Home News Изҳороти Сархатибони масҷидҳои ҷомеъи марказии шаҳру навоҳии вилояти Суғд оид ба даъвоҳои беасоси ташкилоти террористии ҳизби мамнӯи Наҳзати Исломии Тоҷикистон.

Изҳороти Сархатибони масҷидҳои ҷомеъи марказии шаҳру навоҳии вилояти Суғд оид ба даъвоҳои беасоси ташкилоти террористии ҳизби мамнӯи Наҳзати Исломии Тоҷикистон.

Изҳороти Сархатибони масҷидҳои ҷомеъи марказии шаҳру навоҳии вилояти Суғд оид ба даъвоҳои беасоси ташкилоти террористии ҳизби мамнӯи Наҳзати Исломии Тоҷикистон.
2018-01-31
3767

Раванди рўзгор ва табодули шабу рӯз ҳамарӯза мо мардуми саодатманди Тоҷикистонро бо ҳидоят ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи саодату хушбахтӣ раҳнамун месозад.

     Муттассифона, агар мо ба атроф ба ташаккули воқеоту ҳаводиси ҷомеъаи ҷаҳонӣ бо мушоҳада назар афканем, маълум мешавад, ки чӣ тавр ин ё он ҳодисаҳои нобаҳангоми ҷаҳон аз дасти як гуруҳи ғаразнок ба вуҷуд омада, ба сари мардум мусибатҳои зиёд ба бор меорад.

         Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар солҳои 1992-1996 чӣ мусибатҳоеро ба сари миллати тоҷик овард, роҳбарони ин ҳизби хиёнаткор Ватан, миллат ва мазҳаби худро фурӯхтанд, як қисм мардумро гумроҳ карданд, дар охир ҳатто ба табаддулоти давлатӣ бо роҳбарии Ҳоҷӣ Ҳалим даст заданд ва имрӯз чанд нафаре аз роҳбарони ин ташкилоти террористӣ дар шабакаҳои интернетӣ даъвоҳои бе асос мекунанд, аз номи ислом сӯиистифода мекунанд, ки ин фаъолияти харобкоронаи онҳо мо ходимони динро бетараф намегузорад. Ин мавқеъгирии мо дар ҳолатест, ки сар то сар кишвари мо обод мешавад, ҳазорон иттиҳодияҳои динӣ бе мамоният фаъолият мекунанд, аммо нотавонбинони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон гоҳо санг мепартоянд, фикр мекунанд, ки мардум боз фирефта мешаванд, аммо мардуми Тоҷикистон кӣ ва чӣ будани ин ватанфурӯшон ва мазҳабфурӯшонро хуб медонанд, ба суханҳои фитнаангези онҳо бовар намекунанд.

         Мо ходимони дини вилояти Суғд изҳор медорем, ки дини мубини Ислом ба ягон ҳизби динӣ эҳтиёҷ надорад ва аз номи дин ҳизббозӣ карданро  хиёнат ба Ватану дин меҳисобем. Ҳар қувва ё нафаре, ки ин ташкилоти террористиро дастгирӣ мекунад ва роҳбарони онро бо маблағ таъмин мекунаду ба зидди Ватани худ, миллати худ ва мазҳаби худ ҳамчун хиёнаткор равона мекунад, бояд аз ғазаби Худо тарсад, зеро  ин амали онҳо кори инсонӣ нест.  Мо аз ташкилотҳои байналхалқии сулҳҷӯ умедворем, ки ин ҷинояткоронро ба давлатҳои худ роҳ намедиҳанд ва ба органҳои дахлдори Тоҷикистон месупоранд, бо ҳамин мардуми мусулмони Тоҷикистон аз бадкорон халос шуда оромона зиндагӣ мекунанд.

         Дар охир, мо ходимони дин дуо мекунем, ки Худои таъоло ҳеҷ касро аз роҳи росту дуруст бероҳа накунад, мардуми шарифи диёр соҳиби бахту саодати бардавом бошанд ва Тоҷикистони азиз обод бошад. Омин ё Раббал-оламин.

Матни изҳорот дар маҷлиси

васеъи ходимони дин ва сархатибони

шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

муҳокима ва тасдиқ шуда аст.

Pray time in Dushanbe

29.03.2024

More
Fajr04:43
Zuhr12:40
Asr16:56
Maghrib18:55
Isha20:25
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More