Home News Қарори Шӯрои уламо дар бораи оғози моҳи мубораки Рамазон

Қарори Шӯрои уламо дар бораи оғози моҳи мубораки Рамазон

Қарори Шӯрои уламо дар бораи оғози моҳи мубораки Рамазон
2019-05-03
9937

Имрӯз соати 10:00 дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид. Раиси Шӯрои уламо  Саидмукаррам Абдуқодирзода ҳозиринро ба муносибати омад-омади моҳи мубораки Рамазон табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол моҳи мубораки Рамазон дар кишвар рўзи душанбе 6-уми май фаро мерасад.

Баъдан аъзои Шӯрои уламо масъалаҳои рўзномаи маҷлисро муҳокима ва баррасӣ намуда, чунин қарор қабул карданд:

  1. Мувофиқи ҳисоби илмӣаввали моҳи шарифи Рамазон дар соли 2019 ба ҳисоби тақвимӣ рўзи душанбе 6-уми май муайян карда шавад.
  2. Мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 20000 сомонӣ муқаррар карда шавад, ки аз он 500 сомонӣзакот дода мешавад.
  3. Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 48 сомонӣ (барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд) муайян карда шавад.
  4. Бо дарназардошти вазъи кунунӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ садақаи фитр танҳо ба ниёзмандону маъюбон ва ятимон дода шавад.
  5. Фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазони соли 2019 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва бемороне, ки аз сиҳатшавии онҳо умеде нест, ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рўз муайян карда шавад.

Маҷлис бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи Пешвои миллату мардуми кишвар ҳусни анҷом пазируфт.

Pray time in Dushanbe

19.04.2024

More
Fajr04:09
Zuhr12:40
Asr17:18
Maghrib19:16
Isha20:47
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More