Главная Статьи Нақши ахлоқ дар тарбияи ҷавонон

Нақши ахлоқ дар тарбияи ҷавонон

Нақши ахлоқ дар тарбияи ҷавонон
2019-08-15
2512

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Аслан тибқи фармудаи Худованд дини мубини  Ислом дини мукаммал ва орӣ аз нуқсу норасоӣ буда, пазирои ҳеҷ гуна таҳлилу такмил аз тарафи инсон намебошад, баръакс инсон аст, ки бояд ҷиҳати маълум намудани роҳи мавриди назар дар чорроҳаи зиндагӣ, расидан ба ҳадафҳои печида ва таъъмини эҳтиёҷоти маънавии худ дар асоси иршодоту фармудаҳои он худро мавриди таҳлилу такмил қарор диҳад, роҳу пайки муроди хешро муайян намояд ва барои расидан ба шумули ҳатмии раҳмати  Парвардигораш аз он бо камоли майл пазироӣ кунад. Аз инҷо, ки масоили   эътиқодотӣ ва боварӣ ба моварои табиат, ҷузъи таркибии ботини инсонро ташкил медиҳад ва комилтарин ҳадди он ҳам бошад, мансуб ба дини Ислом аст. Инсон ҳамеша ба омӯхтану  донистани он ниёзманд буда, маҳз ба василаи он ниёзҳои маънавию ахлоқии худро қонеъ месозад. Ин аст, ки Худованд (ҷ ) таъкид мекунад, ки ”Ба ҷуз Ислом дини дигар писандида нест” (сураи  “Оли Имрон”,ояти 85)

Инсоният дар масири зиндагии хеш эҳсос намуд, ки воқеан ҳамин тавр аст ва оини поки Исломаст, ки башарро аз фарҳанги буттпарастию маҷусият ва сангпарастию оташпарастӣ, рибо хӯрдан, қимор бохтан, зино, қатл ва дигар ахлоқи разила наҷот медиҳад.

Ҳадафи оини муқаддаси Ислом иқрор шудани банда ба ваҳдонияти Парвардигор ва итоат аз амру наҳйи Ӯ, бе овардани шарик ва бе ягон кибр варзидан аст.

Дини Ислом аз ифроту тафрит (зиёдаравӣ ва беэътиноӣ)  орӣ буда, миёнаравӣ шеваи хоси он маҳсуб мешавад. Ислом ифротгароиро маҳкум намуда, буридани гӯшу бинӣ тағйир додани асли хилқат (узв ва шаклу намои модарзоди)-ро ҳаром медонад. Вайронкорӣ, худкушӣ ва қатли ”ба ғайри ҳаққи” инсонро дар ҳеҷ ҳолат ва ҳеҷ ваҷҳ раво намедонад. Баъзе аз кирдорҳои ношоямеро, ки ба оини муқаддаси Ислом нисбат дода мешавад, аз тероризм ва амсоли он ба дини поки Ислом ҳеҷ рабте надорад. Ин маънӣ дар оятҳои қуръонӣ низ борҳо таъкид шудааст.

Набояд фаромӯш кард, ки адёни илоҳӣ дар тӯли таърих бо мавҷудият худ инсонро ғизои маънавӣ ва зиндагии босаодат ато карда, дар рушду нумӯи қавму миллатҳои олам нақши муҳим мебозад.

Аммо шахсоне, ки аз Ислом сӯиистфода менамоянд ва бо ҳадафҳои нопоки худ Исломи покро доғдор намуданӣ мешаванд, бояд дарк намоянд, ки ”Бо доман  пеши офтобро  гирифта намешавад” ва зимнан эшонро Ислом ҳеҷгоҳ нахоҳад бахшид.

Пеш аз омадани Ислом дар Мадина ду қабила бо номи Авс ва Хазраҷ шӯҳрат доштанд, Бо шаҳодати таърих, ягон омиле пеши оташи ҷангу хунрезӣ ва муборизаҳои қабилавиро, ки солиёни сол байни ин ду аланга мезад, гирифта наметавонистанд. Маҳз ба василаи дини саодатофари Ислом Худованд кинаву адовати эшонро ба иттиҳоду дӯсти табдил дод, чунон ки гуфт: ”Ва неъмати Худоро, ки бар шумост, ёд кунед, ки чун душмани якдигр будед, пас миёни дилҳоятон улфат дод ва ба неъмати Худо ба якдигар бародар шудед; ва бар канори мағоки аз оташ будед, пас. Шуморо аз он раҳонид” (Сураи “Оли Имрон” ояти 103)

Ин аст, ки Паёмбари Худо (с): мефармояд: ”Дин насиҳат ва хайрхоҳист” (Саҳеҳи Муслим. Ҷузъи 1. саф 182. рақами ҳадис 82).  Ба ин мазмун, дар ояти 194-и сураи “Бақара” ба Паёмбари Худо (с) иршод мешавад, ки “... Пас ҳар кас бар шумо дастдарозӣ кунад, ба ҳамон андоза бар ӯ дастдарозӣ кунед ва аз Худо битарсед ва бидонед, ки ӯ бо парҳезгорон аст!”, ки ин маънои ояти мазкурро таъкид намуда,  мудом зулму таҷовуз ва ифротгароию ситамкориро зери тозиёнаи танқид мекашад. Бинобар ин, барои хонандаи арҷманд дар ин мақола чанд омилеро, ки дар пешгирӣ аз ифротгароӣ ва дигар амалиёти номатлуб метавонанд асарбахш бошанд, ба тариқи тавсия пешниҳод менамоям:

Фарзандро одобу ахлоқи инсонӣ ва ҳидояти исломӣ бахшида,  соҳиби касбу ҳунар намудан; интихоби ояндаи дурро барояш омӯзонидан .

Дар интихоби устоди фарзанд эҳтиёткор бояд буд; устоди интихобшаванда худ бояд дорои илму дониши мукаммал, ҷаҳонбинии васеъ, хираду ахлоқи ҳамида буда, ба ифроту тафрит олуда набошад,зеро “тарбиятгар ҳар навъ, ки бошад , тарбиятгиранда ҳамон гуна хоҳад шуд”.

Ташвиқ ва роҳнамоии фарзанд ба хондани намоз, зеро Худованд мефармояд: ”Ва намозро барпо дор, ба дурустӣ, ки намоз аз кори беҳаёи ва феъли нописандида манъ мекунад” (сураи”Анкабут” ояти 35)

Дар ривояте омадааст, ки марде намоз мехонд, аммо даст ба кори бад мезад.Асҳоб аз ӯ назди Паёмбар (с) шикоят карданд, гуфт: ”Ба зудӣ намоз ӯро аз кори бад боз хоҳад дошт”.Дере нагузашт, ки он шахс аз ҷумлаи бузургони саҳоба гардид.

Муҳити фарзандро аз олудагиҳо пок нигоҳ доштан, то онгоҳ, ки муҳит олуда ва ифлос аст, тарбия чӣ аз падару модар ва чӣ аз устоду мактаб боровар нахоҳад буд. Баъзан ба назар мерасад, ки кӯдаконро ба бозиҳои гуногун, аз қабили нардӣ, бозиҳои бемавриди компютерӣ ташвиқ мекунанд, ғофил аз он, ки вақти фарзандонро зоеъ ва онҳоро бе ахлоқ ва донишашонро коста мегардонанд.

Аз рафиқони бад дур доштани фарзанд. Мавлоно Ҷалолудини Балхӣ чи хуб фармудааст:

          Ҳаққи зоти поки Аллоҳу-с-самад,

                Ки бувад беҳ мори бад аз ёри бад.

              Мори бад ҷоне ситонад аз салим,

          Ёри бад орад суи нори муқим.

     Дар шарҳи Маснавӣ омадааст.

         Мори бад ар захм занад бар ҷон занад,

Ёри бад бар ҷону бар имон занад.

           Яке аз таълимоти вижа ва қобили таваҷҷуҳи Расули гиромӣ (с) баъд аз вусъати имон, ихтиёр намудани ахлоқи нек ва дурӣ ҷустан аз ахлоқи бад буд,зеро ин ду хислат метавонанд боиси саодату шақовати инсон гарданд. Албата инсон дар интихоб ихтиёр дорад ва дар интихоби мусбати он нақши каломи илоҳӣ ва аҳодиси набавӣ назаррас аст. Аз ин ҷост, ки яке аз вазоифи муҳими рисолати Паёмбари гиромӣ (с) дар Қуръон тавассути ин оят баён шудааст:”Ва юзаккиҳим”-асли ин тазкия (тазкияи инсонҳо) ҳамон ислоҳи ахлоқ аст. Маҳз ахлоқи ҳасана ва некӯст, ки ин ба инсон зиндагии хубу оромиши зоҳирию ботинӣ ато мекунад. Вуҷуди инсонҳои дорои ахлоқи ҳасана барои дигарон мояи раҳмату оромиш аст ва баръакс аз инсонҳои бадахлоқу зишт ҳамагон безору гурезонанд. Ин гуна ашхос ба онҳое, ки робита доранд, нохушию бадбахтӣ меоранд.

Аз Абдуллоҳ ибни Амр(р) ривоят аст, ки Расули акрам (с) фармуданд:”Беҳтарини шумо касест, ки дорои беҳтарин ахлоқ аст” (Имом Бухорӣ ва Муслим).     Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо фармуданд: ”Аз миёни мӯъминон касоне мӯъминтаранд, ки ахлоқи онҳо аз дигарон беҳтар бошад” ( Имом Абудовуд ва Имом Доримӣ).

Хулқи неки башарӣ аз имонӣ комил аст. Бе ахлоқи ҳасана, ки ҷузъи муҳиме аз имон аст, инсон ба камол нахоҳад расид.

Ҳусни хулқ, ки яке аз василаҳои наҷот ёфтан аз мушкилоти дунявию ухравӣ ва меъроҷи рафъи дараҷот аст. Тибқи ривоятҳо ва аҳодиси набавӣ нахустин ҷузъест, ки рӯзи ҳашр дар мизон санҷида мешавад. Аз Умми Дардо ривоят шудааст,ки  Расули гиромӣ (с) дар ин бора фармуданд:”Аввалу мо юзау фи-л-ми-зони ал-хулуқу-л-ҳасан”. (Муснади Шиҳоб ҳадиси 202). Ахлоқи наку неъматест, ки Хулованд (ҷ)  ба Расули гиромӣ (с) миннат ниҳода “Ва иннака ъало хулуқин ъазим “ гуфтааст.  Ба қавли Мавлоно.

                       Ман надидам дар ҷаҳони ҷӯстуҷӯ,

                       Ҳеҷ аҳлият беҳ аз хулқи накӯ.

                        Ҳаркиро хулқинакӯ бошад, бираст,

                         Ҳар касе к-ӯ шиша дил бошад, шикаст.

                          Пас бидон,ки сурати хубу накӯ,

                         Бо хисоли бад наярзад як тасу.

                         В-ар бувад сурат ҳақиру нопазир,

                         Чун бувад хулқаш накӯ дар пош мир.

Бешак ахлоқ яке аз бузургтарин шохаи дин буда, мақому пояи он ниҳоят болост ва ахлоқи ҳасана дар хушбахтию растагории башар нақши хос дорад.

Ба боварӣ метавон гуфт, ки ба амал овардани ин нуқтаҳо метавонад дар рушди ахлоқу маънавиёти ҷавонони кишвар саҳми босазо гузорад. Ҷавонон, ки ояндаи миллатанд ва масъулияти тарбияи онҳо, пеш аз ҳама, бар ӯҳдаи падару модар ва аҳли ҷомеа аст, дар сурати дарки масъулият аз ҷониби онҳо, метавон дар ҷомеа фарзандонеро ба воя расонид, ки номбардори падару модар ва Ватани азизамон бошанд.

Фарзанди қобил албатта сабаби иззату шарафи волидайн ҳам дар дунё ва ҳам дар охират мегардад.  Фарзанди накӯ боиси боқӣ мондани  номи неки падару модар дар саҳфаи таърих мегардад. Аз ин рӯ, ҳар фарде бояд саъю талош кунад, ки чунин фарзандонро ба воя расонад ва маҳз ихлосу сидқи комили инсон метавонад, ки ӯро ба чунин ҳадафҳо муваффақ гардонад, ки ин кори саҳл нест ва кӯшишу талоши зиёдеро мехоҳад. Ба қавли Мирзо Бедил:

                        Шавқ агар бе парда созад ҳасрати мастурро,  

                         Арзи  як хамёза саҳро кунад махмурро

Время намаза в Душанбе

19.04.2024

Подробнее
Фаджр04:09
Зухр12:40
Аср17:18
Магриб19:16
Иша20:47
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее