Home News Касе кин дорад, дин надорад!

Касе кин дорад, дин надорад!

Касе кин дорад, дин надорад!
2018-02-21
4259

“Касе кин дорад, дин надорад”. Ин гуфтаи Пайғамбар(с) барои ҳамаи аҳли имон мизонест, ки бо он худро баркашем. Кина ва адоват сифатест, ки дар дили муъмину мусулмон набояд ҷой дошта бошад. Аммо афсӯс, ки дар ин овони тинҷиву оромии кишвар шахсоне пайдо мешаванд, ки нисбати ватану ҳамдиёрони  худ ва ҳатто миллату арзишҳои волои ниёгонашон нафрату душманиро дар дил мепарваранд. Ба онҳо чӣ намерасад? Онҳоро кӣ халал мерасонад? Ба онҳо кӣ душманӣ мекунад? Чаро онҳо даст ба хиёнат мезананд? Намешавад, ки шукронаи давру замон, тинҷиву оромиро карда, зикру тоату ибодаташонро боихлос, дуову муноҷотро шабонарӯз ба даргоҳи Худованди мутаъол  бардавом ва аз Парвардигори олам хушбахтии дунё ва охиратро барои худ ва наздикону насли ояндаашон масъалат намоянд. Худованди бузург ваъда додаст, ки иҷобати дуо мефармояд, фақат бо ду шарт. Яке аз ӯ пурсон шавем, дигаре ба ӯ имон оварем.Чи хеле ки Худованд дар ояти карима мефармояд: «Пас ба нидои ман посух диҳанд ва ба ман имон оваранд, то роҳи рост ёбанд» (Бақара 186). Бале, ягона роҳи рост ва ҳақиқӣ ба у имон овардан ва аз ӯ пурсидан аст. Ва барои ин  ягон миёнараве байни банда ва Аллоҳ таъоло лозим нест. На ҲНИТ, на ДИИШ ва на дигаре. На Кабириву на Абубакри Бағдодӣ.

Ислом дини мукаммал аст ва чордаҳ аср  бе ягон ҳизб арзи вуҷуд дошт, то замоне, ки душманони ин дини пок барои мақсадҳои ғаразноки хеш онро сӯистифода намуда, бо сиёсат омезиш доданд ва мардуми мусулмонро аз пешравӣ ва тараққиёти замон боздоштанд. Имрӯз маълум гашт, ки сабаби асосии бадбахтӣ ва нооромиҳои  мусулмонони Афғонистон, Сурия, Ироқ, Либия ва ғайра  дар ин кишварҳо ба миён омадани Исломи сиёсӣ мебошад.

Чанд рӯз пеш овехта шудани парчами ДИИШ-ро дар боми бинои яке аз сокинони ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш далолат ба он менамояд, ки тарафдорони бархе аз ашхос ҳоло ҳам аз дилҳояшон  кинаву адоватро дур накардаанд. Онҳо бо ин корашон ба дили мардуми мусулмон тарсу ҳарос андохтанӣ шуданд, вале бидонанд, ки имрӯз мо тарсу нестем, балки ватандӯсту сулҳдӯст ҳастем. Мо намегузорем, ки саҷдагоҳи мо, хонаи мо - Ватанамон  Тоҷикистонро дигарбора ба хун оғушта намоянд. Ҳазорҳо шукрона менамоем, ки кишвари озоду ором  ва сарвари оқилу  одил  дорем ва зиёда аз он дилу нияти пок дар вуҷуди ҳар як фарди бонангу номуси ин миллати бузург, ояндаи дурахшони моро  намудор месозад.

Ибодулло Калонзода,

имомхатиби масҷиди «Нури ислом»-ш.Хуҷанд   

Pray time in Dushanbe

24.04.2024

More
Fajr03:59
Zuhr12:40
Asr17:22
Maghrib19:21
Isha20:52
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More