Главная Статьи МУХОЛИФАТИ ИСЛОМ БО ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ

МУХОЛИФАТИ ИСЛОМ БО ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ

МУХОЛИФАТИ ИСЛОМ БО ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ
2020-09-11
1325

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар асоси оёти сареҳи қуръонӣ ва аҳодиси саҳеҳи набавӣ, дини мубини ислом дини раҳмату муҳаббат, сулҳу ваҳдат, суботу амният ва бародарию ҳамзистии осоишта байни инсонҳо буда, ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ва харобиовар, хусусан падидаҳои хонумонсӯзи экстремизм ва терроризмро дар ҳар шаклу навъ қатъиян маҳкум менамояд. Ҳамчунонки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намудаанд:

«Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ имрӯз ба як зуҳуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гардидааст.

Назари қотеъонаи мо ин аст, ки ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад. Ислом дини мо, эътиқоди мо ва манбаи покизагии ҳаёти мо мебошад. Ислом бояд барои ташаккули рӯҳи инсон ва покизагии рӯзгори ӯ хизмат намояд».

Дар ин замина уламои босалоҳияти исломӣ ва пешвоёну ходимони динӣ, бо тамоми қотеъият ва якдилона дар нишасту ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ, эълон намудаанд, ки гурӯҳҳои ифротии тундрав, ки бо сӯиистифода аз номи мубораки ислом амалҳои тафриқаангезу харобиовар, аз ҷумла амалҳои террористӣ анҷом медиҳанд, ҳаргиз намояндагони ислом набуданд ва нестанд. Аз ин рӯ, лозим аст, оммаи мусулмонон ва тамоми башарият моҳияти комилан ғайриисломӣ, балки моҳияти зиддиисломии ин гурӯҳҳои ҷинояткорро дуруст шиносанд. Пешвои миллат моҳияти чунин гурӯҳҳои зиддидинӣ ва зиддиинсониро ба таври равшану возеҳ чунин баён кардаанд:

«Ҳарчанд ки дар даҳҳо оятҳои каломи раббониву ҳадисҳо саодат, хушбахтӣ ва адлу оромии ҳаёти инсонӣ таъкид шудааст, баъзе гурӯҳҳо аз мусулмонони олам ба ҷойи ҳалли масъалаву мушкилоти зиндагиашон ва кӯшиш ба сӯйи пешрафту тараққиёт бо дастони хеш ҳаёташонро вазнинтар мекунанд ва кишварҳояшонро ба майдони ҷангу нооромиҳо ва ихтилофҳои мазҳабӣ табдил дода, худро бозичаи дасти душманони хориҷӣ мегардонанд ва ба афзоиши рӯҳияи исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон мусоидат мекунанд».

Мувофиқи таълимоти исломӣ, тарғиби ғояҳои сулҳу субот, дӯстиву мурувват, некиву накӯкорӣ, хайру саховат, ҳамзистии мусолиматомез ва ҳамраъйиву ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа аз вазифа ва масъулиятҳои асосии усулии исломӣ ва ходимонӣ динӣ мебошад, ки дар маҷмӯъ, зиндагии осоишта ва ваҳдати мардуми мусулмонро таъмин менамояд. Аз ин рӯ, мусулмонон набояд дар байни худ ба ихтилофоти ақидатӣ ва сиёсӣ, барангехтани фитнаҳои нажодӣ, қавмӣ ва мазҳабӣ роҳ диҳанд, балки бо эҳтиром ба якдигар ва парҳез аз баҳсу муноқиша дар мавриди ихтилоф, густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва бисёрсамтӣ барои таъмини амнияти на танҳо давлатҳои худ, балки амнияти сайёраи Замин ва пешрафту тараққиёти минбаъдаи он талош варзанд.

Мусулмонони ҷаҳон ҳуқуқ доранд дар доираи қавонини байналмилалӣ аз арзишҳо, озодиҳо ва ҳаққи машрӯъи худ ҳимоя кунанд. Дар айни замон, мусулмонон бояд бар зидди ҳама гуна терроризми фардӣ ё гурӯҳӣ ё давлатӣ, ки тавассути бархе аз давлатҳо сармоягузорӣ, мусаллаҳсозӣ ва таҳти ҳимоят қарор мегиранд, ба ном ҳомии ислом ва дар асл зидди онанд, мубориза ва муқовимати фарогирро ба роҳ монанд. 

Имрӯз дар кишварҳои гуногуни исломӣ низоъ ва мухолифатҳои қавмӣ, гурӯҳӣ ва мазҳабӣ идома дошта, минтақаҳои мусулмоннишин дар маркази танишҳои ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд. Дар натиҷа, ҳар рӯз дар ин сарзаминҳо садҳо нафар мардуми бегуноҳи осоишта кушта, захмӣ, асир ё гуреза мешаванд. Аз ин рӯ, шинохтан ва қадр кардани неъмати тинҷию амонӣ барои ҳар як фарди огоҳу масъулиятшиноси кишвари азизамон лозиму воҷиб ва қарзи шаҳрвандӣ мебошад.

Маъруф Шонасурдинов,

мудири бахши таҳсилоти динии Кумитаи дин

Время намаза в Душанбе

29.03.2024

Подробнее
Фаджр04:43
Зухр12:40
Аср16:56
Магриб18:55
Иша20:25
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее