Главная Статьи Пайванди хешутаборӣ

Пайванди хешутаборӣ

Пайванди хешутаборӣ
2020-01-25
1797

Ба номи Худованди бахшояндаву мерубон

ҳамду сано Худовандеро, ки одамонро офарида, байни онҳо пайванди хешутаборӣ қарор дод.  Шаҳодат медиҳам, ки нест маъбуде ғайри Худованди ягона, ки илмаш ҳамаро фаро гирифтааст ва шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад (с) беҳтарин фиристодаи Ўст, дорои мартабаи баланд ва фазилати бузург. Дуруду салому баракоти бепоён ба ў ва хонадону ёронаш.

Худованди карим дар қуръони маҷид моро ба ибодати холисона ва ба ҷо овардани силаи раҳм (пайванди хешутаборӣ) амр менамояд:

 «Эй мардум, аз Парвардигоратон битарсед, ки шуморо аз як кас биофарид! Ва аз он (як кас) зани ўро офарид; ва аз ин ду (кас) мардони бисёр ва занони бешумор пароканда сохт. Ва аз Худо битарсед, ки ба (номи) Ў аз якдигар суол мекунед! Ва аз (қатъи) хешовандӣ (битарсед!) Ба дурустӣ ки Худо бар шумо Нигаҳбон аст» (Сураи Нисо, ояти 1).

Худои таъоло ҳар ҷо, ки ба тавҳид амр намуда, аз ширк наҳй карда бошад, ҳамроҳаш накўӣ бо волидайн ва хешонро овардааст:

 «Ва Худоро бипарастед ва чизеро шарики Ў муқаррар накунед ва ба падару модар ва ба хешон ва ятимон ва гадоён ва ҳамсояи хешованд ва ҳамсояи бегона ва ҳамнишини наздик ва мусофир ва он, ки дасти шумо молик шуд, накўкорӣ кунед! ҳамоно Худо касеро дўст намедорад, ки ботакаббури худсито бошад» (Сураи Нисо, ояти 36).

«Ва ҳаққи хешовандиро ба вай бидеҳ ва (низ) ба дарвеш ва роҳгузар; ва ҳеҷ исроф макун!» (Сураи Исро, ояти 26).

Нигоҳ доштани пайванди хешутаборӣ сабаби баракат дар ризқ ва барор дар зиндагӣ буда, Худованд иззату обрўи касро тавассути он баланд мекунад. Имом Аҳмад ибни ҳанбал ва Ибни Моҷаи қазвинӣ аз ҳазрати Оиша (р) ривоят мекунанд, ки Паёмбар (с) фармудаанд: «Пайванди хешутаборӣ, рафтори накў ва ҳамсоягии хуб шаҳрҳоро ободу умрро дароз мекунад».

Имом Баззоз ва ҳоким аз ҳазрати Алӣ (раз.) ривоят мекунанд, ки Паёмбар (с) фармудаанд: «ҳар кас хоҳад, ки умри дароз дида, ризқаш фаровон шавад ва ба фоҷиае (марги бад) гирифтор нашавад, пас бояд аз Худованд битарсад ва пайванди хешутабориро нигоҳ дорад». Инчунин дар ин мавзуъ Имом Тирмизӣ дар «Сунан»-и худ аз Паёмбари гиромӣ (с) чунин нақл мекунад: «Силаи раҳм (пайванди хешутаборӣ) омили муҳаббат дар оила, баракат дар мол ва зикри хайр баъд аз мурдан аст».

  Бо силаи раҳм дўстӣ мустаҳкам гашта, муҳаббат афзун мегардад, риштаи қаробат қавӣ, бадбинӣ аз байн меравад ва дар оила хуррамӣ ҳукмфармо мегардад. Силаи раҳм ва накўӣ бо хешовандон роҳҳои гуногун ва услубҳои зиёде дорад. Вохўрӣ бо чеҳраи кушода, муомилаи хуб, сухани хуш ва табассум ҳама силаи раҳм ба шумор меравад. Аз ҳоли хешовандон бохабар будан, алоқаҳоро барқарор намудан, гуфтугўи телефонӣ, номанависӣ, хайру эҳсон силаи раҳм аст. Якдигарро бахшидан, айби ҳамдигарро нодида гирифтан, адлу инсоф, дар ҳаққи якдигар дуои нек кардан низ силаи раҳм аст.

