Главная Статьи Фазилатҳои моҳи шаъбон

Фазилатҳои моҳи шаъбон

Фазилатҳои моҳи шаъбон
2020-04-03
1777

          Шаъбон моҳи ҳаштумини соли ҳиҷрӣ қамарист ва имсол моҳи шаъбон аз 25-уми март оғоз ёфт. Ин мох низ дорои баракот ва фазоили бешуморе аст. Расули акрам (с) фармудаанд: «Шаъбону шаҳрӣ ва Рамазону шаҳруллоҳ.  Яъне: Шаъбон моҳи ман ва Рамазон моҳи Аллоҳ аст. (Дайламӣ). Дар ҳадисе омадааст, ки Расули акрам (с) бо дидани ин моҳ, ин дуоро мехонданд: «Аллоҳумма борик лано фӣ Раҷаба ва Шаъбона ва баллиғно Рамазон». Яъне: Парваридгоро моҳи Раҷаб ва Шаъбонро барои мо муборак гардон ва ба саломатӣ моро ба Рамазон бирасон. Шаъбон ба маънои шох дар шох шудан аст. Ҳазрати Анас (р) мегўяд: Сабаби ин ки ин моҳ ба Шаъбон номгузорӣ шуд, ин аст, ки дар ин моҳ, некиҳои рўзадор ҳамчун шохҳо афзоиш меёбад ва рушд мекунад. Модарамон ҳазрати Оишаи Сиддиқа (р). мефармоянд: Ҳеҷ моҳе ҳамчун Шаъбон (ба ҷуз Рамазон). мушоҳида надидаам, ки Паёмбар (с) дар он ин қадар ба касрат рўза бигирад. Он Ҳазрат (с) бисёр меписандиданд, ки айёми Шаъбон рўза дошта ба Рамазон мулҳақ намоянд. (Муслим, «Салот»-176 Абўдовуд, «Савм»,56).

           Ҳазрати Усома (р) мегўяд: Эй Расули Худо (с), Шуморо мушоҳида мекунам, ки дар моҳи Шаъбон бисёр рўза мегиред, сабабаш чист? Расули акрам (с) гуфтанд: Ин моҳ, чунон моҳе аст, ки дар миёни Раҷаб ва Рамазон қарор дорад, мардум аз фазилат ва аҳамияташ ғофиланд. Дар ин моҳ аъмоли бандагон ба боргоҳи Парвардигор арза карда мешавад. Ман орзу дорам, ки ба ҳангоми арза шудани аъмолам аз шумори рўзадорон бошам. (Сунани Насоӣ).

Руза гирифтан дар ин моҳ, ба манзалаи хондани намозҳои суннати қабл аз намози фарз мебошад. Фоидаи суннатҳо ин аст, ки бо хондани он қалби инсон ба сўи намози фарз комилан мутаваҷеҳ  мешавад. Ба ин гуна бо рўза гирифтан дар Шаъбон нисбати унс ва тааллуқи қалбӣ бо рўзаи Рамазон ҳосил мегардад. Номи Шаъбон аз калимаи «ташаъаба» гирифта шуда, маънои вусъатдиҳӣ, паҳншавиро дорад. Яъне дар ин моҳ хайру некӣ паҳн мешавад.

           Дар баробари фоидаҳои ҷисмонии рӯзадорӣ дар рӯзҳои моҳи Шаъбон, он ҳамчун омодагӣ ба моҳи мубораки Рамазон дониста мешавад. Зеро чун мусулмон бо иҷрои тамринҳои пешакӣ вориди як моҳи комили рӯзадорӣ мегардад, кулфату машаққати ташнагӣ ва гуруснагӣ ӯро азоб намедиҳад ва Рамазонро бо неруву нишот истиқбол мегирад. Ба таври дигар бигӯем он муқаддимаи моҳи шарифи Рамазон аст. Дар ин моҳи муаззам қориёни Қуръони Худо ба такрори Каломи шариф мепардозанд ва аз ҳамин ҷост, ки мохи Шаъбонро моҳи қориён низ мегӯянд. Амр ибни Қайс ал-Муллоӣ аз ҳофизони машҳури Қуръон ҳамин ки мохи Шаъбон медаромад, дӯконашро баста ба қироати Қуръон саргарм мешуд.

          Дар моҳи Шаъбон шаби олиқадре бо номи «Барот» мавҷуд аст, ки миёни рўзҳои 14-15-уми ин моҳ меояд. Барот маънои тамоман дур ё ҷудо шуданро дорад. Ин шаб вақти покшавӣ аз гуноҳҳо аст. Аллоҳ таъоло гуноҳи он муъминеро, ки дар ин шаб тавба ва ё дуо мекунанд, мебахшад.

          Дар ҳадисҳо гуфта мешавад, ки дар ин шаб ба ғайр аз гуноҳи ҳасудон ҷодугарон, майхорагон, қатъкунандагони силаи раҳм, оқи волидайн, мутакаббирон ва фитнагарон, дигар гуноҳи ҳамаи мусалмонон бахшида мешавад. (Ривояти Аҳмад ибни Ҳанбал, ҷ.2 саҳ. 176). Бинобар ин тавсия мешавад, ки хоб нарафта, ин шабро бо ибодат ва ёди Аллоҳ таъоло рўз намудан хеле хуб аст.

         Ба ин мақсад Пайғамбар (с) фармудаанд: «Дар шаби понздаҳуми моҳи Шаъбон намоз гузоред, рўзона дар рўзи дигар рўза доред. Дар ин шаб то баромадани офтоб меҳрубонии Аллоҳ таъоло беандоза буда, Ў шахсони мўҳтоҷро бенасиб намегардонад. Аллоҳ таъоло мефармояд: Оё ҳастанд онҳое, ки мағфирати гуноҳ металабанд? Ман онҳоро меғфират мекунам. Оё ҳастанд онҳое, ки сарват мехоҳанд? Ман ба онҳо сарват медиҳам. Оё ҳастанд бемороне, ки шифо мехоҳанд? Ман шифояшон медиҳам. Агар талаб дошта бошед, талаб кунед. Ман онро иҷро мекунам. (Ибни Моҷа, «Ат-тоҷ», ҷилди 2, саҳ. 93)

        Хулосаи калом ин аст, ки моҳи Шаъбон дар бештари адабиёти динии форсӣ ҳамчун муқаддимаи вуруд ба "зиёфатуллоҳ", яъне меҳмонии Худо дар моҳи Рамазон дониста шудааст. Шаъбонро ҳамчунин моҳи дуову зикру ёду таваҷҷуҳ ва ибодату истиғфор гуфтаанд.

Ҳомидов Абдулвоҳид

Время намаза в Душанбе

24.04.2024

Подробнее
Фаджр03:59
Зухр12:40
Аср17:22
Магриб19:21
Иша20:52
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее