Home News Мулоқоти Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ бо донишҷўён ва тоҷикони муқими Истамбул

Мулоқоти Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ бо донишҷўён ва тоҷикони муқими Истамбул

Мулоқоти Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ бо донишҷўён ва тоҷикони муқими Истамбул
2018-02-01
3462

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода рӯзи 25 январ зимни як сафари корӣ дар бинои консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбули Туркия бо шаҳрвандони тоҷики муқими ин шаҳр ва рӯзноманигорони турк мулоқот анҷом дод. Дар ин мулоқот "масъалаҳои пешгирӣ аз шомилшавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ба монанди наҳзат, таҳсили ғайрирасмӣ дар муассисаҳои таълимии динӣ ва пурзӯр намудани фаъолият дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва муқовимат бо нерӯҳои зиддиконститутсионӣ баррасӣ гардид.”

Саидмукаррам Абдуқодирзода дар мулоқоти Истамбул амният ва тинҷиву оромиро бузургтарин неъмат барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон номида, аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ситоиш карда, қайд намуд, ки маҳз бо саъйу талошҳои ӯ ҳамаи сарсониву саргардонӣ, нооромию нотинҷӣ аз болои мардуми тоҷик бардошта шуд.

Саидмукаррам Абдуқодирзода ба 4 ҳазор расидани шумораи масҷидҳо дар Тоҷикистонро як файзи даврони истиқлол номида, ёдовар шуд, ки ҳоло бо ташаббуси Пешвои миллат сохтмони бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Душанбе идома дорад, ки дар он беш аз 100 ҳазор нафар дар як вақт метавонанд намоз хонанд.

Раиси Шӯрои уламо зимни мулоқот қайд намуд, ки дар Тоҷикистон озодии дин риоя мешавад: "Дарҳои масҷидҳои мо доимо кушода ҳастанд. Ҳатто дар вақтҳои ғайри намоз дарҳои масҷид баста намешаванд. Конститутсия барои ҳар як шаҳрванд кафолати озодии дин ва ибодатро бо роҳе, ки онро дуруст мешуморад, таҳия кардааст.” Инчунин таъкидбаон намуд, ки дар хориҷ ба таълимоти ғайрирасмии динӣ фаро гирифта шудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ боиси нигаронии мо мебошад. Зеро яке аз омилҳои асосии ҷалб ва шомил шудани ҷавонон ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ таълими ғайрирасмии динӣ дар хориҷи кишвар ба шумор меравад.

Саидмукаррам Абдуқодирзода бо ёдоварӣ аз ин ки дар Тоҷикистон Донишгоҳи исломии ба номи Имоми Аъзам амал мекунад ва он факултаҳои зиёд дорад, аз шаҳрвандони тоҷик даъват ба амал овард, ки аз таҳсил дар мадрасаҳои ғайрирасмии кишвари иқомат даст кашанд ва фарзандони худро дар муассисаҳои таълимии давлатии кишварамон таълим диҳанд.

Раиси Шӯрои уламо дар суханрониҳояш такрору батакрор аз ҳама даъват карданд, ки аз ҳар навъ равобита бо ТЭТ ҲНИТ худдорӣ кунанд. Дар поёни мулоқот Саидмукаррам Абдуқодирзода бори дигар ба мавзӯи ҲНИТ баргашт ва ба донишҷӯёни тоҷики муқими Истанбул ҳушдор дод, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва эҳтиёт бошанд, то дар доми аъзоёни ташкилоти террористии наҳзат наафтанд.

Pray time in Dushanbe

16.04.2024

More
Fajr04:14
Zuhr12:40
Asr17:14
Maghrib19:13
Isha20:44
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More