Шахсе ба назди Паёмбар (с) омада гуфт: «Ман хешони зиёд дорам, бо онҳо риштаи хеширо пайванд мекунам, вале онҳо онро қатъ мекунанд, ба онҳо некӣ мекунам, онҳо ба ман бадӣ мекунанд…  Паёмбар (с) фармуданд: Дониста бош, ки агар ту чунин бошӣ, Худованд ҳамеша пуштибони туст» (Ривояти Имом Муслим).

Бо вуҷуди таъкидоти зиёд дар қуръони карим ва аҳодиси набавӣ баъзе нафароне ҳастанд, ки бо хешу табори худ силаи раҳмро қатъ карда, бо онҳо рафтуомад надоранд. Бо кадом сабабҳои ночиз аз онҳо озурда шудаанд. Шояд сабаби он ягон сухани ноҷо, амали нодуруст, муомилоти пулӣ ё тақсими мерос бошад. Баъзан мо шоҳиди он мешавем, ки фарзандон баъд аз вафоти падару модар барои хонаву дар шуда, бо ҳамдигар ногап мешаванд, ба душманони ашаддӣ табдил меёбанд, якдигарро таҳқир мекунанд. Фаромўш кардаанд, ки онҳо аз як падару модар ба дунё омаданд, магар волидони онҳо барои фарзандон чунин муносибатро орзу мекарданд?

Баъзан фарзандоне ҳастанд, ки аз падару модар, аз хешутабори худ, ки фақиранд ё дар деҳот зиндагӣ мекунанд, ор намуда, аз онҳо рўй тофтаанд, волидони пири худро ба хонаи пиронсолон бурда мемонанд. Ба ҳавову ҳаваси дунё дода мешаванд. Фаромуш мекунанд, ки онҳоро тарбият кардаанд, барои ба воя расидани онҳо заҳмат кашидаанд.

Онҳое, ки робитаи хешутабориро мебуранд ва бо наздикони худ муомилаи бад доранд, Худованд сазои онҳоро дар дунё медиҳад. Дар ин маврид Паёмбар (с) фармудаанд: «Худои таъоло ҷазои ду амалро дар дунё ба соҳибаш медиҳад: зулм ва қатъи равобити хешовандӣ» (Муснади Аҳмади ҳанбал, 5/38, Сунани Абўдовуд, 4902, Сунани Ибни Моҷа, 4211).

Басо шоҳиди он гаштаем, ки чунин ашхос дар охири умр хору залил, муҳтоҷу дармонда гашта, мукофоти амали худро дармеёбанд. Аммо афсўс, вақт аз даст рафтааст. Одамизод дар ин дунё меҳмон аст ва хислати меҳмон адаб аст. Моро лозим аст, ки пайванди хешутабориро мустаҳкам намоем, нисбати хешутаборони худ меҳрубон бошем, аз ҳоли онҳо бохабар шавем, ба аёдаташон равем, фарзандонро дар руҳияи инсондўстӣ тарбия намоем, зеро  силаи раҳм яке аз нишонаҳои имон аст. Чунонки Паёмбари Худо (с) фармудаанд: «ҳар кас ба Худои таъоло ва рўзи қиёмат имон дошта бошад, пас силаи раҳм кунад (робитаҳои хешутабориро нигоҳ дорад) ва ҳар кас ба Худои таъоло ва рўзи қиёмат имон дошта бошад, бояд сухани нек гўяд ё хомўш истад» (Ривояти Имом Бухорӣ ва Муслим).

Меҳрубонӣ ва ғамхорӣ нисбат ба фарзанд бояд бештар бошад ва фарзанд низ дар пирии волидайн ин қарзи худро бояд сазовор ва шоиста адо намояд.

Аз ин рў, нигоҳ доштани пайванди хешутаборӣ аз назари Ислом амри воҷиб ва ҳатмӣ мебошад. ҳамагонро ба он даъват менамоем, ки нисбати ҳамдигар бетараф, дилсахт, бераҳм набошем. Ба якдигар ғамхорӣ намуда, ёру дўстон, хешу таборро дастгирӣ намоем. Танҳо дар ин ҳолат мо метавонем дунёву охирати худро обод карда, мавриди ризоияти Парвардигор қарор гирем.   

Время намаза в Душанбе

28.03.2024

Подробнее
Фаджр04:44
Зухр12:40
Аср16:55
Магриб18:54
Иша20:24
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее