Главная Статьи ФАЗИЛАТИ АМОНАТДОРӢ

ФАЗИЛАТИ АМОНАТДОРӢ

ФАЗИЛАТИ АМОНАТДОРӢ
2020-01-25
1832

ҳеҷ гоҳ касеро фиреб надеҳ, ҳарчанд туро фиреб диҳанд! Амонатро ба соҳибаш баргардон, ҳарчанд ба ту хиёнат карда бошанд! Вафопеша ва ботақво бош!                    

Имоми Аъзам

 

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Амонат модари тамоми фазилатҳо, сарчашмаи оромӣ ва яке аз нишонаҳои волои имон ва далели тақвост. Балки имон худ бар дӯши бандагон амонат аст. Имон надорад он, ки амонатро хиёнат мекунад ва дин надорад шахсе, ки паймонро мешиканад. Амонат беҳтарин сифати муъмин аст, ки диндорияш дар он ҳувайдо мегардад, имонаш бо он таъкид мешавад ва дар зимни он бузургӣ ва иродаи қавияш таҷаллӣ меёбад.

Амонат кори бузург ва масъулияти азимест, ки ҳуқуқҳо бо он ҳифз мешаванд ва вазифаҳо адо мегарданд. Амонат фарзест, ки мусулмонон ҳамдигарро ба риояи он васият мекунанд ва барои ҳифзи он аз Худованд кўмак металабанд. Ба дараҷае, ки мусулмонон барои видои ҳамдигар чунин мегуянд: «Ман дин, амонат ва анҷоми коратро ба Худо месупорам» (Тирмизӣ)Амонат масъулияти хеле бузург аст ва бори гаронест бар болои касе, ки Худованд онро бар дўшаш ниҳодааст. Худованд бандагони муъминашро амр менамояд, ки амонатро ҳифз намоянд ва онро ба соҳибонаш баргардонанд ва дар байни мардум дар гуфтору кирдорашон одилона ҳукм намоянд. Амонат ва адл ду коре мебошанд, ки ҷомеа бидуни он наметавонад барпо шавад.

Худованд мефармояд:

{ إِنَّ اللَّهَ يَأْمُرُكُمْ أَنْ تُؤَدُّوا الأَمَانَاتِ إِلَى أَهْلِهَا وَإِذَا حَكَمْتُمْ بَيْنَ النَّاسِ أَنْ تَحْكُمُوا بِالْعَدْلِ إِنَّ اللَّهَ نِعِمَّا يَعِظُكُمْ بِهِ إِنَّ اللَّهَ كَانَ سَمِيعًا بَصِيرًا }(النساء/58).

«Худованд мефармояд, то амонатҳоро ба соҳибонашон баргардонед ва чун байни мардум ҳукм намоед, бояд бо адл ҳукм намоед. ҳамоно Худованд бароятон чи хуб панде медиҳад. ҳамоно, ки Худованд шунаво ва доност» (Сураи Нисо, ояти 58)

Паёмбар (с) фармудаанд: «Амонатро адо кун ба касе, ки ба ту амонат додааст ва ҳаргиз хиёнат макун ба шахсе, ки ба ту хиёнат кардааст» (Ривояти Имом Аҳмад ва соҳибони Сунан).

ҳазрати Анас мегўяд: ҳеҷ гоҳе набуд, ки Паёмбар (с) ба мо хутба хонад, магар ин ки дар он мегуфт: «Имон надорад он, ки амонат надорад ва дин надорад он, ки паймон надорад» (Байҳақӣ).

Паёмбар (с) мегуфт: «Худоё! Ман ба сўи ту паноҳ мебарам аз гуруснагӣ, ки он азоби сахт аст ва паноҳ мебарам ба сўят аз хиёнат, ки он моли бадест» (Абўдовуд ва Ибни Моҷа).

Маймун ибни Маҳрон мегўяд: Се чиз аст, ки ҳам накў ва ҳам гунаҳкор бояд онро адо намоянд: Амонат, аҳд ва силаи раҳм.

Дар ҳикматҳои бузургон омадааст: Чор чиз аст, ки ба сабаби он ѓулом сарвар мегардад: Адаб, ростӣ, амонат ва одамгарӣ.

ҳазрати Алӣ (р) мефармояд: ҳар ки бо мардум се кор кунад, барояш се чиз воҷиб аст: Агар бо онҳо сухан гўяд, рост гўяд, агар аз онҳо амонат гирад, хиёнат накунад ва чун ба онҳо ваъда диҳад, вафо кунад. Ислом барои мусулмонон фарз гардонидааст, то аз амонат кор гиранд ва онҳоро манъ намудааст, то дунболи хиёнат шаванд. ҳар ки амин бошад, Худоро итоат кардааст ва он ки хиёнатпеша аст, Худои хешро осӣ шудааст. 

Паёмбар (с) фармуданд: «Ба Худо қасам имон надорад, ба Худо қасам имон надорад, ба Худо қасам имон надорад. Пурсиданд: Кӣ имон надорад, эй Расули Худо! Гуфт: Он ки ҳамсояаш аз шарри ў эмин нест » (Муттафақун алайҳ).

Паёмбар (с) хиёнатро яке аз аломатҳои ошкори нифоқ хонда, фармудаанд: «Нишонаи мунофиқ се аст: Чун сухан гуфт дурўѓ мегўяд, чун ваъда дод хилоф мекунад ва чун амонатеро гирифт, хиёнат мекунад, ҳарчанд рўза гирад ва намоз хонад ва даъвои мусулмонӣ намояд» (Муттафақун алайҳ).

Амонат ошкортарин ахлоқи паёмбарон мебошад, зеро шарти асосии интихоби онҳо ҳамин сифат аст. Агар онҳо амин намебуданд, Худованд ҳаргиз онҳоро амини рисолати хеш намесохт. Зеро танҳо амин мавриди эътимоди расонидани хабарҳо аст. Хусусан паёмбарон, ки бо илми илоҳӣ баргузида мешаванд ва онҳо мушаррафтарин халқи Худо буда, асли пок доранд.

Паёмбари мо дар ин роҳ намунаи олӣ буд. Ў дар байни қавми худ бо сифати аминӣ маъруф ва машҳур буд. Онҳо матоъҳои худро ба ў месупориданд бо вуҷуди он ки ба ў имон наоварда буданд ва ба ў душманӣ менамуданд, зеро онҳо яқин доштанд, ки ў содиқу амин аст. Бо вуҷуди он ки ба ў душманӣ менамуданд ва ҳатто омода буданд ўро бикушанд, тамоми амонатҳои гаронбаҳои худро бовар намуда ба ў месупориданд. Паёмбар (с) ҳангоми ҳиҷрат ба Мадинаи мунаввара тамоми амонатҳоро ба соҳибонашон баргардонид ва дар боқимонда ҳазрати Алиро вакили худ гардонид, то амонатҳои боқимондаро ба соҳибонашон баргардонад. Ба Худо савганд, ин сифати олии инсонист ва хислати мардони наҷиб аст, ки оламро тасхири худ гардониданд.

{يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لاَ تَخُونُوا اللَّهَ وَالرَّسُولَ وَتَخُونُوا أَمَانَاتِكُمْ وَأَنْتُمْ تَعْلَمُونَ}(الأنفال/27).

«Эй касоне, ки имон овардаед, Худо ва Паёмбарро хиёнат макунед ва амонатҳоятонро хиёнат макунед, дар ҳоле ки худ медонед» (Анфол 27).

Аз оёти қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ маълум гашт, ки амонат яке аз рукнҳои муҳим мебошад. Бинобар ин, ҳар яки мо вазифадорем, ки ба мардум ҳақиқатро расонем, бахусус ба ҷавонон дар бораи арзишҳои миллӣ, мафҳумҳои истиқлолият, давлати миллӣ, тараққиёт, илм, техника, таъсири ҳалокатовари ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ насиҳат кунем. Дар тарбияи насли наврас, ободии ватан саҳмгузор бошем. Дар арафаи иду айём нархҳоро гарон насозем ва ба ин васила ҳаққи мардумро нахўрем. Зеро ин амонат аст ва Худованд ба шахси амонатдор чунин ваъда додааст:

«Ва касоне, ки ба шаҳодатҳои худ қоиманд. Ва касоне, ки бар намозҳояшон муҳофизанд. Инҳоянд, ки дар ҷаннат бо иззатанд» (Сураи Маориҷ, оятҳои 33-35).

Время намаза в Душанбе

25.04.2024

Подробнее
Фаджр03:57
Зухр12:40
Аср17:23
Магриб19:22
Иша20:53
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее