Home News Табрикоти Саидмукаррам Абдуқодирзода, Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибаи фарорасии моҳи шарифи рамазон

Табрикоти Саидмукаррам Абдуқодирзода, Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибаи фарорасии моҳи шарифи рамазон

Табрикоти Саидмукаррам Абдуқодирзода, Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибаи фарорасии моҳи шарифи рамазон
2018-05-16
1598

Ҳамду сано Худовандро, ки моро ба беҳтарин сурат офарид ва ба мо неъматҳои фаровон ва ақлу тадбир ато намуд. Дуруду саломи бепоён бар хотами пайѓамбарон - ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва бар ҳамаи хонадону ёронаш бод!

Ҳамватанони гиромӣ! Баъди муддате моҳи шарифи Рамазон меҳмони кулли мамолики мусалмоннишини олам, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. Ин моҳи муқаддас барои ҳар сокини мамлакат, азизу гиромист. Барои онҳое, ки худро пайрави дини мубини Ислом медонанд, ин моҳи шариф бузургтарин ва муқаддастарин моҳи солшумории ҳиҷрии қамарист ва риояи ҳар муқаррароти он муҳтарам дониста мешавад.

Нишонаи баланди эҳтиром ба дини мубини ислом аст, ки қабл аз Рамазон, дар санаи 12-уми майи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷомеаи кишвар – олимону рўҳониён, аҳли зиёи мамлакат мулоқот намуданд. Дар ин суҳбати самимӣ Сарвари давлати тоҷикон иброз намуданд, ки «дар моҳи шарифи Рамазон, ки Офаридгор дар каломи осмонии худ онро айёми иҷобати дуо, қабули тавба ва амалҳои хайру савоб донистааст, мардуми мо кўшиш мекунанд, ки фазилатҳои парҳезу накукориро бештар риоя кунанд, аз аъмоли зишт худдорӣ намоянд, ба аёдати падарону модарони худ ва беморону ранҷурон раванд ва шахсоне, ки тавону имконашон бештар аст, ба ятимону маъюбон ва камбизоатону дармондагон дасти мададу ёрмандӣ мерасонанд. Дар баробари ин, моҳи шарифи Рамазон ба сифати яке аз рукнҳои дини мубини ислом имтиҳони нафсу ҷисми саркаши инсонӣ буда, одамонро ба сабру таҳаммул, эҳтироми якдигар, раҳму шафқат ва кумак намудан ба эҳтиёҷмандону камбизоатон ҳидоят месозад».

Дар ҳақиқат аз ҳикматҳои Илоҳист, ки мардум бояд ҷамъу муваҳҳид ва дар иттиҳоду ҳамбастагӣ бошанд, манофеи умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ ва гурўҳӣ болотар ҳисобанд, барои фардои наслҳои оянда кишвари ободро ба мерос гузоранд. Ҳам дар каломи бузурги Худованди тавонову якто – Қуръони карим ва ҳам дар аҳодиси Паёмбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) моҳи Рамазон ҳамчун моҳи файзу баракат, хайру саховат, раҳмату маѓфират, омурзиши гуноҳ ва иҷобати дуо таъкид ва ёдрас шудааст. Гиромӣ донистани ин моҳи шариф барои муслимини олам аз он сарчашма мегирад, ки дар ин моҳ китоби муқаддаси Қуръон – ҳамчун ҳидоятгару раҳнамои башарият нозил шудаааст. Ин моҳ арзишҳо ва ҳикматҳое дорад, ки барои ҷаҳониён сабақомўз ва намунаи ибратанд.

Ҷудо кардани адолат аз беадолатӣ, нек аз бад, асл аз хурофот, дониш аз ҷаҳолат ва ҳақ аз ботил яке аз чунин арзишҳо ба шумор меравад. Чунонки Худованд дар каломи шарифи хеш (ояти 185-уми сураи «Бақара») мефармояд: «Моҳи Рамазон моҳест, ки дар он Қуръон фурў фиристода шудааст, китобе, ки мардумро роҳбар ва дарбаргирандаи далоили ошкори ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст.  Ва ҳар ки аз шумо ин моҳро дарёбад, пас, албатта, дар он рўза дорад ва ҳар ки бемор ё мусофир бошад, пас, барои вай ба шумори он чи фавт шуд, аз рўзҳои дигар лозим аст. Худо барои шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад».

Парҳезгорӣ ва зиндагии ҳалолу покиза, мурувват намудан ба атрофиён, дасти фитодаҳоро гирифтан, кўмак кардан ба бародарони худ аз рўи тавону имкон, худдорӣ аз ҳама амалҳои ношоиста, доштани ахлоқи накў ва нерў бахшидани он тавассути амалҳои хайру савоб, худро ҷузъи ҷомеа ва ҷомеаро ҷузъи худ ҳисобидан ва даҳҳо арзишҳои дигаре ҳастанд, ки дар ин моҳи шариф барои рўзадорон ҳатмӣ шумурда мешаванд.

Муҳимтарин хислати ин моҳи шариф ҳамин аст, ки зоҳиру ботини фарди мусалмон бояд ягона бошад, сабру таҳаммул дар қалбу ҷисмҳо маҳкам ҷо бигирад, тамкину матонат инсонҳоро раҳнамо гардад, агар ба таври хулоса гўем, инсон дорои иродаи устувор бошад. Маҳз иродатмандӣ асосу решаи зиндагии поку беолоиши ҳар мусалмон дар Рамазон хоҳад буд. Фазилати дигари Рамазон ин аст, ки инсонҳо ба тартибу низоми зиндагии хеш таҷдиди назар мекунанд ва зеҳну андешаи худро зери партави каломи илоҳӣ мунаввар месозанд.

Аз Абўҳурайра (р) ривоят аст, ки Пайѓамбар (с) фармудаанд: «Тамоми аъмоле, ки фарзанди Одам анҷом медиҳад, аз даҳ то ҳафтсад баробар ба онҳо подош дода мешавад, магар рўза, ки Парвардигор мефармояд: «Рўза барои ман аст ва ман подошашро хоҳам дод. Инсони рўзадор ба хотири ман хўрдану нўшидан ва ҳавои нафсашро тарк кардааст». Рўзадор ба ду хушҳолӣ даст меёбад: аввалин хушҳолӣ ба ҳангоми ифтор ва дувумин хушҳолӣ ҳангоми мулоқоти Парвардигор. Бўйи даҳони рўзадор дар назди Худо аз бўйи мушк хушбўтар аст». 

         Анҷом додани амалҳои хайру савоб, боз намудани дари саховату ҳиммат на ба хотири дарёфти мартабаву обрўю эътибор миёни аҳли ҷомеа, балки ба хотири ризои Худованд аз ҳикматҳои дигари ин моҳи азизу муқаддас мебошад. Шахсе, ки дар моҳи мубораки Рамазон барои ризои Худо як амали нек ва ё як кори хайру савобро анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ѓайри ин моҳ анҷом додааст. Яке аз амалҳои хайру савобе, ки маҳз дар моҳи шарифи Рамазон анҷом додани он таъкид шудааст, садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон ба шумор меравад. Вобаста ба ин, мо ҳамеша он нуктаро таъкид мекунем, ки садақаи фитр ба ин табақаи ниёзманди аҳолӣ бояд дода шавад.

Дар ин бобат Паёмбари гиромӣ фармудаанд: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад». Тибқи ахлоқ ва одоби исломӣ инсон бояд ба шукронаи Худованд бо дасту дили кушод ва аз заҳмати поку ҳалоли худ хайру садақа анҷом диҳад.

         Чунонки зикр кардем, парҳезгорӣ муҳимтарин хусусияти ин моҳи шариф аст. Худованд дар каломи хеш (ояҳои 183-184-и сураи «Бақара») фармудааст, ки «Эй муъминон! Бар шумо рўза фарз гардонида шуд, ҳамон гуна, ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд, фарз шуда буд, бошад, ки парҳезгор шавед, рўза гирифтани рўзҳое чанд шумурдашуда. Пас ҳар ки аз шумо бемор ё мусофир бошад, пас шумори он аз рўзҳои дигар лозим аст. Ва бар касоне, ки рўза тоқатфарсост, фидяест, ки иборат аз хўрок додан ба як бенавост. Ва ҳар кас ба дилхоҳи худ хайре анҷом диҳад, пас он бар ў беҳтар аст ва агар бидонед, рўза гирифтан барои шумо беҳтар аст». 

Яъне дар баробари он ки фарз будани доштани рўза таъкид мешавад, кумак ба табақаи бенаво ва мувофиқи имконияти худ анҷом додани амалҳои хайру савоб низ хотиррасон мегардад. Маълум мешавад, ки парҳезгориву амали хайр ду қутб ё рукни ин моҳи бузург будааст.

Зиёда аз ин, тибқи ақоиди исломӣ савоб пояи имонро мустаҳкам месозад, чунонки аз Абўҳурайра (р) ривоят аст, ки Пайѓамбар (с) фармудаанд: «Касоне, ки рўзаи Рамазонро бо имон ва қасди савоб бигиранд, тамоми гуноҳони гузаштаи онҳо афв мешавад, касоне, ки дар шабҳои Рамазон бо имон ва қасди савоб намозҳои нафл (таровеҳ ва таҳаҷҷуд) бихонанд, тамоми гуноҳони гузаштаи онҳо афв мешавад, касоне, ки дар шаби қадр бо имон ва қасди савоб намоз бихонанд, тамоми гуноҳони гузаштаи онҳо афв мешавад».

         Набояд фаромўш кард, ки моҳи Рамазон моҳи имтиҳони на фақат неруи ҷисмонӣ ва парҳез аз ѓизо, балки имтиҳони вазъи рўҳиву равонӣ ва покизагии нияту аъмол ҳам ҳаст. Ин нукта ба онҳое дахл дорад, ки ба хизматрасонии мардум масъулият доранд. Ба таври сунъӣ боло бардоштани нарху навои бозор ба хотири фоидаи бештар гирифтан дар ин моҳ амали бадтарине ҳаст, ки дар дини мубини Ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст. Набояд фаромўш кард, ки дар ин маврид Паёмбари гиромиии Ислом фармуданд: «Агар касе дар нархгузории ризқу рўзии мусулмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рўзи қиёмат ўро дар оташи дўзах қарор хоҳад дод».

         Инсонпарварӣ ва инсондўстӣ, эътирофи ҳаққи дигарон, муносибат дар заминаи ҳусни тафоҳум аз хусусиятҳои дигари моҳи Рамазон аст. Маҳз дар ҳамин моҳ ҷомеаи адолатпарвари башарӣ бо ҳама арконаш зуҳур меёбад. Аз ин рў, инсонҳоро зарур аст, ки рафтору муомилаи нек бо ҳамсоягон, раҳму шафқат ба дардмандон, ѓамхориву меҳрубонӣ ба пиронсолон, ҳусни муошират бо аҳли хонадон ва наздикону пайвандон, мурувват бо дўстону ҳамкорон, ҷавонмардиву олиҳимматӣ ва қадршиносиро раф 1   тору кирдори ҳамарўзаи зиндагии худ созанд.

         Ба мардуми шарифи Тоҷикистон дар ин моҳи муқаддас, қабл аз ҳама, рифоҳи зиндагӣ ва осудагии умр, тани сиҳату хотири ҷамъи наздикону пайвандонашон, ҳамчунин азиз донистани Тоҷикистон – ватани умумии мо ва заҳмату фидокориҳоро ба хотири рушду такомули он барои ҳар як хонаводаи тоҷик ва ҳар шаҳрванди кишвар таманно мекунем. 

САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА,

Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон

Pray time in Dushanbe

18.10.2018

More
Fajr05:08
Zuhr13:00
Asr15:56
Maghrib17:54
Isha19:24
Speeches by the President
Паёми телевизионӣ ба муносибати Иди саиди Қурбон

Паёми телевизионӣ ба муносибати Иди саиди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

More