миёни мардум худро “Генерали мардумӣ” хонда буд, ҳарчанд меарзад, ки ӯро “ғоратгари мардум”хонд. Пас аз оне ки ӯ ба мақсади худу хоҷагонаш расид ва кишвари мо ба коми ҷанги бародаркуши шаҳрвандӣ уфтод, ӯ бо наздиконаш ба Афғонистон кӯч бастанд. Яъне, вазъи ҳамаи ҳамватанонро ӯву ҳамсафонаш муташанниҷ карда, ба худ ҷои нисбатан оромтар ҷустанд.

Ба ҳамаи ин иктифо накарда, ӯ бо муаррифии худ ҳамчун масъули ҷамъоварии кӯмакҳо ба паноҳандагон ба дуздии ҳаққи мазлумону бечорагон, ки аз ҷониби ниҳодҳои байналмилалии хайриявӣ дода мешуд, даст зад.

Сирри “робитаҳои ҳасана”-и ӯ бо ҷониби Эрон албатта ба ҳама маълум аст. Зеро Эрон кишваре нест, ки ба ин содагӣ ва бе ягон ҳадаф ба касе ё гурӯҳе маблағе бидиҳад.

Ҳоло бо гузашти солҳои зиёд аз тариқи доварии вақт халқи тоҷик ба шинохти дӯсту душман даст ёфтааст. Ҳоло маълум гардид, ки баъзе ашхосе, ки аз Худову расул мегфтанду мардумро ба “биҳишти ҷовидон” ҳидоят мекарданд, дар асл душмани ин халқи шариф будаанд. Боварӣ дорем, ки гузашти солҳо нафрату ғазаби халқро нисбат ба душманон афзунтар мегардонад.

Воқеан аз рӯи инсоф мебуд, Қиёмиддини Ғозӣ, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарону пайравони ташкилоти ҳамакнун мамнуъи террористии ҲНИТ бо аланга додани оташи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба бесаробон модани ҳазорон оилаҳои тоҷик сабаб гаридаву даст ба аъмоли нангини ғайриисломиву ғайриисломӣ зада буд, дар назди халқи Худо ва қонуни давлат ҷавоб гӯяд.

Меарзад, ки дар нисбати чунин афроди хоини мазҳабу давлату миллат сангинтарин ҷазоҳо татбиқ гардад.  

Ӯ, ки умре халқро бар фитнаҳо ташвиқ кард,

Халқу миллат сад бадиҳои варо тасдиқ кард.

Пас ҳамакнун баҳри мазҳаб, баҳри адлу баҳри халқ,

Метавон дар нисбати ӯ сад ҷазо татбиқ кард.

 

Эшони Ҷамолиддин Неъматзода,

сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ба номи Мавлоно Яъқуби Чархии н. Рӯдакӣ

Pray time in Dushanbe

28.03.2024

More
Fajr04:44
Zuhr12:40
Asr16:55
Maghrib18:54
Isha20:24
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More