Home News

News

ПАЁМИ ТАБРИКИИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА МУНОСИБАТИ ИДИ ҚУРБОН

Бо истифода аз ин фурсати муносибу мусоид кулли мусалмонони Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо ин санаи фархундаву муборак табрику таҳният гуфта, барои онҳо тандурустиву дарозумрӣ, хотири шоду рўзгори обод ва иқболи баланду саодатмандии комилро аз даргоҳи Худои меҳрубон ба дуо хоҳонем.

2019-08-09
2759
Шӯрои уламои Маркази исломӣ рўзи Иди саиди қурбонро муайян кард

Имрӯз соати 09.00 дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид.

2019-08-03
9488
ИШТИРОКИ РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР СЕМИНАРИ “ВАҲДАТ-ОМИЛИ ЯГОНАГӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА” ДАР ВМКБ

Рўзҳои 15-20-уми июл Раиси Маркази исломӣ бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сафар намуд. Дар доираи ин сафар Раиси Маркази исломӣ дар семинар-ҳамоиши “Ваҳдат-омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа”, ки дар мавзеи Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар семинари мазкур Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сулаймон, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода ва сархатибону имомхатибони дигар шаҳру навоҳии мамлакат низ иштирок намуданд

2019-07-25
3326
Паёми табрикии  Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  муносибати фаро расидани Иди саиди Фитр

Иди саиди Фитр ва дар гуфтори маъмулии мардуми шарифи Тоҷикистон – иди моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон чун дар тамоми мамолики мусалмоннишини дунё бо як ҷаҳон фараҳу қаноатмандӣ ва шукри бениҳоят аз неъматҳои Илоҳӣ истиқбол мешавад.

2019-06-01
5783
Қарори Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар бораи рўзи Иди саиди Рамазон

Имрӯз соати 11.00 дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид. ҷаласаро Раиси Шӯрои уламои Марказии исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ифтитоҳ намуда, аҳли нишастро ба муносибати даҳаи мубораки Рамазон ва омад-омади Иди саиди Рамазон табрику таҳният гуфт.

2019-06-01
15527
Табрикоти Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Бо хушнудӣ ва шукри беинтиҳо аз неъматҳои Худои бузургу тавоно изҳор медорем, ки дар санаи 6-уми майи соли ҷорӣ моҳи шарифи Рамазон барои мусалмонони олам фаро мерасад.

2019-05-04
5560
Pray time in Dushanbe

01.05.2021

More
Speeches by the President
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

More