Главная Статьи Сафаре, ки ба дилҳо боварӣ ва умеди тоза ато кард

Сафаре, ки ба дилҳо боварӣ ва умеди тоза ато кард

Сафаре, ки ба дилҳо боварӣ ва умеди тоза ато кард
2020-04-01
1559

   Мегӯянд,ки инсонҳоро на беморӣ балки тарсу ваҳм аз беморӣ бештар ба ҳалокат мебарад. Зеро тарс қудрати маҳв кардани инсонро дорад, ки ягон яроқи замонавӣ онро иваз карда наметавонад. Аз ин рӯ оромии руҳӣ ва хотири ҷамъ ба инсон нерӯи тоза мебахшад ва умеди зинда будан ва зиндагии хуб доштанро дар дили инсон бедор нигоҳ медорад. Сафари навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ­Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷли­ли иди Наврӯз ба вилояти Суғд маҳз ба хотири тинҷиву осудагӣ ва оромии мардуми кишвар сурат гирифт. Инсони оқилу доно ба ин амали ҷавонмардонаи Сарвари давлат баҳои баланд медиҳад ва бори дигар аз ҷасорату мардонагӣ, ҳамдилу ҳамнафаси халқ будани Пешвои миллатро эҳсос мекунад. Зеро агар аз рӯи адолат ва воқеият гирем дар ин айёми паҳншавии вабои аср – бемории коронавирус, ки оламро ба таҳлука андохтааст Пешвои муаззами миллат метавонистанд дар хона ё идораи худ нишаста давлатро идора ­кунанд ва наврузро бе мардум қайд намоянд. Вале ҳисси ғамхориву муҳаббат ба мардуми Тоҷикистон­он касро нагузошт, ки оромии худро г­ӯянд у мардумро рӯҳафтода кунанд.

       Ҷаноби Олӣ дар давоми панҷ рӯз тавонистанд дар ифтитоҳи даҳҳо корхонаҳои ҳаётан муҳим, ки мардумро ба кор таъмин мекунад иштирок карда, дар шаҳру деҳот бо ­мардум мулоқотҳои самимӣ намоянд.

        Рӯзи ҷашни Наврӯз бошад дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд бо иштироки зиёди мардум ин иди­ ҷаҳониро таҷлил намуда, рӯҳияи тамоми мардуми­Тоҷикистонро бо беҳтарин суханҳо ва орзуҳо баланд бардоштанд.


         Ҷаноби Олӣ дар суханрониҳои худ чандин маротиба такрор намуданд, ки тандурустию саломатӣ неъмати бебаҳост мо бояд дар ­ин айёме, ки вазъияти чаҳон ташвишовар ­аст рӯҳафтода нашавем, ҳар як нафар аз руи талаботи мавҷуда аз па­си саломатии худ шавад. Пешвои миллат дар канори халқ ва бо халқ буданд, махсусан дар ин рӯзҳо ки васоити ахбори олам ҳама соат ахбороти вазнинро дар бораи короновирус паҳн мекунад, бо халқ будани Пешвои миллат рамзи муҳаббати беандозаи он кас ба мову Шумо буд. Барои дарку маърифати ин рамз муҳим нест, ки инсон олим бошад ё сиёсатмадору ҷомеашинос. Зеро ин рамзи оламу одамгарист, ки бар дили ҳар як нафар таъсири худро дорад.

         Афсус, ки хоинони миллат бо роҳбарии­Муҳиддин Кабирӣ ва косалесонаш аз ин пе­шравиҳои ҳаёт, саодати миллат ва рӯҳияи б­аланди мардуми Тоҷикистон ҳасад бурда, аз ­дур санги душманона мезананд.


Онҳо ҳама чизро мебинанд магар ба чашми сар намебинанд, ки дар Тоҷикистон касе ин бемориро ноди­да нагирифта аст. Дар мавриди ин беморӣ ситод амал мекунад, ки ба он Са­рвазири Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад, вазорати тандурустии кишвар ва кулли вазоратҳои дигар шаборӯз машғули коранду ВАО - пайваста аз он иттилоъ медиҳад. Ситод дар пешгирии ин ка­салии сироятӣ амал карда мардумро огоҳ м­екунанд, ҳамаи ҷойҳои ҷамьиятӣ аз ҷумла­масҷидҳо тозаву озода нигоҳ дошта мешава­д. Бояд гуфт, ки он воҳима ва ҳаросе, ки чанд ҳафта пеш ­дар дили баъзеҳо пайдо шуда буд бо шарофатии сафари Пешвои миллат аз байн рафт, Имрӯз мардум ба қоидаҳои ҳифзи саломатӣ р­иоя мекунанд ва шукри Худо то имрӯз дар Тоҷикистон ин беморӣ ба қайд гирифта нашуда­аст. Муҳиддин Кабирӣ бояд фикр кунад ва­ фаҳмад, ки мардуми Тоҷикистон ба иғвои­ вай ҳеҷ вақт дода намешаванд, вай ҳақ над­орад, ки аз номи миллат ҳарф занад, зеро ­миллат аз ин хел фарзандони хоин безор аст.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода 

Время намаза в Душанбе

28.03.2024

Подробнее
Фаджр04:44
Зухр12:40
Аср16:55
Магриб18:54
Иша20:24
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее