Home News МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ ИДОРАИ МУСУЛМОНОНИ ВИЛОЯТИ СВЕРДЛОВСК

МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ ИДОРАИ МУСУЛМОНОНИ ВИЛОЯТИ СВЕРДЛОВСК

МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ ИДОРАИ МУСУЛМОНОНИ ВИЛОЯТИ СВЕРДЛОВСК
2017-12-29
3955

27-уми декабр дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Раиси шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода  бо намояндагони Идораи мусулмонони вилояти Свердловски Федератсияи Россия дар ҳайати Абдулқуддус Ашарин-муфтӣ, раиси Идораи мусулмонони вилояти Свердловск, Фирсов Яков-роҳбари дастгоҳи Идораи мусулмонон, Иброҳим Якубов - ёрдамчии муфтӣ, Даврон Содиқов - имомхатиб ва роҳбари ташкилоти динии «Добрый свет»-и шаҳри Камишлови вилояти Свердловск доир гардид.  

Дар мулоқот аз ҳайати Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Раиси Кумита Фаррухулло Олимзода ва дигар роҳбарони воҳидҳои сохтории Кумита иштирок намуданд.

Дар дидори мазкур оид ба вазъи фазои динии кишвар, мубориза алайҳи ифротгароӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуб изҳори андеша сурат гирифт.

Ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои муштарак ибрози омодагӣ намуданд.

Pray time in Dushanbe

20.04.2024

More
Fajr04:07
Zuhr12:40
Asr17:19
Maghrib19:17
Isha20:48
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More